Бахшҳо
09 фев 2017 16:33Тоҷикистон / Тема дня

САҲА ба Тоҷикистон: Озодии баёнро бо баҳонаи терроризм маҳдуд накунед

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар тавсияҳои нави худ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳукуматҳои ин минтақа хостааст, ки озодии баёнро бо баҳонаи мубориза бо экстремизму терроризм маҳдуд накунанд. САҲА таъкид кардааст, ки давлатҳои узв муваззафанд дар қонунгузории миллӣ мафҳумҳои “терроризм” ва “экстремизм”-ро мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ба таври рӯшан мушаххас намоянд.

Ҳамчунин дар ин тавсияҳо аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ тақозо шудааст, ки тамоми рӯзноманигорон ва блогнависонеро, ки боздошт шудаанд ё дар маҳбасанд, озод намоянд.

Дар ин санад, ки нусхае аз он дастраси “Озодагон” шуд, тавсияҳои иштирокдорони конфронси “Чолишҳои гуногуни озодии расонаҳо дар Осиёи Марказӣ”, ки 13-14-уми декабри 2016 дар шаҳри Венаи Утриш (Австрия) баргузор шуд, дар 12 банд барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ирсол шудааст.

Дафтари САҲА дар умури озодии расонаҳо дар ин санад пешниҳодҳои беш аз 60 журналистро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Муғулистон дар тавсияҳои нави худ ҷой додааст.

Аз ҷумла дар муқаддимаи ин санад гуфта мешавад, ки “Ҳаққи ҷомеа ба гирифтани иттилоъ яке аз қисматҳои зарурии ҳуқуқи озодона изҳор кардани ақида мебошад. Давлатҳои узви САҲА бояд эътироф кунанд, ки чун ҷомеа мақомоти иҷроии давлат низ ба иттилоъ ниёзманданд ва дарки дурусте аз мушкилоти доғу муҳиму чун терроризм доранд. Озодона изҳор кардани ақида яке аз шартҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми хашину ифротгароёнае, ки ба терроризм меоварад, мебошад. Озодии изҳори ақида метавонад нақши ҳалкунандае дар рушди баробарҳуқуқӣ ва муқобила бо адами таҳаммул дошта бошад”.

Дар банди аввали ин тавсияҳо гуфта мешавад, ки “Меъёрҳои мубориза бо терроризм, ки бо маҳдуд кардани озодии андеша ва расонаҳо марбутанд, бояд ба истондортҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо моддаи 19-и Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мутобиқ бошанд ва мавриди санҷиши дақиқе бо дар назар гирифтани усулҳои қонунмандӣ, зарурат ва таносуб қарор бигиранд”.

Дар банди дигаре гуфта мешавад, ки Дафтари САҲА дар умури озодии расонаҳо бояд ба давлатҳои узв дар мавриди риоят шудани уҳдадориҳояшон дар ростои озодии расонаҳо ҳангоми коркарди ҳимояти қонунии шаҳрвандон аз ҳодисаҳои террористӣ, ёрӣ намояд.

Ҳамчунин дар ин тавсияҳо гуфта шудааст, ки “ҳуқуқи журналистон барои маҳрамона нигоҳ доштани манбаъҳои хабарияшон ҳангоми инъикоси фаъолиятҳои террористӣ бояд ҳифз шавад. Ҳукуматҳо набояд қонунгузории ҷиноӣ ё чораҳои дигари ҳимоят аз амнияти миллиро ба сифати омили муҷози нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон истифода бибаранд”.

Ҳамчунин аз давлатҳои узв тақозо шудааст, ки пойгоҳҳои интренетиеро, ки хушунат ва терроризмро тарғиб намекунанд масдуд нанамоянд.

Дар тавсияҳои нави САҲА ҳамчунин масъалаи тасвиби муоҳидаи Шӯрои Аврупо дар мавриди ҷиноёти интернетӣ, истифодаи расонаҳои интернетӣ барои муқобила бо терроризм, танзими расонаҳо бидуни дахолатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва дигар мушкилоти расонаҳо низ ворид шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)