Бахшҳо
18 фев 2017 10:27Тоҷикистон / Акс

“Khujand open library”. Нахустин китобхонаи сарироҳии Тоҷикистон (АКС)

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд нахустин китобхонаи сарироҳӣ таъсис ёфтааст.

Ин китобхона бо номи “Khujand open library” дар хиёбони Ситораҳои Хуҷанд аз сӯи Ташкилоти ҷамъиятии “Соҳибкорони шимоли Тоҷикистон” ба кор оғоз кардааст.

Суҳроб Ниёзов, узви ин ташкилот дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар саросари Тоҷикистон ин нахустин китобхонаи сарироҳӣ буда, ҳоло ҷараёни марҳилаи санҷишии он идома дорад. Ӯ афзуд, “назорат мекунем, ки мардум онро чӣ гуна қабул мекунанд, агар талабот бошад, дар дигар ҷойҳо низ созмон медиҳем”.

Ба гуфтаи Ниёзов, китобхонаи сарироҳӣ аслан дар боғу хиёбон ва ҷойҳои фароғатӣ ба хотири гирифтани ғизои маънавӣ насб шуда, қоидаҳои истифодаи худро дорад: “Шаҳрвандон китобҳоро гирифта, дар атрофи китобхона қироат мекунанд ва боз онро мегузоранд. Ба хона бурдани китобҳо иҷоза нест”.

Суҳроб Ниёзов мегӯяд, чун ин таҷрибаи аввалин аст, сокинон ҳам бояд барои ғанӣ гардидани китобхона ёрӣ расонанд: китобҳои хубро оварда гузоранд, то дигарон низ онро хонда, ғизои маънавӣ бигиранд.

Ӯ гуфт, чунин таҷриба дар Аврупо ва баъзе кишварҳои пасошуравӣ вуҷуд дошта, аммо дар Тоҷикистон таҷрибаи нахустин аст. Баъди кушодани китобхона Ташкилоти қарзии “Арванд” дар Хуҷанд ба он 50 дона китоб оид ба маърифати моливӣ гузоштааст.


“Khujand open library”. Нахустин китобхонаи сарироҳии Тоҷикистон (АКС)

“Khujand open library”. Нахустин китобхонаи сарироҳии Тоҷикистон (АКС)

“Khujand open library”. Нахустин китобхонаи сарироҳии Тоҷикистон (АКС)

“Khujand open library”. Нахустин китобхонаи сарироҳии Тоҷикистон (АКС)


“Khujand open library”. Нахустин китобхонаи сарироҳии Тоҷикистон (АКС)


Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Мӯҳр
Хамроз
Вокеанхам мардуми Сугд мардуми ташабускоранд. Ба худо халолашон бод. Умедворам ин ташабуси Шуморо дар Душанбе низ чори хоханд кард бисёр нек мешавад!

Олимҷон
Воқеан метавон мардумро бо китобхони ва зиёд намудани маърифаташон аз ҳар гуна бадбахтӣ наҷот дод. Офаринатон бод! Кош ин амал дар дигар минтақаҳо аз ҷумла душанбе амалӣ мешуд ва каме мардум аз ин ғизои маънавӣ мегирифтанд у фарҳанги пойтахнишиниашон боло мерафт.

voli
Сипосгузорем аз "North Tajikistan Entrepreneurship"

Тавба, хамин кадар вохимаанд шимолихо, ки гуё як чизи нав ихтироъ карда бошанд. Хамин суханбозихоятон набошад, гург мехурад шуморо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)