Бахшҳо

Шодбошӣ ва насиҳати Президент ба бонувони тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 7-уми март дар Кохи Борбад бонувони кишварро бо Рӯзи модар шодбош гуфта, хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо бонувони тоҷик аз нақши занону модарон дар ободии хонадон ва саҳмашон дар корҳои давлатдорӣ тавсиф карда, изҳор доштааст, ки барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд.

Президент бо такя ба маълумоти оморӣ изҳор доштааст, ки дар низоми хизмати давлатӣ аввали соли 2017 аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ қариб 4200 нафар ё 22 фоизро занон ташкил медиҳанд: “Ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро низ занон ташкил медиҳанд. Тибқи таҳлилҳо айни замон шумораи занон дар мақомоти судии кишвар 235 нафар, Прокуратураи генералӣ 46, Вазорати корҳои дохилӣ қариб 1500, Вазорати мудофиа 400, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 24, Агентии назорати маводи нашъаовар 36, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 178 нафар, Хадамоти гумрук 107 ва Гвардияи миллӣ қариб 300 нафарро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумот аз 235 нафар занони дар мақомоти судӣ фаъолиятдошта 122 нафарашон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият доранд. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2755 нафар занон адои хизмат менамоянд, ки аксари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд. Дар маҷмӯъ, дар мақомоти судӣ 90 нафар ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 745 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд”.

Раисиҷумҳур бо таъкиди бузургии модар афзудааст, “беҳуда нест, ки гузаштагони хирадманди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад”.

Эмомалӣ Раҳмон дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад: “Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад”.

Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намудааст, ки ҳукумати кишвар ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ бояд барои муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд: “Дуюм, бо мақсади ҷалб кардани занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ дастур дода шуд, ки минбаъд ба кор ҷавондухтарону бонувони болаёқату соҳибкасбро даъват намоянд, то дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат боз як барномаи нав доир ба дастгирии занон омода гардидааст, ки рӯзҳои наздик қабул мешавад.

Раисиҷумҳур аз талошҳои ҳукумат барои соҳибкасб кардани бонувон ёдрас шуда, таъкид намудааст, ки “занону бонувони соҳиби касбу ҳунар ҳамеша рӯзгори ободу осуда доранд, ба қадри заҳмати мардон бештар мерасанд ва худашон низ ҳеҷ гоҳ хору муҳтоҷ намешаванд”.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон дар давоми бисту панҷ соли истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбиро қариб 360 ҳазор нафар духтарон хатм карда, ҳоло дар мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ 115 ҳазор нафар ва дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ қариб 5 ҳазор нафар духтарон таҳсил мекунанд: “Илова бар ин, аз соли 1997, яъне аз оғози ҷорӣ гардидани квотаҳои президентӣ беш аз ёздаҳуним ҳазор нафар духтарон бо истифода аз ин имконият ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки то имрӯз 8 ҳазору 900 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар соҳаҳои гуногун машғули фаъолият мебошанд ва қариб 2 ҳазору 700 нафари онҳо таҳсилро идома дода истодаанд”.

Президент дар хитоб ба занон насиҳат кард, ки кӯшиш кунед меҳру муҳаббатро дар қалби хеш беолоиш ва фурӯзон нигоҳ доред, оиларо асоси зиндагии худ қарор диҳед ва сабуру қаноатпеша бошед: “Аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзед ва номбардори ин Ватан ва хоки муқаддаси ниёкони хеш бошед”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)