Бепулӣ “Равшан”-у “Хайр”-ро аз Лигаи олӣ маҳрум сохт
Федератсияи футболи Тоҷикистон тими “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хайр”-и Ваҳдатро аз ҳаққи ширкат дар мавсими нави лигаи олии футболи Тоҷикистон маҳрум кардааст. Дафтари матбуоти ФФТ мегӯяд, ин тасмим дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи федератсия гирифта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, “Равшан” ва “Хайр” марҳалаи дарёфти иҷозатномаро бар асоси талаботи ФФТ ва КФО гузашта натавонитаанд: “Вазъи молии дастаҳо дар ҳолати вазнин қарор дошта, бо ин сабаб наметавонанд дар лигаи оли бозӣ кунанд. Ҳамчунин инфрасохтори варзишгоҳи “Хайр” дар Ваҳдат дар ҳоли гиряовар қарор дошта, ба талабот ҷавобгӯ нест”.
Ин дастаҳо акнун дар лигаи аввали мусобиқоти футбол ширкат хоҳанд кард. Дар соли 2017 дар лигаи олии футбол “Истиқлол”, “Барқчӣ”, ССКА “Помир”, ”Ҳосилот” (Фархор), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Худҷанд” (Худҷанд), “Вахш” (Қурғонтеппа) ва “Пандҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |