Аз вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки мақсад аз баргузории ин ҳамоиш рушди муносибатҳои Тоҷикистону Хитой ва баррасии ҳамкориҳои ҷорӣ ва минбаъда мебошад. Дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистонро Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо ва тарфи Хитойро Ши Даган, муовини раиси ноҳияи мухтори Синзян- Уйғури ҷумҳурии мардумии Хитой роҳбарӣ менамуданд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки зимни ҷаласаи мазкур ҷонибҳо бештар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷӯҳ намуда, муҳимияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати дорусозӣ, бунёди инфрасохтор, сайёҳӣ, саноати сабук , фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи бонкӣ ва суғурта қайд намуданд. Гузашта аз ин, дар ин нишасти байниҳукуматӣ масъалаҳои вобаста ба фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук низ мавриди баррасӣ қарор гирифт, афзуд манбаъ.
Маврид ба ёдоварист, табодули амвол миёни Тоҷикистону Хитой дар 10 моҳи ахири соли равон 570,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Мӯҳр« Март 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |