Бахшҳо

Занги навбатӣ аз зери тарма ва ҳушдор аз тармафароиҳои нав (АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти Бахтиёр Шафиев, ронанди 47-сола хабар дод, ки 14-уми феврал бо мошинаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи қабули занги телефонӣ наҷотдиҳандагони ин ниҳод ба ҷои ҳодиса, километри 71-ум ҳозир шуда, мошини “Ниссан”-ро аз зери барф берун кашидаанд: “Наҷотдиҳандагон ба таври фаврӣ ба ронанда аввалин кӯмаки тиббӣ расонда, ӯро гарм карданд ва ғизои гарм доданд”.

Аммо шоҳидони ҳодиса мегӯянд, Шафиевро ронанда ва мусофирони дигар наҷот додаанд. Исмоил, як шоҳиди ин ҳодиса дар шабакаи фейсбук навиштааст, ки ронанда аз зери тарма занг задааст ва беш аз ҳама Саъдулло ва Миралӣ, сокинони маҳаллӣ барои наҷоти ӯ аз зери тарма талош карданду ниҳоят муваффақ шудаанд. Ин шоҳид мегӯяд, техникаю таҷҳизоти роҳтозакунӣ тақрибан баъди ду соати рух додани ҳодиса ҳозир шуданд.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба "Озодагон" гуфт, наҷотдиҳандаҳо соати 22:30-и рӯзи 14 феврал ҳамчунин ронанда ва чор мусофири автомашинаи “Опел-Зефира”-ро, ки дар ғарами барф дармонд, наҷот додаанд. Ба иттилои ӯ, сарфи назар аз огоҳии Кумита оид ба хавфи пайдоиши яхбандӣ, ҷамъшавии ғарами барфҳо, инчунин лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ, чархҳои автомашина ба зимистона иваз нашуда, нақлиёт бо завлонаи бехатарӣ муҷаҳҳаз нагардида буд. Манбаъ мегӯяд, дар робита ба гармиҳои рӯзҳои охир ва боришот дар минтақаҳои куҳӣ якбора зиёд шудани хавфи лағзиши тармаи тар дар назар аст: "Бояд қайд кард, ки фишори тармаи тар дар 1 метри мураббаъ 50 тоннаро ташкил медиҳад. Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минатқаҳои кӯҳӣ ва ё дар маҳалҳои хавфи лағзиши тармафароӣ зарур аст, ки ба таври қатъӣ риояи қоидаҳои роҳро дар назар дошта, автомошинаи худро пеш аз сафар намудан бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз намоянд".

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ҳушдор медиҳад, то 18 феврал аз сафар тариқи масирҳои хатарнок худдорӣ намоянд: "Дар масири Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва фаромадани тарма вуҷуд дорад".


Аксҳои бардоштаи шоҳидон аз ҷои ҳодиса:

Занги навбатӣ аз зери тарма ва ҳушдор аз тармафароиҳои нав (АКС)

Занги навбатӣ аз зери тарма ва ҳушдор аз тармафароиҳои нав (АКС)

Занги навбатӣ аз зери тарма ва ҳушдор аз тармафароиҳои нав (АКС)

Занги навбатӣ аз зери тарма ва ҳушдор аз тармафароиҳои нав (АКС)
Мӯҳр
Точ
Мчс кахрамони миллат шудааст ку

Точ,
Иванчон хыдт мегум урусира нагз медонихыы ? Э малатсии

саччод
и хабар аз динаяй дар хамаи сайто чоп шидагияй шумо нав аз хоб хестен.

софдил
Умеда Юсуфова офарин! Маълумотҳои рости шумо ҳамаро дар ҳайрат гузоштааст.

Як милисаи Хучанди гуфтабуд, ки аз болои мост партофтани як нафарро реклама кардем дар як хафта шаш нафар худро аз болои мост партофт... инашам хамту... якзанг задани як нафарро аз таги тарма реклама карданд.. дигар хамаи одамо таги тарма рафта занг задан мегиранд...)))
Худованд нигахбонатон бошад мардуми точик!

Jurabek
МЧС-ро бояд нишонаҳои хотирави додашавад wink

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)