Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 27 июн 2017, 05:11

Фатво барои гирифтани шаҳрвандии Русия аз сӯи тоҷикон

27 феврал 2017, 12:09

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қабули шаҳрвандии Русияро дар сурати ҳифзи арзишҳои миллию динӣ ҷоиз донистааст.

Асрор, як корбари сомонаи Шӯрои уламо назари ин ниҳодро дар мавриди талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандии Русия суол кардааст.

Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки “Ватан меҳри модарро дорад, аз ҳамин сабаб, кори хеле мушкил аст, ки инсон аз модараш ҷудо шавад. Яке аз нишонаҳои комил будани инсон дӯст доштани ватан аст. Албатта гирифтани шаҳрвандӣ дар тамоми кишварҳо роиҷ аст, вале муҳиму асос ин аст, ки инсон урфу одати миллӣ ва динии худро ҳифз намояд, аз ватан ҳамеша ёд кунад ва дар ҳар ҷое, ки бошад, ватан ва эътиқодоти динӣ ва миллии худро ҳимоя кунад, хусусан фарзандонашро дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ ва дини мубини Ислому мазҳаби ҳанафӣ тарбият кунад, чунки ин дини инсонсоз кафили саодати инсон дар ду ҷаҳон аст”.

Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион муҳоҷир дар Русия фаъолият доранд ва бисёрашон барои осонии кору ҳузурашон дар ин кишвар талош доранд, шаҳрванди Русия шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шурои уламо ба шахрвандии ин е он давлат пазируфтами е напазируфтани мардум чи кор дорад? Шурои уламо кори худаша кунад, ба кори давлат ва шахрвандони чудогона кордор нашавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Россия хифзи арзишхои дини ба маротиб осонтар аст нисбат ба Точикистон,урток мУФТИ.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Он чизе, ки аз номи Шӯрои уламо ин ҷо оварда шудааст, асло фатво нест.
Фатво дар бораи масоили шаръӣ дар қиёс бо дигар аҳкоми шаръӣ ва бар асоси манобеи шаръӣ дода мешавад. Ин ҷо фақат як нафар назари худашро зикр кардаасту тамом.Сабилуллох,
Посух додан
  • Аброр

  • 27 феврал 2017 17:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби муфти як савол? Агар одам дар ватани худаш арзишхои диниашро натавонад хифз кунад чи? Бояд дар ватан бимонад ё хичрат кунад?
Посух додан
  • Muhojir

  • 27 феврал 2017 23:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"хусусан фарзандонашро дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ ва дини мубини Ислому мазҳаби ҳанафӣ тарбият кунад, чунки ин дини инсонсоз кафили саодати инсон дар ду ҷаҳон аст”.
Ha ha ha magar digar dinho, mazhabho insonsozu kafili saodat nestan?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!