Дастури насби муҷассамаи Ислом Каримов дар се шаҳри Узбакистон
Дар се шаҳри Узбакистон муҷассамаи Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини ин кишвар гузошта мешавад.
Бино ба иттилои телевизиони Узбакистон муҷассамаи Каримов дар Тошканд, Самарқанд ва Қаршӣ насб хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, президент Шавкат Мирзиёев бо тарҳи ин муҷассамаҳо шинос шуда, дастур додааст, сохтмони онҳо ва муҷтамаи ба номи Ислом Каримов то оғози ҷашни 26-солагии Истиқлоли Узбакистон ба анҷом расонда шавад.
Мирзиёев гуфтааст, “мардуми мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ номи Ислом Каримовро дар қатори чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва давлатие монанди Ҷорҷ Вашингтон, Шарл де Голл ва Мустафо Камол Отатурк мегузоранд”.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки як муҷассамаи Каримов дар шаҳри Маскав гузошта мешавад.
Ислом Каримов 2 сентябри соли 2016 дар синни 78 даргузашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |