Бахшҳо
23 фев 2017 10:50Тоҷикистон / Сиёсат

Таъкиди Президент ба риояи ҳатмии интизом дар артиш

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта, ба низомиён дар адои хизмати софдилонаву садоқатмандона ва иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ тандурустиву пирӯзӣ, сарбаландӣ ва рӯҳи матину иродаи қавӣ орзу намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази таълимии қушунҳои сарҳадӣ гуфтааст, “артиши миллии Тоҷикистон, ки бисту чор сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи боэътимоди сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зарур хондааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона ба иҷро расонад.

Ӯ аз марзбонҳои тоҷик даъват намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки танҳо дар зарфи солҳои охир барои Қӯшунҳои сарҳадӣ 29 дидбонгоҳу хонаҳои бисёрошёна сохта, ба истифода супорида шудааст ва бунёди боз 28 иншооти дигар идома дорад.

Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ инчунин аз камбудиҳо зикр карда, таъкид намудааст, ки фармондеҳону роҳбарони ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои сохтории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда, амру фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва ойинномаҳои ҳарбӣ тақвият бахшида, ҷиҳати риояи ҳатмии интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштан ва такмил додани маҳорату малакаи касбии сарбозону афсарон, омодабошии ҷангӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаву таҷҳизоти низомӣ ва таъминоти ақибгоҳ бо маводу маҳсулоти зарурӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд: “Низоми корҳои тарбиявӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо риояи интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ тарбият ёфта, дарк намоянд, ки артиш симои миллат ва шарти муҳимтарини пойдории давлат мебошад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)