Мақомоти Тоҷикистон аз пойгоҳи низомии 201-и Русия дархост кардаанд, ки барои расондани ғизо тариқи чархбол ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кӯмак кунанд.
Дар ин бора Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия хабар додааст: "Муроҷиат аз ҷониби Тоҷикистон шуд ва чархболҳои Ми-8МТВ орд, макарон, равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро ба ҷойҳои зарурӣ мерасонанд”.
Рошупкин аз барфрезию тармафароиҳои зиёд дар Тоҷикистон зикр карда, таъкид намудааст, ки то ҳол як қатор маҳаллаҳои ВМКБ дар муҳосираи барфу тарма қарор доранд.
Бино ба иттилои мақомоти тоҷик барфу тарма ба иқтисодиёти кишвар хисороти ҷиддӣ ворид карда, ҳудуди 20 кушта барҷой гузоштаанд ва то ҳол се нафар бедарак мебошад. Акс аз саҳифаи фейсбукии Хилватшоҳи Маҳмуд
Мӯҳр