Бахшҳо

Посухи раиси Кумитаи занон ба Далер Шарифов: Мисли занҳои ғайбатчӣ... (ВИДЕО)

Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба матлаби Далер Шарифов, ки таҳти унвони “Замоне, ки модарони тоҷик таҳқир мешаванд” дар “Озодагон” нашр шуд, посух додааст.

Хонум Қосимзода дар як мусоҳиба бо хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Далер Шарифовро “мисли занҳои ғайбатчӣ” хонда, бо таъкиди сатрпӯшию суоли хабарнигори “Озодагон” афзудааст, “кас ба рӯзноманигор буданашон шубҳа мекунад”.

Мусоҳибаи Қосимзодаро бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки матлаби нашршуда дар “Озодагон”, суолгузорӣ ва либоспӯшии хабарнигорони хабаргузорӣ аз мавзӯъҳои меҳварияш мебошад, бидуни тағйир пешниҳоди хонандаҳо мекунем:

"-Воқеан, шумо рӯзи нишасти матбуотӣ чӣ гуфтед, ки боиси пайдо шудани мақолаи “Замоне,ки модарони тоҷик таҳқир мешаванд” гардид?

-Аслан, ман ҳайрони баъзе аз ҳамкасбони шумо. Мисли занҳои ғайбатчӣ аз дур истода гап мезананд. Шахсе, ки ҳамин мақоларо навиштааст, яъне Далер Шарифов худаш дар нишасти матбуотӣ ва дар вақте ки гӯё ман модаронро таҳқир карда бошам, ҳузур надошт ва мақолаашро ҳам тавре,ки худ иқрор мекунад, аз рӯи гуфтаю навиштаи дигарон рӯи коғаз овардааст,ки ин як беэҳтиромӣ нисбат ба касбаш аст. Инчунин, ӯ гуфтаҳои маро ҳам бо таҳриф рӯнавис кардааст. Баҳси мо он ҷо бо хабарнигори сатрпӯши “Озодагон” сари ҳиҷоб ва сатрпӯшии занон дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва таълимгоҳҳо буд, на ҳамаи занони тоҷик. Рости гап, Кумитаи мо бисёр мехоҳад бо ҳамаи расонаҳо, аз ҷумла расонаи номбаршуда, низ ҳамкорӣ дошта бошад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки хабарнигорони сатрпӯши он пайваста саволҳое медиҳанд, ки кас ба рӯзноманигор буданашон шубҳа мекунад. Ёд дорам, вақте ки ман ба вазифаи ҳозираам таъин шудаму аз ин таъинот ҳамагӣ чор рӯз сипарӣ шуда буд, дар нишасти матбуотӣ хабарнигори ин расона чунин савол дод: “Бигӯед, ки дар Тоҷикистон ҳоло чанд фоҳиша аст?”

-Муаллиф даъво мекунад, ки шумо ҳиҷобро аз сатр фарқ карда наметавонед…

-Муаллиф, ки худро хеле донишманд муаррифӣ мекунад, бояд донад,ки ҳиҷобро дар мо дигар хел мефаҳманду дар Аврупо ба дигар маъно истифода мешавад. Дар он ҷо зери калимаи “ҳиҷоб” танҳо рӯсарӣ ё рӯймолро дар назар доранд ва ҳатто русҳо ҳам онро чунин мефаҳманд. Аммо асли ҳиҷоб ин пинҳон кардани ҳамаи он ҷоест,ки шариат диданашонро барои номаҳрамон манъ кардааст. Барои фарқи ин ба муаллиф танҳо ба интернет ворид гардида, савол додан кифоя буд,ки ҳарфҳои маро таҳриф накунад. Аммо ин ҷо чун мақсадаш дигар аст, ин корро накардааст…

-Дар мақола шуморо боз бо он гунаҳгор мекунанд,ки Конститутсияи кишварро ба эътибор нагирифтаед ва моддаҳои муайяни онро нақз кардаед…

-Аҷиб,магар ҳамин сатрпӯшон набуданд, ки дар кишварҳои гуногуни олам садҳо таркиш кардаю ҳазорон ҷони бегуноҳонро қурбон намуданд? Магар бо пӯшидани чунин либос онҳо сабаби нақзи ҳуқуқи дигарон нестанд? Магар онҳо нестанд, ки намоишкорона ба қавли худ сатр карда (ин “сатрҳо”-и ба тан часпида аз нимурён будан ҳам бадтар аст) хусумати динию иҷтимоиро ба миён меоранд? Ин гуна рафтор ба кадом Конститутсия мувофиқ аст? Беҳуда нест, ки имрӯз дар бисёр кишварҳои олам,ки аз терроризм зарар дидаанд, дар мавриди пӯшидани сатр қонунҳои манъкунада қабул шуда истодаанд.

