Бахшҳо

Бозгашти ҳарфи “Ц”: сиёсӣ ё илмӣ?

Бар пайи тасмими Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои баргардондани ҳарфи “ц” ба алифбои тоҷикӣ баъзе аз забоншиносону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро мавриди танқиди шадид қарор додаанд.

Аз ҷумла забоншинос ва нависандаи маъруф Қодири Рустам навиштааст, ки “мехоҳанд ҳарфи "ц"-ро ба алифбои тоҷикии сирилик баргардонанд, далелаш ин буда, ки дар калимаҳои иқтибосӣ истифода бурда шавад. Аммо ин далел ва далели дигар, ки дар гузаштаи забони тоҷикӣ ин ҳарф мавҷуд будааст, далели ғайриилмӣ ва бемантиқ аст.

Аммо Сайфиддин Мирзоев, мудири бахши забони тоҷикӣ дар Пажуҳишгоҳи забону адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ҳарф барои забони тоҷикӣ чандон бегона нест ва дар гузашта дар забони тоҷикии форсӣ мавриди истифода буд: “Пажӯҳишгоҳи мо аз пешниҳод ҷонибдорӣ мекунад”.

Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҷойи пажуҳишҳои муҳим дар мавриди забон олимон ба корҳои ҳошияиву салиқаӣ даст мезананд. Аз ҷумла Исфандиёри Одина яке аз мудирони гуруҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи Фейсбук ин тасмим ва мувофиқаро пешниҳоди бемаънӣ унвон кардааст: “Ба ҷои ин кор энержии худро сарфи пажӯҳиш ва омӯзиши бештару беҳтари забон кунанд, намешавад? Ба ҷои ин пешниҳодҳои бемаънӣ намешавад барои забонҳои шарқии эронӣ, монанди яғнобию рӯшонию вахию ишкошимӣ ва ғайра бо баҳрагирӣ аз алифбои форсӣ алифбоҳои муносибе ибдоъ кунанд?”

Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси варзидаи тоҷики муқими Маскав ҳам далели бегона набудани ҳарфи “ц” барои забони тоҷикӣ бепоя номидааст. Ба назари ҷаноби Ҷайҳонӣ “Сайфиддин Мирзоев эҳтимолан даврони шӯравиро дар назар дорад ки мегӯяд "аслан ин ҳарф (яъне Ц) барои забони тоҷикӣ чандон бегона нест ва дар гузашта дар забони тоҷикии форсӣ мавриди истифода қарор мегирифт...". Вагарна дар ҳеч замоне тоҷикон ин ҳарфро надоштанд. Агар манзурашон овози ц бошад, он ҳаргиз дар забони форсии тоҷикӣ вуҷуд надоштааст. Чунин ҳамсадое дар забони порсии бостон вуҷуд дошта, вале он ба порсии миёна нарасида, ки аз он ба форсии тоҷикӣ бирасад. Бино бар ин, иддиояшон бепоя аст. Бо ин далел ки "ин ҳарф ҳангоми навиштани калимаҳои иқтибосӣ, номи маҳалҳо ва афрод истифода хоҳад шуд" метавонанд ҳарфҳои "Ц", "Щ", "Ы" ва "Ь"-ро ҳам дар алифбои тоҷикӣ барқарор кунанд. Вале дар вокуниш ба ин пешниҳод бояд гуфташон, ки кафанро дарбеҳ намекунанд...”.

Баъзе аз корбарон далели бозгашти дубораи ин ҳарфро сиёсӣ номидаанд. Қодири Рустам гуфтааст, ки ин ки Пажуҳишгоҳи забону адабиёт аз ин пешниҳод ҳимоят мекардааст, далели ба сиёсат омехта шудани илм аст: “Гумон мекунам бозгашти "ц" ба алифбои тоҷикӣ ҷузъе аз барномаи густардаест, ки мутобиқи он марзбонони рус мехоҳанд ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд ва шояд ҳукумат мехохад барои Путин, ки қарор аст ба зудӣ ба Душанбе ояд, туҳфа омода кунад”.

Дар баробари ин баъзе аз корбарон аз бозгашти дубораи “ц” ҳимоят намудаанд. Аз ҷумла Анора Саркорова навиштааст, ки ҳарфи "ц" дар забонҳои қадим вуҷуд дошт: “Мисолаш дар забонҳои помирӣ. Царанг - чӣ хел. Цем - чашм. Ба назари ман ин ҳарф бояд дар алифбо бошад, чунки калимаҳои зиёд ҳастанд, ки бо ин ҳарф сохта мешаванд. Шумо инкор нахоҳед кард,ки забонҳои помирӣ ба гуруҳи забонҳои иронӣ шомиланд. Гапи дигар аст, ҷойи ин ҳама ҳақирсозии забони тоҷикӣ, бояд барои забонҳои помирӣ яғнобӣ, алифбои алоҳида таҳия кунанд”.

Аммо корбарони дигар навиштаанд, ки ҳарчанд забонҳои помирӣ ва яғнобӣ аз гуруҳи забонҳои иронӣ мебошанд, вале забони форсӣ нестанд ва далели вуҷуди ҳарфи “ц” дар ин забонҳо наметавонад асос барои бозгашти дубораи он ба алифбои кирилӣ дар забони тоҷикӣ шавад.

Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтааст ҳоло ин тасмим дар баррасии коршиносни ин ниҳод қарор дорад ва баъди ин баррасӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди дубора вориди алифбо кардани ҳарфи “ц” ба тасвиб мерасад.

