Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 1 май 2017, 09:27

Марди муттаҳам дар кордкаширо ҷавони тоҷик боздошт кардааст (ВИДЕО)

20 феврал 2017, 15:09

Марде, ки дар Екатеренбург бо зарби корд ҷавондухтареро захмӣ карда, фирор намуд, бо кумаки муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, сокини 33-солаи Екатеренбург шоми шанбеи 18 феврал дар кӯчаи Бардина ба мошини ҷавондухтари 26-сола савор шуда, бо таҳдиди корд талаб кардааст, ки пул ва ҷиҳози гаронарзишашро ба ӯ таслим кунад. Аммо вақте ҷавондухтар фарёд мезанад, мард бо корд вайро захмӣ мекунад. Баъди ин аз мошин берун шуда, ҷониби боғи Архипов гурехтааст: “Ӯро як ҷавони тоҷик боздошт кардааст. Баъдан кормандони пулис расида омадаанд”.

Муттаҳамшуда дар навори бозпурсӣ мегӯяд, аз сӯи як "ҷавони ғайрирус" дастгир шуд, аммо таъкид мекунад, ҷурме содир накарда ва сабаби боздошташро намедонад. Аммо торнамои "e1.ru" навиштааст, баъдан ӯ ба гуноҳи худ иқрор кардааст.

Ба иттилои манбаъ, духтар бо ҷароҳати вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст.

Боздоштшуда ба пулис гуфтааст, қаблан ҳам барои чунин амал 8 сол зиндонӣ шуда, соли 2015 ба озодӣ баромадааст. Аммо дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздошти ӯ ёрӣ додааст, маълумоти бештар ироа нашудааст.


Навори бозпурсӣ:



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Юлдош

  • 20 феврал 2017 15:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чои таачуб нест..ва дар бораи корнамоии точик чизе хам наменависанд.. метарсам ки точикро мутахам накунанд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!