Бахшҳо

Пурсиш: Фаъолияти "IRS" дар рӯзҳои барфу тармафароӣ қонеъкунанда буд?

Тоҷикистон дар ҳафтае пеш шоҳиди барфрезӣ ва тармафароиҳои зиёде шуд. Дар пайи фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд даҳҳо мошин зери тарма монд ва то имрӯз аз ҳалокати 10 нафар хабар расидааст. Равуо тавассути ин шоҳроҳ, ки ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахти кишвар бо шимоли Тоҷикистон аст, аз чанд соли пеш пулакӣ аст. Ин масъулият бар уҳдаи ширкати IRS аст. Зимнан, “Озодагон” аз чанд соҳибназари тоҷик пурсид: ФАЪОЛИЯТИ "IRS" ДАР РӮЗҲОИ БАРФУ ТАРМАФАРОӢ ҚОНЕЪКУНАНДА БУД?


Асомиддин АТОЕВ, коршиноси фанновариҳои иттилоотӣ
Метарсам, ки андешаам нисбати фаъолияти ширкат воқеъбинона буда наметавонад. Чунки аз моҳи марти 2016 инҷониб бо ин роҳ сафар накардаам. Аз он чӣ дар саҳифаи хабаргузориҳову шабакаҳои иҷтимоӣ хондаам ширкат талош меварзад барои ёрдам расонидан. Барои беҳбудии корашон маркази идораи ҳолатҳои фавқуллодаи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муоссир таъсис додаанд. Агар дода бошанд, вусъат додани тавонмандии он ба манфияти кор аст. Масалан истифодаи дронҳо дар чунин ҳолатҳо.

Далери ИМОМАЛӢ, ҳунарманди театр
Дар миёни хамин тарма дӯстони наздикам монданд. Хушбахтона ба саломат баромаданд. Аммо касе дар ин роҳ кафили бехатарии ҷони мардумро намедиҳад. Барои чӣ маблағ гирифта мешавад, вақте дар ҳар 50 км якто ҳоҷатхона нест. Бунгоҳҳои тиббӣ дида намешаванд. Дар чунин рӯзҳои тармафароӣ мо дидем, ки чӣ техникаву чӣ қудрат дорад ин ширкат. Бояд шумори техникаҳои муосири куҳгардияшро зиёд кунад. Ҳоло намедонем товони зарари дидаи мардумро ин ширкат пардохт мекунад ё хайр. Ҳоло бубинем барои ҷони талаф ёфтаи шаҳрвандон, расман роҳбарияти ширкат узрхоҳӣ мекунанд ё хайр. Қимати инсонро ин ширкат ба пул баробар кардааст. Инсоният мафҳуми аслиашро пеши роҳбарони ширкат гум намудааст. Дар симои ҳар мусофир онҳо сомонӣ мебинанд.

