Бахшҳо

Бояд гирист... Вақте бо тоҷикӣ наметавонӣ нон пайдо бикунӣ

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Дар нишасти ахири хабарии Кумитаи забон ва истилоҳот як хабарнигор аз раис пурсид, бо таваҷҷуҳ ба ин ки аксари мардуми шаҳрҳои Тоҷикистон талош мекунанд фарзандонашонро ба боғчаву мактабҳои русӣ бибаранд (ва ҳатто барои ин ришваҳои бузурге ҳам медиҳанд) зарурат ҳаст, ки забони русиро забони дувуми давлатӣ кунем? Ҳоло бо гузашти ду ҳафта талош кардам, ба ин суол аз зовияи дигар бингарам.

Дар воқеъ, агар таваҷҷуҳ карда бошем дар солҳои ахир ҳамагӣ ва аксаран қишри огоҳ талош мекунанд, ки фарзандонашонро ба боғчаву мактабҳои русӣ бибиранд. Дар ин авохир ҷонибдорони инглисӣ ҳам афзудааст. Зеро аз нигоҳи онҳо (ки мутаассифона дуруст ҳам ҳаст) бо донистани забони русӣ ва инглисӣ нон ёфтан ва зиндагӣ сохтан осонтар аст. Шояд аз нигоҳи бозор ва замон ин як амали дуруст бошад, аммо аз нигоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ин бисёр вазъи ҳузнангез аст. Мо наметавонем ин мардумро барои дӯст надоштани тоҷикӣ, барои эҳтиром накардани арзишҳои миллӣ гунаҳкор бидонем. Мо наметавонем ин мардумро нохудшинос биномем ва ё мардуме бидонем, ки ифтихорӣ миллӣ надоранд. Зеро муҳит дар мо ҳамин гуна шакл гирифтааст. Шаклгирие, ки барои ояндаи миллӣ хеле хатарбор аст. Яъне, агар урёнтар суҳбат кунем ба ояндаи муҳити тоҷикӣ бовар нест...

Бисёр дардовар ва риққатбор аст, вақте ту медонӣ агар фарзандат мактабӣ тоҷикӣ бихонад нонёбиаш мушкил мешавад. Бисёр хатарзо аст, вақте дар як кишвар тайи ин қадар сол муҳити нонёбӣ, муҳити давлатӣ ва муҳити иҷтимоӣ бар асоси забони ҳамон давлат шакл намегирад.

Дар боғча ва мактабҳои русӣ довталаб аз меъёр ду ва ҳатто се маротиба зиёдтар аст. Инро инкор карда намешавад. Ин вазъро Вазорати маориф ҳам медонад, ҳукумати кишвар ҳам медонад ва кумитаи амният ҳам муталлеъ аст. Ҳамин сол яке аз дӯстони мо ҳам хост ки фарзандашро ба мактаби 20-и Душанбе бибарад. Довталаб ба ҳадде зиёд буд, ки ба гуфтаи дӯстам, ҳатто кормандони баландпояи Вазорати маорифро ҳам васила қарор дод, аммо масъала ҳал нашуда. Дар боғчаҳои русии Душанбе ва шаҳрҳои дигар бидуни ришваву василабозӣ имкон надорад, ки кӯдакатро бипазиранд. Зеро ба ибораи маъмул “талабот бениҳоят зиёд аст”.

Ин вазъро бояд аз нигоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва равонӣ ба хотири ташхис додани ояндаи миллат таҳлил кард. Зеро мағзи гап ин ҷост, ки фикри миллӣ ба тоҷикӣ шакл намегирад ва ҳувияти миллӣ дугонаву духура ташаккул меёбад. Албатта донистани забони русӣ, инглисӣ ва ҳар забони дигаре, ки имрӯз забони илму иқтисодҳои бузург эътироф шудаанд аз ҳар нигоҳе хуб аст. Аммо барои як давлат ва як кишвар шарти аслӣ ва зарурӣ ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ, тафаккури давлатӣ ва фикри миллӣ бояд бар асоси забоне шакл бигирад, ки таърихан дар тинати мардум аҷин шудааст. Ба забони миллӣ шакл додани фикр ва руҳияи миллӣ ҳаргиз ба маънои аз ҷаҳони берун канор гирифтан нест, зеро ин номумкин мебошад ва хоҳу нохоҳ забоне барои доду ситадҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ин миён васила қарор мегирад. Аммо зарур ва ҳатто бисёр зарур аст, ки муҳит ба гунае сохта шавад, ки фикри тоҷикӣ шаклдиҳандаи руҳияи миллӣ ва маниши миллӣ бошад. Вале дар мо, оё ҳоло ҳамин гуна муҳит офарида шудааст? На!