-“Ин суханон тавҳини аксари занони миллат аст. Ин суханҳо аз нақзи ҳуқуқи конститутсионӣ то таҳрифи фарҳанги миллӣ ва тавҳин ба як рукни муҳими дин аст”,- гуфтани муаллифро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Аввалан, Алҳамду лиллоҳ ман ҳам мисли ҳазорон зани тоҷик мусалмонам ва ҳаргиз муқобили рукнҳои он нестам. Аммо чун сухан аз фоҳишаю фоҳишагии занони ҳаммиллати мо рафт, ман дар мисоли мушаххас гуфтам, ки чунин занҳо аз сатр чун воситаи ҷалби мардон ва чун рӯйпӯшкунандаи амали худ истифода мебаранд ва ин чизро ман на аз ҳаво, балки дар асоси мушоҳидаҳои шахсии худ ва натиҷаи рейдҳои гузаронидаамон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтам. Ҳатто метавонам шумораи чунин занони бадрафтори сатрпӯшро гӯям. Баръакс, таҳвини зани миллат он аст, ки зери сатр корҳои ғайришаръиро ба анҷом мерасонанд ва боз дар симои ҳамкасбони шумо ҳимоячӣ ҳам меёбанд…

-Дар мақола муаллиф, ҳамчунин аз исми шахсиятҳои номдор барои тақвияти суханони худ истифода бурдааст…

-Ин амали муаллиф бо кадом мақсад аст, маълум. Вале бояд гӯям, ки шарму ҳаё, либоспӯшии миллӣ ва рафтори тоҷиконаро бояд, пеш аз ҳама, аз модаре, ки Пешвои миллатамонро ба олам овардааст, омӯхт. Шумо агар наворҳоро, дар вақте ки он кас наворбардорони ТВ-ро пешвоз мегиранд, бубинед, мефаҳмед,ки ин модар бо чӣ гуна фарҳанги миллию одоби мусалмонӣ меҳмонро пешвоз мегиранд. Бо гӯшаи рӯймол андаке рӯяшонро пӯшонда, бо либоси одӣ, вале тоҷикии худашон аз ҷояшон мехезанд. Ана ин аст одоби тоҷикӣ".

Ман бо як гуфтаи муаллиф розӣ ҳастам,ки воқеан ҳам рафтору кирдори тоҷиконаро аз ин оила бояд омӯхт, вале ҳаргиз онҳо сатри сиёҳро ба бар накардаанд. Он чӣ, ки тоҷикон дар маросими азо, ҳаҷ, тӯю сур, либоси худро тағйир медиҳанд, чизи маъмулист ва аммо дар рӯзҳои муқаррарӣ либоси одӣ ба бар мекунанд,ки инро касе манъ накардааст. Қонунҳои кишвари мо ба ҳама кафолат додаанд, ки зиндагиашро дар зери ҳимояи ҳамин қонунҳо созмон диҳад. Вале ин маънои онро надорад, ки аз онҳо суиистифода намуда, ба зарари ҷамъият амал кунем, тавре ки як қисми сатру ҳиҷобпӯшон мекунанд ва асли мақсад низ ба ҷомеа расонидани ҳамин ҳақиқат буд, на чизи дигар. Бубинед, тасмим дар бораи аз оғози моҳи март пӯшидани занону духтарони муҳассили мо либоси сирф миллӣ (атласу чакан) кӯчаю хонаамонро чӣ гуна зеб хоҳанд дод".

Хабарнигори “Озодагон”, ки раиси Кумитаи занон дар мусоҳиба чанд бор ба сатрпӯшиаш таъкид карда, аз суолаш дар мавриди фоҳишаҳо зикр кардааст, Мижгона Ҳалимова мебошад. Ҳалимова мегӯяд, дар як нишасти солҳои қаблӣ дар мавриди теъдоди фоҳишаҳо, ки аз мушкилоти асосии иҷтимоӣ мебошад, суол кард. Масъулини Кумита дар пайи шунидани ин суол “машварат” доданд, ки беҳтараш хабарнигорон аз мушкилоти занон суол кунанд. Ҳалимова мегӯяд, он шабу рӯзҳо занҳои танфурӯш зимни суҳбат дар расонаҳо изҳор дошта буданд, ки аз ночорӣ ва шароити бади зиндагӣ даст ба танфурӯшӣ мезананд: “Хостам ин мушкили иҷтимоиро дар нишасти ниҳоди масъули кор бо занон ба миён гузорам”.