Сергей БОБОЕВ, директори техникии филиали ширкати “IRS”
Ибрози назари он ки гӯиё фаъолияти “IRS” мувофиқи матлаб нест, андешаи нафарони аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ аст. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 27 январи соли равон инҷониб бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф, аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе– Чаноқ дар якчанд мавзеъ тармафароӣ ба амал омад, ки рӯзҳои аввал теъдоди тармаҳо зиёда аз 70 адад буда, баландии ҳар кадомаш зиёда аз 10 метрро ташкил дод. Дар робита ба ҳолати мазкур, филфавр зиёда аз 30 техникаи пуриқтидори филиали ширкати “IRS” ба ин масир сафарбар шуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки филиали ширкат дорои пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, теъдоди техникаву механизмҳояш 171–то аст. 30-юми январ низ боришоти шадид ва тармафароӣ идома ёфта, як муддат ҳаракати нақлиётро қатъ намуд. Новобаста аз мушкилоти зиёд, кормандони “IRS” тавонистанд субҳи 31–уми январ роҳро кушоянд ва ҳамон рӯз ҳаракати нақлиёт аз самти Душанбе ба шаҳри Хуҷанд шурӯъ шуд. Нимаи дуюми рӯзи якуми феврал роҳ пурра аз барф тоза шуда, ҳаракати нақлиёт аз ҳарду ҷониб ба роҳ монда шуд. Мутаассифона, рӯзҳои минбаъда – 2- 5-уми феврал боришоти барф ва тармафароӣ аз нав шиддат гирифта, аз километри 48 то 73 (дар 25 километр) зиёда аз 130 тармаи калонҳаҷм фаромад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти филиали ширкат ба хулоса омад, ки ба хотири таъмини амнияти бехатарии мусофирону ронандагон то ба эътидол омадани вазъият ва рафъи тармаҳо ҳаракати нақлиётро муваққатан тариқи роҳи мазкур боздоранд. Шашуми феврал ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат роҳи мошингарди Душанбе – Чанок аз барфу тарма тоза шуда, ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид. Давоми даҳ рӯзи охир, ки боришоти шадиди барф ва тармафароӣ дар масири роҳ падидаи маъмул буд, маҳз бо кумаки “IRS” нақлиёту мусофирони ба мушкил мувоҷеҳшуда аз банди барф озод гардида, рӯзҳои 3-4 –уми феврал ронандагону мусофирон бо маводи хурока таъмин шуданд. Аз ин пас, як муддат ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар доираи реҷаи тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ ва филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он ҳаракат рӯзҳои тоқи моҳ аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ҷониби Хуҷанд муқаррар шудааст, амалӣ мегардад.

Шодмон ЯТИМ, рӯзноманигор
Аз мушоҳидаи ман, ки бевосита ҳолати кор ва фаромадани тармаро дар ин масир дидам ҳам барои кормандони “IRS” ва ҳам барои мардум ногаҳонӣ буд. Яъне дар ин шабу рӯз пайи ҳам омадани тарма ба гуфтаи худи мусофирон дар солҳои ахир ба чашм нарасида будааст. Баҳои ман ба кори ин ширкат ин аст, ки то ҳол техникаи заруриро барои наҷоти одамон дар ингуна шарот надоранд. Он техникае, ки дар ихтиёрашон аст, танҳо барои тоза кардани барфи дар роҳи мошингард афтида кофӣ асту халос. Дуввум ин ки аксари мардумро худи мусофирони дар роҳ монда халос кардаанд. Саввум, вақте хатари омадани тарма мешавад ҳатто масъулони ҳамин ширкат ба ҷойи ҳодиса саривақт намераванд, чунки аз ҷонашон метарсанд, ки зери тарма намонанд. Воқеан омадани тарма дар чунин бориишот хатарнок аст. Пешниҳод ин аст, ки чунин айвон ё галерияе, ки дар минтақаҳои хатарнок кардаанд зиёд карда шавад. Дигар техника, ҳадал имкон як чархбол бояд дошта бошад, ки дар вақти банд будани роҳ ба ҷои ҳодисаи зери тарма мондани одамон рафта тавонад. Дар дунё боварӣ дорам, ки техника ё воситае бояд бошад, ки одамонро аз зери тармаҳои мисли дарраи Варзоб наҷот дода шавад. Чун ки давлатҳои пешрафтае мисли Тоҷикистон дар шароити куҳӣ зиндагӣ мекунанд ва онҳо барои худ ингуна техникаро кашф кардаанд. Тасаввур кунед одам зери тарма мондааст, телефонӣ бо хонаводааш чанд соат гап мезанад ва ҳеч ниҳоде дар Тоҷикисотон қудрати наҷот додани онро надорад ва ӯ аз сардиву нафастангӣ мемирад. Ин ки ин ширкат роҳро тоза мекунад, вазифааш аст барои ин дар 12 моҳ пул мегирад, ҳарчанд ки дар он ҷо ҳам инсонҳо заҳмат мекашанд.