Ҳарфи “ц” баъди аз алифбои лотинӣ ба алифбои сирилик табдил додани алифбои тоҷикон дар соли 1941 дар баробари “ы”, “ь”, “щ” вориди забони тоҷикӣ шуда буд. Аммо дар соли 1998 бар асоси ворид кардани тағйиру иловаҳо ба имлои забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон содир шуд, ки ҳарфи “ц” ва дигар ҳарфҳои бегонаи алифбои сирилик ҳазф шуданд.
Мӯҳр
Бечора забони точики

Абдуло
ин донишманд иштибоҳ мекунад мисолаш «Pizza» ё «Питзо ки худ англисӣ асту "ц" надорад
чаро мо чизеро ки аз дигар забон ба русӣ рафтаст бояд бо талафузӣ русӣ гуем ИН АҲМАҚОНАТАРИН ФИКР ВА ТАРҲ АСТ русҳо ҳарчӣ мегуянд гуянд . Чаро русҳо ба Ҳ Ҷ Қ Ғ и мо эҳтиром намегузоранд
ин "ц" дар ягон забони муҳими илмии байналмилалӣ нест
агар ба алифбои тоҷикии ноб гузарем ин баҳсҳои бемаънӣ аз байн мераванд
ин гапҳои беҳуда аз ду масъала реша мегиранд

1) хислати ғуломвории донишмандии мо ки мероси Шуравист
2) донишмандмаобони мо ҳама шаҳрванди Русияанд ва вақте ки ба нафақа наздик мешаванд бояд аз худ як иқдоми муҳим ва русписанд барҷой гузоранд то нафақапулӣ дар қадами аввал баландтар таъин шавад
бовар кунед ин воқеият аст

Чи коре хоҳан кардан мегиранд. Магар худашон шоҳу таъбашон вазир аст. Ин чи маъни дорад. яку якбора забонаморо руси кунем намешавад забони русӣ бар мо бегона неку.

Парвиз
Путинҷон! Омад омадат гардам қаду қоматат гардам. Давлатдорони мо аз тарси шумо ба ҳар кор даст мезананд.

Мухаккик
Илтимос, олимони гироми, дигар ба забони точики навовари ворид накунед. Чун яке навигариро аз худ накарда, боз ба забони точики ягон тагйирот ворид мегардад. Дар мавриди харфи "ц" бошад, илтимос, дигар бора ворид насозед, вагарна масхараовар мегардад. Помирихо бошанд, дар лахчаи худ истифода бурдан гиранд, ягон зарар надорад. Лек, илтимос, ба забони давлати дигар дохил нашавад!

Олим
Нуран ало нур мешуд, ин иқдоми нек аст. Дар вақташ "олимони забондон"и мо ба шитобкорӣ роҳ дода иштибоҳ карданд. Айб аст агар мо калимаҳои аз дигар забон ба забони тоҷики воридгардидаро нодуруст хонем, яъне милиция неву милитсия, цирк-сирк, витамини С "Ц" (аз лотини) ро мо витамини ЭС гӯем ва ғайра, дигар миллатҳо моро механданд, зеро дар табиат витамини ЭС вуҷуд надорад.

Безабон
Дар алифбои забони точики будани харфи Ц ба манфиати кор аст. Бисёре аз забондонхои мо ба дарки маънии калим ва ё чумла расида наметавонанд. Бинобар вучуд доштани харфи "Ц" дар алифбои точики мувофики максад аст.

2-хон
Ин навиштаи баъзехо "забонҳои помирӣ ва яғнобӣ аз гуруҳи забонҳои иронӣ мебошанд, вале забони форсӣ нестанд ва “ц” дар ин забонҳо наметавонад асос барои бозгашти он ба забони тоҷикӣ шавад"-- гапи бад аст. Бо ин харф калимоту ибороти зиёд ин забонхо доранд.

Насруллоева Мусфира
Харфи Ц бояд бошад,ман тараыдор

Antymoscal
Ман хайрони хайронам аз ин шармзадаги, худоё, ман дар хобам ва ё бедри. оййй мардум ин овоз набуду нест, алифбои порсии миёна ва хатто порсии бостонро хам будинед. Эээээ намедонам боз чи гуям...... Агар хатто забоне бошад ва ё дар ккадом забони хеш ба монанди забонхои помири ва забони паштуни бошад ин маънои онро надорад, ки ба алифбои забони тоыики ворид шавад, пас ба алифбои забони форси хам ворид кунед, ба мухтарам бароидарони эрони нома бинвисед, ки алифбоятон комил нест ва як овозеро шумо тули беш аз хазор сол фаромуш кардаеду онро дар шакли се нукта аз зери харфи "син" ба алифбо ворид кунед. Эээ вооойй доооддд. Баъзан мардум агар пурсанд шарм мекунам, ки ба риштаи филолужи ва забоншиноси иртиботи тахассуси дорам. дархол мегуянд -- ээ шумо филологхо ягон кори дигар надоред, ки хар руз як харфа кач мекунеду харфи дигара рост. худро ба кадом кую дар занам, мардумм.... ??????

забондон
ҳарфи ь бояд бошад зеро калимаи Қуръон бо ҳарфи ъ туғури намебиёяд балки бо ь Қурьон туғури мегирад ва дигару дигарҳо

Ориеи
гузаштан ба хати ниегон хали ин мушкилии имлоист

Хар касе к-у дур монд аз асли хеш,
Боз чуяд рузгори васли хеш.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)