Дар мавриди изҳороти Қосимзода, ки “баҳси мо он ҷо бо хабарнигори сатрпӯши “Озодагон” сари ҳиҷоб ва сатрпӯшии занон дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва таълимгоҳҳо буд, на ҳамаи занони тоҷик” Ҳалимова гуфт, суолаш дар мавриди сатрпӯшии занон дар муассисаҳои давлатӣ набуд. Ӯ мегӯяд, аз Қосимзода пурсид, ки “рейд”-у фаҳмондадиҳиҳо чӣ гуна сурат мегиранд ва Қосимзода гуфт, ки шахсан дар “рейд”-ҳо дар Душанбе, аз ҷумла дар назди Садбарг иштирок кард.

ВИДЕОИ суҳбати Қосимзода дар нишасти матбуотӣ


Мӯҳр
ватандуст
Қосимзода гуфт, ки шахсан дар “рейд”-ҳо дар Душанбе, аз ҷумла дар назди Садбарг иштирок кард ДИСАТЕКАРО ҲАМ "РЕЙД" ГУЗАРОН АНА МЕБИНИ ЧИ КАДАР БО ЛИБОСҲОИ "МИЛЛИ" МЕРАВАНД

Салимшох
Далер, диди ки туро хама доноча мегуяд...ва рост хам мегуянд..

Кумита
Вақте худат ба унвони раиси кумита занон мегуӣ ки "ба монанди занони ғайбатчӣ" магар ин таҳқири зан- модар нест? Ё худат зан нестӣ? Магар фақат занҳо ғайбат мекунанд?

Саид
Раиси Кумитаи занон гуфтааст, ки " асли ҳиҷоб ин пинҳон кардани ҳамаи он ҷоест,ки шариат диданашонро барои номаҳрамон манъ кардааст". Ачабо инхо хамаи инро медонанду пас чаро мукобили хичобпушхо мечанганд?!

малима одоби либоси худа бинед.

Ин хонум ба журналист касбашро меомузад, бисер хандаовар!

Амин
Офарин Далер!!
Худо нигахбонат! дили маро гуфти!!

Ман Идигул Косимзодаро хамчун зане,ки тамоми шарму хае ва одоби хамидаи занонаро дорост,медонам.Мубориза ва гуф ори у барои поктинатии занони точик аст.Шояд,руйрост гуфтанаш ба баъзе мансабта лабхо маъкул нашуда бошад.

Ассалому алайкум хамаватанони азиз:
Мухтарам идигул косимзода: шумо пеш аз оне, ки аз Либоси милли мегуед худатон Либоси милли пушед! Чаро танхо як тарафа танкид мекунед? Магар модарони точик мини юбка мепушиданд ё брюки чинс? Чаро танхо аз Либоси занхои ерод мегирен? Чаро аз занхои, ки либосхои ним барахнаи русию аврупои, ки мепушанд боре харф намезанед?! Ё модарони точик мини юбка ва брюки чинс мепушиданд?!

Узри зиёд Косимзода Шумо имруз дар бораи бегонапарасти гап мезанед як бор бар сару либоси худ нигох намекунед акаллан як порчаи либоси миллиро ба бар накардаеду дар бораи бегонапарасти гап мезанед.
Айбаст ман хамчун як ватандуст аз гуфтахои Шумо шарм кардам аввал фикри хуб бар сару либоси худ ва баъд одоби сухан гуфтанро омузед

Мухим нест
Ба гуфтаи Идигул Косимзода он занхое, ки дар корхонаю муассисахои давлати кор мекунанд, онхоро тахкир кардан мумкин.
Нагз мешуд, ки дар хамин хел вазифахо занхои босаводро мешинонданд.

Забоншинос
Забони точикиро хам бояд эхтиром дорем, чаро ки шахсияти масъулиятдор хатоги ба забони точики хатоги ба арзишхои милли аст

саидшо
Салимшох,Доноча не, маҳмаддоно! Фарқ дорад.

Офарин
Офарин далер, зинда бош

Барои чи Шумо бегонапарасти гуфта либоси Аврупоихоро ки худатон дар тан доред як бор намегуед ин бегонапарасти набудаасту либоси мусулмоние, ки занҳо аз рӯи телевизион не аз рӯи гуфтаи Қуръон мепӯшанд бегона будааст мантиқ дар куҷост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)