Ҷамшед САФАРОВ, ронанда
Рӯзҳои тармафароӣ ман аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекардам. Дар минтақаи Шаҳристон роҳ хеле вазнин буд, дар чанд ҷо тарма фаромада буд, лекин техникаҳо сари вақт кор карда, ҳамин мушкилиро бартараф карда, мо сиҳату саломат мусофиронро ба манзилҳояшон расонидем. Аммо чанд нафар аз шиносҳои дигарам, ки ба мусофиркашонӣ дар ин роҳ машғуланд, ҳангоми аз Хуҷанд ба Душанбе омаданашон хеле азоб кашидаанд, чун баъзеашон то нақби “Истиқолол” расиданд, аз сабабе, ки роҳ маҳкам буд, аз роҳи худ баргаштаанд. Баъзеи дигараш дар ҳамон сардиҳо то кушодашвии роҳ мунтазир мондаанд.

Бобуршоҳ ҲАФИЗОВ, мусофир
Аз назари ман фаъолияти ин ширкат чандон муассир набуд. Зеро ин ширкат дар баробари пуле, ки аз мардуми кишвар мегирад, ҳамчунин бояд дар ғами ҷони ин мардум низ бошад. Ин ширкат бояд дар мавзеъҳои хатарзо ё дар мавзеъҳои наздик ба онҳо қароргоҳҳои муваққатии кормандон ва васоили роҳтозакунияшро ташкил бидиҳад, ки битавонад дар зудтарин фурсат ба мушкили пешомада расидагӣ кунад. Ё дар ҳамоҳангии таноготанге бо Маркази обу ҳавошиносӣ қарор бигарад ва дар чунин лаҳзаҳои хатарзо барои чанд муддат ҳаракатро дар масирҳои душворгузоар манъ кунад. Ҳарчанд барои чанд соат ҳам манъ кардани ҳаракат ин ширкатро аз даромадҳои ҳангуфт маҳрум мекунад, вале ҷони мардум аз пулаш бояд азизтар бошад.

Аҳлиддин Салимов, хабарнигор
Албатта ин ҳолати фавқулода аст. Ва мутаассифона шаҳрвандони кишвар дар пайи фуруд омадани тарма ҷони худро аз даст доданд. Ин мусибат аст, вақте азизи як хонадон вафот мекунад. Ва идораҳои масъули давлатӣ бояд мушкилиҳоро пешбинӣ мекарданд ва дар паяш чораҷуӣ менамуданд. Ҳамчунин ширкати “IRS”, ки маблағи андак аз ронангадон намегирад, бояд пешгирӣ мекард ва дар ҳолатҳои хавф иҷозаи вуруд ба он минтақаро намедод. Савол ба миён меояд, ки кӣ посухгӯи ҷони ин нафарон мегардад? Идораҳои масъули давлатӣ ё ширкати IRS?
Мӯҳр
Шаҳри
НЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕ!!!

Савол бояд чунин бошад ки суме ки ширкати сари хар як ронанда мегирад дар кучо сарф мешавад ё ба кисаи ки меравад ??????????????????????

мо ҳам як гурӯҳ кормандон бо мошинаи шахсиамон аз Душанбе ба Хуҷанд сафар кардани будем. ба якум тарозуи пулаки рафтем ва аз як занаке ки пул мегирифт пурсидем роҳ махкам мегӯеду бо аз мо пул гирифта роҳро ба мо мекушоед . Вай ба мо боғазаб ҷавоб дод хоҳи рав нахоҳи не гуфт ман тура маҷбур накардам. мо мебахшед гуфтему то ҳушёрия рафтему Аз онҷо бар гаштем.

Салом ва дуруди бепоён ба тамоми мардуми мусалмони Точикистон!
Афсус ки даромади ин ширкат пурра ба джеби ...... меравад , Таерии Фасли Зимистона , дар фасли тобистон дидан лозим на 1-2 руз пеш аз ходиса , Сер парвои гишнара надора , Ин хама гапхои бокимонда махс як сафсата аст ........

