Бахшҳо

Кӯмакхоҳии хоҳари Гадоев аз Президент: Аз фишорҳо халосамон кунед

Занҷирамоҳ Гадоева, хоҳари Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, барои таъмини ҳаёти осоишта ба ӯ ва хонаводааш кӯмак кунад.

Гадоева имрӯз, 10 феврал бо “Озодагон” дар тамос шуда, шикоят кард, ки мақомот дар баробари бастани дӯконашон дар бозори ноҳияи Фархор имрӯз мехоҳанд борашонро бигиранд: “Мегӯянд, шумо ҳаққи кор надореду гапатон дар ҳеч куҷо намегузарад”.

Ӯ афзуд, ҳанӯз 25 сол қабл аз хонаи падараш берун шуд ва дӯкон моли шавҳараш мебошад: “Ман 5 кӯдак дорам, ки як нафараш бемори вазнин аст. Худам низ дар натиҷаи фишорҳо бемори саратон шудам. Савдо карда, рӯзи фарзандонамро мегузарондам. Ҳоло аз мақомот, аз ҷумла милисаю амният омада, фишор меоранд. Мо чӣ гуноҳ дорем? Кори бародарам ба мо, дукончаи шавҳарам чӣ рабт дорад? Ҳар кас бояд барои кори кардааш худаш ҷавоб гӯяд”.

Занҷирамоҳ Гадоева бо таъкиди ин ки 25 сол боз ҳаёти хонаводагии алоҳида дорад, аз Президент хост барояш кӯмак кунад, то хонаводааш таҳти фишор қарор нагирад: “Айни ҳол намояндагони мақомот омада, борамонро аз дукончаамон гирифта истодаанд. Бори мо аз халат, либосворӣ ва ҳамин хели чизҳо иборат аст. Охир мо ҳуқуқи зиндагӣ надорем? Мо шаҳрванд нестем?”.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфт, агар фаъолияти ин соҳибкорзан дар доираи қонун бошад, касе ҳақ надорад, монеа шавад. Ӯ афзуд, “мо ин масъаларо пайгирӣ мекунем”.

Хонум Гадоева фишорҳоро ба фаъолияти сиёсии бародараш Шарофиддин Гадоев рабт дод. Шарофиддин Гадоев узви созмони мамнӯъшудаи “Гуруҳи 24” буда, бо баромадҳои зиддиҳукуматиаш дар шабакаи интернет маъруф аст. Ӯ қаблан бо дархости мақомоти тоҷик дар Испания боздошт шуд. Додгоҳи он кишвар истирдоди вайро ба Тоҷикистонро рад ва раҳояш намуд.
Мӯҳр
Ку додари бономусе ки аппаи худро кумак кунад. То дар аврупо ва амрико гаштану ба дигарон ваъдаи кумак карданда аввал апаи аз як хуну раги худро кумак кун.!

Фарход
Зану кудакашро нарасед. Онхоро якбора кумак кунед, то ба баробарашон гуянд, ки ту кори нодуруст кардаи ин давлати хуб аст. Худаш душман буд боз авлодонашро душмани абади кардан чи лозим?

Патриот
Шароф бие Точикистону хамон носфурушиатро давом дех. Пештар аз хисоби носфуруши рузатон мегузашт ку.
Чавонмарди да монанди ту нест, бояд фикри хонагихоятро мекарди, е инхоро бо худ мебурди е 21 дар замин сахт карда мешишти.
Так что лучше бие, 8 солак мешини, мебарои зиндагиро давом медихи. Апата социализм савдоша намеиранд.
Афсус ки ин гапхо ба мардак таъсир мекунад, ба ту не.

Мусофир,
Хамон хохар чи гунох дорад ,ашула нахон !
Хар як шахс бояд бо кардаи худ чавобгар бошад ,дуруст гуфтааст ин хохар назди конун гунохе надорад .
Мусофир ! худат аз хамон одамоне хасти,ки (саларо биёр гуянд ,каларо мебиёрад) бесаводи афсус...........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)