Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан аз ҳолати кунунии муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ва гуфтугӯ ба онҳо почтаи электронии худро таҳти унвони muhojirat_tj @mail.ru кушод.
Аз маркази матбуотии ин хадамот ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки мақсад аз ташкили ин почта тақвият ва густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва инчунин ВАО мебошад: «Ба рох мондани почтаи электронӣ қадами аввалинест дар роҳи беҳбудии вазъият ва гуфтугӯ бо муҳоҷирон ва аз наздик шинос шудан бо ҳолати буду боши муҳоҷирон, навиштани мактубҳо , инчунин огоҳӣ пайдо кардан аз фаъолияти муҳоҷират ва номояндагиҳои он дар хориҷи кишвар аст».
Гузашта аз ин намояндагони ин Хадамот бо роҳандозии ин тарҳ умедвори ҳамкориҳои бештар бо тамоми ташкилотҳову созмонхои ҷамъиятӣ, диаспораҳо ҷиҳати ҳифзи хуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, афзуд манбаъ.
Мӯҳр