Кӯдаки тоҷик имрӯз имкон надорад, ки бо забони модариву миллияш филми тасвирӣ бибинад. Ҳарчанд дар кишвар телевизиони вижае барои кӯдакону наврасон таъсис шудааст. Аммо ин телевизион ҷойи ин ки барои кӯдаки тоҷик филми тасвирӣ бисозад ва ё ҳадди аққал тарҷума кунад, вориди бозиҳои сиёсиву идеологии давлат шудааст. Ин телевизион ҳам бештарини филмҳои тасвирӣ ва ҳунариву бадеиро барои кӯдаки тоҷик бо русӣ нашр мекунад. Камбахтона ҳатто истудёҳои мустақиле пайдо нашуданд, ки бо тоҷикӣ барои кӯдакону наврасон филми тасвирӣ бисозанд ва ё аз имконоти фаровони фанновариҳои иттилоотӣ истифода кунанд (ба истиснои чанд маркази маҳрамонае, ки забону фарҳанги ин миллатро бо забони шикаству шевагӣ таҳвин мекунанд). Дар мавриди китобу василаҳои донишдиҳандае барои кӯдаконе, ки ҳанӯз мактаб намераванд ҳоло сухан намегӯйем. Бо тоҷикӣ ёфтани ин гуна абзорҳо тақрибан номумкин аст. Агар ҳам ҳаст як ду се китобе ҳаст, ки ҳам аз нигоҳи мазмун ва ҳам аз нигоҳи санъати чоп бисёр сифати паст доранд. Дар ин миён чанд китобу дастури арзишманде, ки Сарредаксияи энсклопедияи миллӣ анҷом дод истисноанд. Агар мехоҳед дар ин маврид мутмаин шавед саре ба дӯкону марказҳои китобфурӯшӣ бизанед.

Барои бачаҳои мактабхон ҳам вазъ аз ин фарқе намекунад. Ба ҷуз китобҳои дарс тақрибан китобу василаҳои ҷолибу ёрирасоне ба забони миллӣ пайдо намешавад. Дар ин гуна вазъу шароит фикри миллӣ бисёр маҳдуд шакл мегирад. Ҳамин аст, ки падару модар ба мактабу марказҳое майл мекунанд, ки ба забонҳои дигареанд, ки бо ин забонҳо имкону дурустару фаррохтар шакл додани фикру тафаккур осонтар аст.

Вақте мо ҳамин гуна пойгоҳи иҷтимоиву маърифатиеро барои шакл додани фикру тафаккури миллӣ насохтаем, ҳақ надорем дар мавриди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз минбарҳои баланд кафки даҳон бипаронем. Миллатсозӣ ҳазина металабад, хароҷот дорад. Фавҷ-фавҷ, бо латтаҳои сурх дар пешобағал, дар дастҳояшон парчами давлатӣ ба хиёбонҳо кашондани хонандагону ҷавонон ҳаргиз маънои инро надорад, ки мо онҳоро “дар руҳияи милатдӯстиву ватанпарварӣ” мепарварем. Зеро пойгоҳи иҷтимоиву маърифате барои чунин парвариш насохтаем.

Дар сатҳҳои болоӣ вазъ аз ин фарқ намекунад. Аз нигоҳи иҷтимоӣ агар бигарем дар шаҳрҳо, хусусан дар пойтахти кишвар, вақте мардум дар таълими фарзандон ба забони ғайри миллӣ тарҷеҳ медиҳанд, вазъ буҳронӣ аст. Зеро ҳанӯз дар пойтахти кишвар фикри тоҷикӣ дар таъини ҳувияти миллӣ асаргузор нашудааст. Як нукта бисёр нигаронкунанда аст, вақте бачаҳо дар пойтахт бузург мешаванд, вале дар шинохти арзишҳои миллӣ назарашон мухолифи ҳамин арзишҳост (таҷрибаи талхи русихонии шӯравӣ аз хонаводаҳои ба истилоҳ зиёии Душанбе ва дигар шаҳрҳо пеши мо гузинаие барои дар ин замина шубу рӯз фикр карда аст). Инро бояд ба ҷиддӣ гирифт. Замони ватандӯстии дурӯғин гузаштааст, замони муҳитсозии амал омадааст.
Мӯҳр
Саломат бош Иршод! Дурусту рост навишти! Аммо ку гуше, ки ин фарёдхоро бишнавад, ку магзе, ки бар он биандешад!

