Бахшҳо

Форсӣ яке аз 10 забони қадиме, ки ҳифз шудааст

Забони форсӣ аз ҷумлаи 10 забони қадимие эътироф шудааст, ки то имрӯз ҳифз шуда, ба таври густарда истифода мешавад.

Маҷаллаи маъруфи “Культура” дар баробари форсӣ, забонҳои томилӣ (ҷануби Ҳинд), литвониёӣ, ислондӣ, ибрӣ, мақдунӣ, забони боскҳо, финӣ, гурҷӣ ва ирлондиро низ ба даҳгона ворид намуда, хусусияти забонҳоро дар бастагӣ бо равандҳои биологӣ, гузариши тадриҷӣ аз як насл ба насли дигар арзёбӣ кардааст.

Дар ин матлаби “Культура” гуфта шудааст, аз миёни ин забонҳо форсӣ аз ҳама бештар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон гӯянда дошта, як миқдор тавофутҳое низ дорад. Бар асоси ин навишта, форсгӯёни муосир матнҳои 900 сол қаблро низ бидуни мушкил мехонанду мефаҳманд, ки чунин имконро инглисзабонҳо надоштаанд.

Дар матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, эрониҳо тавонистаанд, “ширинӣ” ва фасоҳати форсиро дар тадовуми қарнҳо таъмин кунанд.

Забони форсӣ аз гуруҳи забонҳои ҳиндуаврупоист, ки ба шохаи ҳиндуэронии ин оилаи забонҳо марбут мебошад. Ҳоло забонҳои эронӣ дар фазои Осиёи Миёна, Моварои Қафқоз, Афғонистон ва дигар кишварҳои Ҷануби Осиё интишор шудаанд ва гӯйишварони зиёде доранд.

Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари забони тоҷикӣ (форсӣ) инчунин забонҳои бедабираи яғнобӣ, язгуломӣ, шуғнӣ (рушонӣ, хуфӣ) ва вахию ринӣ (ишкошимӣ) мавҷуданд, ки ба гуруҳи забонҳои иронӣ мансуб мебошанд.
Мӯҳр
зувондон
дар Тоҷикистон дар баробари забони тоҷикӣ (форсӣ) инчунин забонҳои бедабираи яғнобӣ, язгуломӣ, шуғнӣ (рушонӣ, хуфӣ) ва вахию ринӣ (ишкошимӣ) мавҷуданд, ки ба гуруҳи забонҳои иронӣ мансуб мебошанд.
Ва ин забонхоро эхъё ва бахри хифзашон онхоро амали бояд кард, чунки бо нестшавиии онхо намояндагонашон низ ба омезишу нобуди расидаанд.

Ориеи
Мархабо сад мархабо эй забони форси ,
Баъди Курон мукаддас ин забони форси.
Дар диери мо ба тороч рафт ин ширин забон,
Хаст Эрон билякин дорул амони форси,.
Саъдию Рудаки Фирдавсию Умар Хайём ,
Ин хама буданд мири корвони форси.
Форси гу гар чи този хуштараст эй хамнишин.
Пири руми суфт дурхо дар забони форси.
Форсиро дуст медорам дуоаш мекунам,
Е иллохо нест гардон душманони форси

хонанда
Афсус сад афсус!
Забони форси, хати форси бадбахттона ба точикион татбикнашаванда, чунки хати хозираи мо кирили(сирилик)

Хушбахтам, ки имконияти тамошо кардани BBC-форсӣ ва якчанд барномаҳои форсиро дорам. Аз лафзу гӯишашон ҳаловат мебарам. Онҳо филмҳои хориҷиро ба сатҳи олӣ ба форсӣ бармегардонанд, ки аз асл фарқ карда намешавад. Дар баробари онҳо барномаҳои твҳои Тоҷикистон сусту беранганд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)