Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 11:33

“Чемпионат” 20 автогол дар як бозиро “таҷовузи хоккейи русӣ” хонд (ВИДЕО)

28 феврал 2017, 11:24

Бозии хоккей миёни дастаҳои “Водник”-и Архангелск ва “Байкал-Энергия”-и Иркутск муҳимтарин хабари варзишии ду рӯзи ахир аст.

Ин бозӣ, ки 26 феврал дар доираи чемпионати Русия оид ба хоккей баргузор шуд, бо ҳисоби 9:11 поён ёфт. Аммо бозигарони дастаҳо на ба даррвозаи ҳамдигар, балки ба дарвозаи худ гол заданд.

Далели инро шореҳон дар он мебинанд, ки дастаҳо мехостанд, дар ин дидор мағлуб шаванд, то бозии ояндаро бо рақиби заифтар анҷом бидиҳанд.

Нашрияи “Чемпионат” ин бозиро “таҷовузи на танҳо хоккейи русӣ, балки 1500 нафаре номид, ки дар сардии шадид ба майдон омада буданд”.

Кумитаи ахлоқи Федератсияи хоккеи Русия 27 феврал натиҷаҳои ин бозии аҷибро бекор ва бозии нав таъин кард. Қарор аст, ин ду даста 3 март аз нав бо ҳам вориди рақобат шаванд.


Шарҳи бештари ин бозии баҳсбарангез



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!