Бахшҳо
11 фев 2017 11:24Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти директор ва сармуҳосиби коллеҷи тиббӣ барои “доля”-бандӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ифтитоҳи парванда алайҳи Аҳмад Сафаров, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ва Иброҳим Ҳасанов сармуҳосиби ин муассиса хабар дод.

Тибқи иттилои додситонӣ директор ва сармуҳосиб пеши волидони муҳассилини бахши дорусозии коллеҷ шарт гузоштаанд, ки дар баробари маблағи шартнома боз иловагӣ аз 1000 то 1500 доллари амрикоӣ супоранд.

Манбаъ мегӯяд, шуъбаи дорусозӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода соли 2016 ташкил шуд ва қабули довталабон ба он тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст: “ Сафаров ва Ҳасанов охирҳои соли 2016 ва аввалҳои соли 2017 аз волидони аксари донишҷӯёни шуъбаи мазкур, ки 51 нафар мебошанд, маблағҳои калони пулӣ талаб карда гирифтаанд”.

Фасодкории масъулини коллеҷ дар пайи он ошкор шудааст, ки волидайни ду донишҷӯ маблағи талабкардаи Сафаров ва Ҳасановро дода натавонистанд: “Бо ин сабаб фарзандони онҳо ба супоридани имтиҳонҳои семестри аввали соли хониш роҳ дода нашуда, масъалаи хориҷ карда шудани онҳо гузошта шудааст”.

Додситонии генералӣ афзуд, ки дар пайи муроҷиати ин волидон санҷиш гузаронда шуда, муайян гардид, ки ки 20 январи соли 2016 директори Коллеҷ Сафаров аз якеи онҳо 3500 сомонӣ ва 25 январи соли 2017 бошад, сармуҳосиби Коллеҷ Ҳасанов аз дигараш 8000 сомонӣ гирифтааст: “Дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда далелҳои шайъӣ – маблағҳои ба ҳайси пора гирифташуда аз утоқи кории директори Коллеҷ Сафаров ёфта, мусодира шуд”.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан директор ва сармуҳосиб дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)