Бахшҳо
07 фев 2017 14:28Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии директори “Тоҷиксуғурта”: Ширкатҳои хусусӣ шаҳрвандонро гумроҳ накунанд

Раҳбари ширкати “Тоҷиксуғурта” бо нигаронӣ аз мавҷудияти рақобати носолим дар бозори бима гуфт, намояндаи бархе ширкатҳои хусусӣ миёни шаҳрвандон аз номи “Тоҷиксуғурта” баромад мекунанд.

Аловиддин Сатторӣ 6 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “ҳар маъмур бояд ширкати худро муаррифӣ намояд, шаҳрвандонро гумроҳ накунад. Мардум фикр мекунад, ки танҳо як корхонаи суғурта дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ҳол он ки як корхонаи дигари давлатии суғуртавӣ ва 16 ширкати суғуртавии хусусӣ дар бозор фаъолият мекунанд”.

Директори “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, барои рақобати солим бо ширкатҳои хусусӣ омодаанд, вале ҷонибҳои дигар низ рақобати солим дошта бошанду ғайри қонунӣ фаъолият накунад. Нигаронии Сатторӣ дар ҳолест, ки бо пешниҳоди Бонки умумиҷаҳонӣ Тоҷикистон соли 2016 қонун “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард. Тибқи талаботи ин қонун фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолим дар бозори суғуртавӣ манъ буда, барои “пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва бартарафсозии фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолимро дар бозори суғуртавӣ мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатии назорати суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти зиддиинҳисорӣ таъмин менамоянд”.

Бино ба омори расмӣ ҳиссаи ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ оид ба воридоти ҳаққи суғуртавӣ 48,7 дарсадро ташкил медиҳад, аммо ҳақгузории ширкат 80 фоиз бештар аз ҳама ширкатҳои суғуртавӣ мебошад.
Мӯҳр
шахрванд
Мухтарам Раис, фикр мекунед, агар Точиксугурта гуянд, мардум бо чону дил сугурта мекунанд?)) шахсан ман на ба ширкатхои сугуртавии хусуси бовар дорам на ба шумо! як рафикам мошинашро дар сфетофор аз пасу пешаш заданд, маслихат додам то маблаги сугуртаашро гирад... якмох даводав ва "харочот" кард баъд маблаг гирифт.. (Худоба шукр).

Ронанда
мухтарам раис сугуртаи кардаи наклиетро Сари вакт дихед фикр мекунам коратон бехтар мешавад чуники пардохткунанагон бештари сугурта ронандахо мебошан

Аловидин ту низ дар гами кисаи худат. Хозир ягон амалдор гами халки бечораро намехурад.

ТО ХУДАМОН ГУМРОХАШОН КУНЕМ ДУРУСТ ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)