ватандуст
сатхи хизматрасонии ширкат ба талабот чавобгу нест мо шохиди он будем ки шаб аз Душанбе ба самти Варзоб мерафтем рох пур аз барф буд касе то за намекунад рохро сахар кариб соатхои 7: 30 8 :00 рохро то за аз барф мекунан

озодагон шумо бо ягон месьули ширкат сухбат доир кунед ки ин ширкат то ба кай аз мардум пул мегирад дар оянда ое барои мардум бе пул м ешавад истифодабарии рох

Пеш аз Сафар баромадан дар якум истгох дар Банери калон навиштачот аст " ширкати IRS кафили рохи сифати баланд ва талаботаш джавобгу ...."Аз шумо хохиш мекунам руйхати дакики фавтидагон ва даромади рузонаи IRS ифшо кунед ! Агар худатон накунед мо довталабон пешкаши шумо мегардонем ! Зинда бод Мардуми Точикистон

Юрист
Шахрвандоне ки аз бемасьулиятии ширкати пулчинаки ИРС чони худро аз даст доданд бояд ки ба фарзандонашон аз хисоби ин ширкати пулчинак нафакаи муносиб таин карда шавад.

Озодагон шумо бо озоди шартнома доред чи як бор мо дар шумо интервью медихем якбор шумо дар мо!?
Аз фикрхои ба ном журналист, Ятим огохем. Ба фикри У гуё дар Точикистон ягон кори хуб набошад. Аз маколахои Ятим нависта ягон калимаи бетарафона ёфтан мумкин нест хамаашон гаразнок нависта шудаанд.
Озодагон Шумо хам "тамбал" шудаед аз кабинети гарм бароед то "ваданасос" равед садхо ронанда ва мусофир истодааст фикри он бечорахоро пурсед.
Озодагон медонам ки Шумо ба фикрхои ман рози нестед аммо чоп кунед. Ятимро бо формулаи маколанависии худаш дар борааш навистам.


Рахимов Али
Сергей Бобоев аз кадом техника сухан мегуи? Охир як мошини сабукрав дар рохи Душанбе-Чанок 55 сомони ва мошини боркаш тахминан 1000 сомони пардохт мекунад. Ту тасавур кун, ки дар як руз чикадар автомашинаи сабукраву боркаш инрохро мегузарад ва чикадар маблаг дар як руз ба фоидаи Шумо меояд? Агар якруза маблаги бадаст омадаи ин ширкат барои тоза кардани танхо хамин 25 км сафарбар шавад, ман бовари дорам, ки ин шохрох дар ягон фасли соли махкам нахохад шуд. Ман аз ин рох бисёр истифода мекунам ва аз холати он ва фаъолияти техникахои ширкати Шумо огох хастам. Коратон дар сатхи пастарин карор дорад то агар автомашинахо дар рох дарнамонанд Шумо рохро куму намак намепошед. Худатонро сафед накунед.

Ооо хамин Ширката гиран аз рох Ин ширкат гайр аз пулситони дигар коре ккарда наметонад. Кариб хамаи ин мушкилиоро дар рох мо худамон хал карда рафту омад мекунем

Саид, Кухистон
Бародари Мусофир хуб кайд карди. Ин озодагон аз IRS ягон монандие надорад, чи хелеки онхо хоханд рохба нигох мекунанд нахоханд не. Озодагон хам хохад гуфтахои макулашро дар руи сахифа меорад, нахохад не. Чунки кормандони ин ду идора шикамашон сер шудагиву парвои гурусна надоранд. Кучо об гардад ба гуфти бобом дар хамон чой бел мезананд..... Озодагон медонам, ки суханони танкидии ман писандат нест хохи чоп кун нахохи ин темая аник дар дигар сайтхо менависам ман....

Барости ман як маколаро хондам ончо сухани яке аз фавтидагонро хондам мегуфт ки вакте ки часади бародарамро меовардам дар тарозу аз мо пул талаб кардан ва ноилоч мо пардохт намудем....?? Наход то ин дарача беинсоф шуда бошанд ки аз мурдае ки мумкин ки ширкати IRS дар ин казия гунахкорхам бошад аз мурдадор пул талаб куни ? боваркунед немис чунин намекунад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)