Бахшҳо

Тақдири пули мардум чӣ мешавад? Шарҳи Бонки Миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон тақдири пасандозҳои мардумро дар ду бонки фаъолияташ қатъшуда -- “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” шарҳ дод.

Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 24-уми феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, амонати шахсони воқеӣ марҳила ба марҳила баргардонда мешавад. Ба иттилои ӯ, Бонки миллӣ дар пайи бозхонди иҷозатномаи бонкҳо барои барҳамдиҳӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунад: “Суд давоми як моҳ “ликвидатор” (мудири махсус дар бораи барҳамдиҳӣ)-ро мушаххас мекунад. "Ликвидатор" аз ҳисоби фурӯши амвол ва қарзҳои баргардондашуда пасандози мизоҷонро барқарор мекунад”.

Хонум Ҳасанова таъкид намуд, ки дар марҳилаи аввал аз Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 17,5 ҳазор сомонӣ ба амонатгузорони бонкҳои басташуда пардохт мешавад. Ба қавли сухангӯи Бонки миллӣ, бо мурури иҷрои расмиёт аз ҳисоби амволи бонкҳои басташуда пасандози мардум пурра баргардонда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз аз қатъи фаъолияти "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" хабар дод. Торнамои расмии бонк далели онро “сабабҳои асоснок” гуфта, ҷузъиёти онро шарҳ надодаст.

Ин ду бонк дар баробари “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” солҳои охир дучори мушкили молӣ шуда буданд. Моҳи декабри соли гузашта Бонки миллӣ маъмурияти "Тоҷпромбонк"-ро ба Ҷамшед Зиёев, роҳбари қаблӣ баргардонда, ҳушдор дода буд, тарҳи раҳоӣ аз ҳолати буҳрониро давоми як моҳ ба Бонки миллӣ пешниҳод кунанд. Соли гузашта Бонки миллӣ инчунин ба далели мушкили молӣ дар "Фононбонк" ҳам маъмурияти муваққатӣ таъин карда, баъдан онро ба роҳбарони қаблияш баргардонд. Зоҳиран на роҳбарони муваққатии таъинкардаи Бонки миллӣ ва на соҳибони аслӣ натавонистаанд, роҳи наҷоти ин бонкҳоро пайдо кунанд.


Дар акс Ҷамшед Зиёев
Мӯҳр
Катъ гардидани 2 бонки машхур дар Точикистон - маънои онро дорад, ки дар Точикистон бухрони иктисоди афзоиш ёфта истодааст...

Бинохои обод гарданд хароб,
К-аз борону гардиши офтоб.

Фародис
Катъ гардидани ин ду бонк маънои онро надорад,ки Точикистон ба бухрони иктисоди дучор шудааст, шояд ин ду бонк кори худро пеш бурда натавонистанд ё ин,ки лозим набудаст амин бокхо, мухимаш онки чанд нафари дигар боз бечои кор монд............

Такдири пули мардум ба гуфти руссхо "к черту" ,такдири пули "Калон"-хоро халк бояд хурад.

Ҳисобчӣ
-Ба фикрам ҳамин 17,500 (2000 ҳазор доллар) ҳамин маъноро дорад, ки муштарӣ панот ба худо...

Амонатхои мардум вакте баргардонида мешаванд, ки карзхо баргардан яъне то думи уштур бар замин нарасад амонататро намегири барин?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)