Бахшҳо

Фармондеҳи Толибон дар бораи ҳамкорӣ бо Русия ва ҳадафу пуштибони “ДИИШ"

Саид Муҳаммад Акбар, яке аз раҳбарони аршади Толибон равобити Русия ва Чинро бо ин гуруҳ тасдиқ карда гуфтааст, бо намояндагони ин давлатҳо ҳанӯз се сол қабл дар Қатар ва Аморати Муттаҳида дидор кардаанд.

Саид Муҳаммад Акбар Оғо ин нуктаро дар як мусҳибааш бо “КП” изҳор дошта, гуфтааст, мо кӯшиш кардем инро махфӣ нигоҳ дорем: “Ин ҳоло ошкор шуд ва моро чанд бор ба Русия низ даъват карданд”.

Ба иттилои манбаъ, Толибон аз Русия пуштибонии сиёсӣ интизоранд, на моддӣ: “Агар Русия ба мо маблағ ва ё силоҳ диҳад, ин муносиботи ӯро бо халқи афғон бад хоҳад кард. Ҳамагуна кумакҳои силоҳ ин дахолат ба масоили дохилӣ аст”.

Номбурда гуфтааст, бо Русия замоне созиш карданд, ки он кишвар сарҳадҳои ИДМ-ро дар хатар дид ва онҳо ба ҳам омаданд: “Афғонистон ҳамеша бо мардуми рус муносиботи таърихии хуб дошта ва таърих исбот намуд, ки мардуми Афғонистон аз Ғарб ба Русия наздиктар аст. Мо вақте фаҳмидем, ки Русия бе кумаки Толибон ва Толибон бе кумаки Русия наметавонанд ба сулҳ дар Афғонистон бирасанд, мо созиш кардем”.

Саид Муҳаммад Акбар Оғо гуфтааст, Толибон ҳама сарҳадҳои собиқ Шӯравиро сарҳади имрӯзи Русия медонад ва метавонанд амнияти ин сарҳадҳоро таъмин намоянд: “Инсонҳое, ки дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд, медонанд, ки мақсади омадани Амрико ба Афғонистон таъмини амният намебошад. Мо медонем, ки Чин ва Русия ду кишвари бузурги минтақа аз амнияти худ дар ҳаросанд, зеро ояндаи онҳо дар хатар аст”.

Номбурда дар мавриди пайдоиши ДИИШ дар Афғонистон гуфтааст, ин созмони сохтаи Амрико ва барои расидан ба ҳадафҳояш дар Ироқ ва баъдан дар Сурия буд, ки миёни сунниҳо ва шиаҳо ҷанг андохт.

Ба гуфтаи Саид Муҳаммад Акбар Оғо ДИИШ дар Афғонистон барои таъсир расонидан ба Осиёи Марказӣ, хатар эҷод кардан ба Русия ва зери таъсири худ гирифтани ин минтақа мебошад: “Аъзои ин гуруҳ зархаридони қирғиз, узбек, қазоқ, тоҷикони Тоҷикистон, русҳо ва ҳамчунин норозиҳо аз Толибон мебошанд”.
Мӯҳр
Точ
Офарин хакро гуфти

Митридат
Толибон аз ДИИШ каме фарк доранд. аммо онхо низ ифроти мебошанд. агар онхо хокимиятро дар афгонистон ба даст дароранд. хадафи наздиктарини онхо пахн кардани акоиди ифротии мазхаби дар Осиёи Миёна ва минтакахои мусулмоннишини Россия мешавад. хамкори бо толибон ин бо оташ бози кардан аст.

али
Выбирай из двух зол наименшую

Аҳмади
ТОлибон аз ДОИШ фарқе надоранд. Инҳо ҳам захариду бозичаи дасти Амрико ва Покистон буданд. Имруз диданд, ки хоҷащояшон аз онҳо руй гардониданд даст ба домони Русия ва Чин заданд. Хулоса ин гуна ҳизбу ҳаракатҳоро сабукар карда гӯем "Сабукпойҳои сиёсӣ" мебошанд

Толибон ҳама сарҳадҳои собиқ Шӯравиро сарҳади имрӯзи Русия медонад ва метавонанд амнияти ин сарҳадҳоро таъмин намоянд.Мо тарафдори хамин хастем ки Сархади Точикистонро бояд Урусхо амният кунанд.Писари ман дар яке аз заставхои бадахшон хизмат мекунад Вакте ки мо писарамро хабар гирифтем дар Застава хамаги 14 нафар афсар хизмат мекарданд ба чойи 34 афсари,Застава не мошин дорад.не маводи сузишвори,не телефон Хамин хел фикр кардем,ин хизмати Ватн амнияти сархад нест ин як кудак бози 14 кудак бар зиди Афгон е Толибхо е ДИИШ ин гусфандро пеши гург бурдан.

Ин Сафарҷон сарбоза аз афсар фарқ намекардааст.Мо худ бояд сарҳади дудро ҳифз кунем, на бегонагон...

афгон
чихел шарм надошта ин суханхоро мегуи охир магар шумо набудед, ки бо силохои амрико Ахмадшохи Масъуд кахрамони миллати афгонро аз байн бурдед

Митридат
Дар масъалаи сархад ба умеди хеч кас нашвед, аз худатон намонед. Толибон имруз, ки вазъияташон чандон хуб нест, худро дусти Россия ва таъминкунандаи амнияти сархадхои Точикистон вонамуд мекунанд,фардо ки кудратманд шуданд чиход эълон карда ба Точикистон барои баркарор кардани низоми исломи зада медароянд. Хамкори бо Россия хатми ва мухим аст, аммо мо бояд худамон кувахои сархадиро мустахкам кунем. Мо бояд фаромуш накунем ки дар он тараф хам хаммиллатон мо зиндаги мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)