Аз дохили гур
1400 сол боз вакте мерави бар сари мазори бобову бибиат ва бузургони миллат бо забони араби навха мехониву дуо мекуни натичааш ана хамин мешавад. Вой бар холи мардуме ки ачнабиёнеро ки омаданду зану модаронашонро тачовуз карданд,хонахояшонро горат карданду бар хуни гузаштагонашон нишастанду ришханд заданд, (дар даст як чилд китоб ва гуфтанд худо гуфт ва моро аз фархангу забонамон мехостанд дур кунанд ки нашуд ва намешавад) бузург мешумаранду ситоишу ниёиши онон мекунад ( кабри ибни фалон кабри ибни бехмон гуфта) Албатта руси хондан хеле бехтар аст аз дуо ба забони араби бар сари кабри бобоят чун чахоннигарии биёбонии араб ба хамин рузаш андохт . Ин миллат баъди бузургмехри хаким ва Рози ва рованди як нафар дар хадди Ганди шахсият насохт ё дар хадди Кант як андешаманд ва бо ин арабзадагиатон Иршод бай намешавад хам.

ДӮсталӣ
Мутаассифона,ҳамин тавр аст!

Воқеан, дуруст кор на , балки "дар ин замина шубу рӯз фикр бояд кард", бефикр набояд нишастан.

Иброхимзода
пешниходхоиши реалиро чоп кунад, мухтарам "Озодагон"!

Додошо
1000 рахмат. Ними дарди диламро гуфти.
Инкилоб дар таълиму тарбия бояд намуд, ки маблаг ва эътирофи ахли маорифу илмро металабад!!!!!!!!!!!!

додбеҳ
Мутаасифона ҳамин тавр ҳаст, сад дарсад рост гуфтӣ, Ҳозир ба як коргоҳи оддӣ дар дилхоҳ минтақаи шаҳри душанбе биравӣ аз ту дар аввал аз забони русӣ мепурсанд, пасон аз забони инглисиву тоҷикӣ. ҳол он ки ҳеҷ рус ва инглис аз онҷо на дидан мекунад ва на маҳсулоти онро мехарад. вой бар ҳолӣ мо!

шахрванд
Ман хайронам ба ин гуна (Иршод СУЛАЙМОНӢ) нафарон, забони русиро таъкир мекунанду худашон ба лугати точики мачбуран калимахои эрониву арабиро дохил мекунанд. Магар падару модари талабагон гунахкоранд ки дар мактабхои точики на маълими дуруст хасту на китоби дарси? Боз як савол дорам ба Иршод СУЛАЙМОНӢ, барои чи ба мактабхои пулакии турки назар намкунед? Дар он чо хатто бо забони точики гап намезананд талабагон? Ё фармон нашудааст?

Оззодагон озод бош

Дониш
Канд занед Иршодчон хакикатан чрни гапро гуфти. Андешои муаллиф дар ин аснои бекайдубор айнан талоши Ахиади Дошиш аст.

Беҳтарин мавзуъ!!! аз ташфиқати бисёр аксарият аз забони модари дида ба забонҳои хориҷи майл доранд. ягон 10 сол пас холқ забони модарии худро фаромуш мекунанд. Рахмат ба Шумо И.Сулаймонӣ

сад дар сад рост гуфтед...

Саид
Гастербайтеракхоро омода карда ба гуломи фиристодан гиред. ЭЭЭ мардум номус дорем ё не, ин кадар тахкиру хакорат, шарм намедорем-еее. Ба хамин забон хатто харф задан намехохам, зеро донистани ин забон омухтани забони англисиро хеле мушкил мекунад, ин забон барои омухтани дигар забонхои монеаи бузург аст, фаромуш накунед. Вакте ки мебинам ду се нафар лабошона кач карда бо ин заблн харф мезананд, ба назари ман онон ба чуз гастер беш нестанд. Бояд шарм дорем ва ин забонро тахрим кунем. Озодагон ин назари маро чоп кунед, илтимос.

софдил
Ба дохили гур!!! Забони русси ҳеҷ вақт аз забони араби болотар шуда наметавонад. Чунки мо мардуми мусулмон бояд ба хотири Расули Акрам ки пайғамбари охируззамон аст ва мо пайрави вай ҳастем ин забонро ҳатто ҳар як ҳарфи вайро ҳурматаша ба ҷой орем.

Шумо гузарондед! аз араби хазар аз руси хатар аз инглисию форси балову батар. Як чашматонро калонтар кушоед, чахониён дар чи фикранду мо дар чи фикр. Чахониён ихтиро мекунанду ба сайёрахои дигар мераванд, мо бошем холохам дар бораи забону афкор ва ё пайвандаку хичо гап мезанем...

Devona
Аз дохили гур,
Sad dar sad durust. Millate ,ki sar to poj gururshikastavu benomu benon ast,in moem.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)