Бахшҳо
10 фев 2017 16:23Тоҷикистон / Сиёсат

Сироҷиддин Аслов дар Рӯзи миллии Эрон: Мутмаинам чолишҳоро аз як дидгоҳ арзёбӣ хоҳем кард (АКС)

Сафири Эрон дар Душанбе кишварашро дар самти дастгирии иқтисоду тиҷорат ба Тоҷикистон аз пешгомон унвон кард.

Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, шоми 9 феврал дар расми таҷлил аз Рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе гуфт, Теҳрон дар ҳавзаи сармоягузорӣ аз пешгомон дар Тоҷикистон буда, пружаҳои бузурге чун эҳдоси садди “Сангтуда 2”, нақби “Истиқлол”, Бемористони Ибни Сино, корхонаи тракторсозии “ТоҷИрон”-ро иҷро кардааст: “Мушорикат дар тарҳи роҳи оҳани панҷониба, садди неругоҳи “Роғун”, хатти интиқоли барқи “КАССА 1000” иҷрои тасвияи хонаи обӣ дар Душанбе аз дигар масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон маҳсуб мешавад”.

Ӯ ба ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ки соли сипаришуда баргузор шуд, ишора намуда гуфт, нишастҳои ин комиссия роҳро барои густариши бештари муносиботи ду кишвар боз мекунад.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суханронии худ ба мавзӯи тавофуқи ҳастаии кишвараш бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳам дахл карда, онро бурди дипломатияи Теҳрон хонд. “Тавофуқи ҳастаӣ намоди пирӯзии диломатия ва давраи рушди Эрон ва поёни пружаи эронҳаросӣ аст. Баъзе тозасиёсатворидон аз кашидани девор миёни давлатҳо ҳарф мезананд, ки бар хитоби расисҷумҳури Эрон бояд бидонанд, ки таъмини манофеи миллатҳо дар асри ҳозир бо нажодпарастӣ, нафратпароканӣ ва исломҳаросӣ амалӣ нахоҳад шуд”,-изҳор дошт ӯ.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи миллии Эрон гуфт, Тоҷикистон алоқаманд аст, ки сатҳи муносиботи ду кишвар дар руҳияи шарикӣ ва эҳтироми манофеи ҳамдигар суръат бигирад: “Умед дорем, дар ояндаи наздик дар партави арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва тамадунофар, ки пояи шикастанопазири муносибатҳои мардумони Тоҷикистону Эрон аст, шоҳиди тавсеаи пеш аз беши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба хоҳем шуд”.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар шароити ҳассос ва идомаи таҳаввулоти хатарзо дар минтақа ва чаҳон, ки пешгӯинашаванда буда, ба амнияту рушди муносибатҳо таъсир мерасонанд ва ба чолиш мекашанд, Душанбеву Теҳрон ба ҳамкории наздиктару боэътимодтар дар самти мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм ниёз доранд: “Мутмаинам ки дар сангари муқовимат дар самти чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар паҳлӯи ҳам хоҳем буд ва аз як дидгоҳ чолишхоро арзёбӣ хоҳем кард”.

Эрон аз аввалин кишварҳоест, истиқлоли Тоҷикистонро дар 25 соли пеш ба расмият шинохт.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)