Бахшҳо

Сафири Аврупо: Аз бозии абарқудратҳо то гурези ширкатҳо аз Тоҷикистон

Ҳидоят Бишчевич сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зимни як дидор бо рӯзноманигорони тоҷик дар мавриди Стратегия нави миллии рушди Тоҷикистон, номусоидии фазои тиҷорат, шадид будани низоми андозбандии Тоҷикистон ва шикояти ширкатҳои аврупоӣ аз фазои тиҷорату андозбандӣ дар Тоҷикистон нуқтаназарҳои худро баён намуд.

Ба гуфтаи сафири Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон Стратегияи милии рушди худро, ки барои то соли 2030 таҳия кардааст, моҳи майи соли 2017 дар Брюсел рӯнамоӣ мекунад ва зарфиятҳои рушди худро барои кишварҳои аврупоӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамчунин ба гуфтаи сафири Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистон инчунин ин Стратегияро дар се-чор моҳи оянда дар дафтари марказии СММ низ муаррифӣ менамояд, зеро ин Стратегияи Тоҷикистон як иқдоми боз буд ва дар таҳияи он Иттиҳодияи Аврупо ва СММ низ даъват шуда буданд.

Ҳидоят Бишчевич мегӯяд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи чоруми рушди худ қарор дорад, ки дар ин марҳила бояд талоши бештар барои раҳондани вобастагии иқтисод аз омилҳои берунӣ карда шавад: “Ҳоло иқтисоди Тоҷикистон аз вазъи иқтисодии Русия, нархи пахта ва алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Агар ин вобастагиҳоро бартараф накунанд ба ҳадафҳое, ки гузошта шудааст, расидан бисёр мушкил аст”.

Аз назари сафири Иттиҳоди Аврупо ҳоло бозингарони зиёд дар минтақа ва Тоҷикистон қарор доранд, ки ҳар кадоме манофеи худро доранд: “Аз ҷумла Русия, Чин, Эрон, ИМА, Туркия ва кишварҳои аврупоӣ. Бо дар назар гирифтани манофеи ин бозингарон ва чолишҳои наве, ки ба амнияти минтақа ва Тоҷикистон таҳдид мекунанд Тоҷикистон ду роҳ дорад. Яке ин ки мисли ҳоло заъиф бошад ва дигаре ин ки ба як кишвари неруманд табдил шавад. Воқеиятҳо талаб мекунанд, ки Тоҷикистон бояд кишвари неруманд шавад. Агар ба кишвари нерӯманд табдил наёбад, дар гирудори ин бозигарон наметавонад рушд кунад”.

Барои неруманд шудани Тоҷикистон роҳандозии як ислоҳоти густарда дар заминаҳои иқтисод, хусусан низоми андозбандӣ ва маорифу дигар соҳаҳо зарур аст,-гуфт Ҳидоят Бишчевич.

Сафири Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки ин шабу рӯзҳо ширкатҳои зиёди тиҷоратии аврупоӣ мехоҳанд, ки аз бозори Тоҷикистон худро ба берун бикашанд. Ба унвони мисол ӯ аз ҷариманбандии ширкати Tcell гуфт, ки ҳоло дар ин ширкат бештар аз 1,5 ҳазор корманди доимӣ ҳастанд ва тақрибан то 8 ҳазор аз ин ширкат нон мехӯранд: “Агар ин ширкат бозорро тарк кунад ба фоидаи иқтисоди Тоҷикистон нахоҳад буд. Теъдоди ширкатҳое, ки аз гаронии андоз дар Тоҷикистон шикоят мекунанд, хеле афзудааст ва ба намояндагии онҳо бештар аз 20 ширкати аврупоӣ шикоят кардааст”.

Ба гуфтаи Ҳидоят Бишчевич ҳоло бештар аз 30 ширкати аврупоӣ дар бозори Тоҷикистон ҳузур доранд.

Ба назари Ҳидоят Бишчевич Тоҷикистон ҳоло дар марҳилае қарор дорад, ки бояд барои рушд гоми таърихӣ бардорад ва ба назари ӯ бе рафъ кардани бебандубории дохилӣ гузоштани ин гом бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.

Бишчевич мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо, аз пешгомтарин кӯмакрасонҳои Тоҷикистон мебошад, ки ба гуфтаи ӯ аз 100 дарсади кӯмакҳои ҷудогардида барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 40 дарсадаш ба Тоҷикистон рост меояд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)