Бахшҳо

Фуро, тоҷикира намефаҳмӣ?

Имрӯз, тахминан соати 11:15 аз маҳаллаи маъруф ба “Гипрозем” ба мусофиркаши 54+54, рақами қайди давлатиаш 6057 ТТ 01 тамғаи “Старекс” савор шудам. Як сомонӣ (ҳар рӯз то ҷойе, ки ман меравам мусофиркашҳо як сомонӣ мегиранд) дароз кардам ва ронанда пурсид:
- То куҷо?
- Гуфтам: то Сирк.

Бо шунидани Сирк ронанда шӯриду гуфт, ки Сирк намеравам, аз мошин фуро. Ман гуфтам, ки барои ман худи Сирк даркор нест, то пеши пуле, ки назди нашриёти Шарқи Озод ҳаст, то ҳамон ҷо меравам. Аммо ронанда баъди ин сухан сахттар шӯриду бо оҳанги таҳдиду зӯрӣ гуфт, ки он ҷо ҳам намеравам. Ман гуфтам, ки чӣ хел намеравӣ, ҳар рӯз ман дар ҳамин мусофиркаши 54 меравам мераваду, ту чӣ хел намеравӣ?

Ронанда бештар шӯриду гуфт, ки: “Тоҷикира намефаҳмӣ, фуро. Намеравам, ман Лучоб мерам, ҷойи гуфтагии ту намерам, то Саховат мерам”. Ман гуфтамаш, ки охир ҳамон Лучоб магар аз зери ҳамун пул намеравӣ ва ту чӣ ҳақ дорӣ, ки маро мефурорӣ? Аммо ронандаи ин мусофиркаш, ки зоҳиран ҳолати равониаш чандон дуруст набуд, сахттар ба шӯр омаду гуфт, ки “ман тура ба забони тоҷикӣ гуфтестам, ки фуро намерам. Ғайр ай тоҷикӣ ягон забони дигарро намедонам, ҳаминро ҳам ҳилла мефаҳмам. Фуро вақти мара нагир”.

Чун баъди ин қадар шӯриданҳо ва қотеона такрори “намерам-намерам”-и ронанда мутмаин шудам, ки намерафтааст (дар ин шабу рӯзҳо танзими нақлиёти мусофирбар аз дигар роҳандозӣ шудааст, гуфтам шояд аз ин хотир бошад) ва аз мусофиркаш поин шудам. Ҳангоме, ки поин мешудам, гуфтам, ки “ин чӣ тартиб аст, як рӯз меравед, як рӯз намервед”. Ронанда гуфт, ки “ира ҳукумати шаҳр кардааст, агар зӯр бошӣ ҳукумати шаҳр қатӣ гап зан”.

Чанд мусофиркаши дигари рақами 54 гузашт, бо такя ба ҳарфҳои ронандаи шӯрида онҳоро нигоҳ надоштам, ки савор шавам. Аммо барои муайян кардан як “Старекс”-и 54+54-и қарор додам, ки бипурсам меравад ё не. Ғайриинтизори ман ронандаи ин мусофиркаш гуфт меравам (ин мусофиркаш аз 5 сомонии дарозкардаам 3 сомонию 50 дирам бақия дод). Савор шудам ва қазияи чанд лаҳза пештар рухдодаро нақл кардам, аммо ронанда гуфт, ки тағйироте нест ва намедонад, ки чиро ҳамтояш маро зӯран фуровардааст.

Баъди расидан ба коргоҳ ба шумораи телефони ҶДММ “ЛТД Мусофир”, ки масъули ҳамлу нақли мусофирон дар хатсайри 54+54 мебошад, занг задам. Яке аз масъулони ин ҷамъият ҳам гуфт, ки ронанда ҳақ надошт, шуморо аз мошин поин кунад. Ин масъули ҶДММ “ЛТД Мусофир” гуфт, ки ҳоло ба ронанда занг мезанад ва қазияро равшан намуда, дигарбора ба ман занг мезанад. Аммо аз соати 12:20 то 15:20 мунтазир шудам, занге нашуд. Чанд суол ба масъулин боқӣ мемонад:
- Чаро ҳуқуқи истеъмолгари хидматрасониҳо поймол мешавад?
- Кӣ ронандаҳоро иҷоза додааст, ки мусофиронро бидуни ҳеч кадом далел (ва бо далелҳои дуруғин) аз солуни мусифркашҳо биронанд?
- То кай пулидиҳанда (мизоҷ) муттаҳами пулгиранда боқӣ мемонад?
- Оё ронанда ҳақ дорад, ки худсарона хатсайрро тағйир бидиҳад?

Ман, ҳамчун мусофир аз ҶДММ “ЛТД Мусофир” ва дигар ниҳодҳои масъул дар ҳамлу нақли мусофирон (дар шаҳри Душанбе), аз ҷумла ҳукумати шаҳри Душанбе хоҳиш мекунам, ки ба ин бархӯрди ронанда баҳои воқеии ҳуқуқӣ дода шавад ва натиҷаи он ба идораи “Озодагон” (суроғаи “Озодагон” хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, қабати аввал) ирсол шавад.

Фуро, тоҷикира намефаҳмӣ?Ҳангоме, ки ин матлаб навишта мешуд ҳамкори дигарамон гуфт, ки дирӯз мусофиркаши 28 (рақами қайди давлатиаш 4655 ТТ 01) онҳоро аз бозори Корвон бо гирифтани 2 соомонӣ (ҳол он ки бояд 1,60 сомонӣ бигирад) савор карда, бидуни огоҳии пешакӣ онҳоро дар гардиши маҳаллаи 101, ҷойе, ки сохтмони эстакадаи 82 оғоз мешавад, фуровардааст (5 мусофирро). Ба гуфтаи ин ҳамкорамон қарор буд, онҳо то маҳаллаи Испечак бираванд. Ҳамкори мо ба ронанда гуфтааст, ки ба рақами ҷамъияте, ки масъули хатсайри 28 аст, занг мезанад, вале ронанда гуфтааст, ки “куҷое, ки мехоҳӣ занг бизан”.
Худсариҳои мусофиркашҳои 28-ро чандест, ки на ҳукумати шаҳр танзим мекунаду на ҷамъияти масъули ҳамлу нақл ва на БДА-ву на ҳеч ниҳоде. Рӯзҳои шанбеву якшанбе, ки ғолибан мусофирҳо бисёранд ронандаҳои ин хатсайр мусофирони то бозорчаи “Дӯстӣ”-ву маҳалли “Политехникум”-ро савор намекунанд. Бар хилофи қарори раиси шаҳри Душанбе аз мусофирон ҳатто нисфи хатсайр 2 сомонӣ талаб мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин хатсайр қиммати роҳкиро то назди бинои БДА (ҷумҳурявӣ) 80 дирам ва аз он болотар 1 сомонию 60 дирам мебошад. Дар мавриди худсариҳои ронандаҳои мусофиркаши 28 “Озодагон” чандин матлабе ҳам нашр намуда буд ва қисме аз ронандаҳо ҳам ҷазо гирифта буданд, аммо вазъ ба ҷойи он, ки тағйир ёбад, мутаассифона бадтар мешавад.

Ҳоло ин дафъа бибинем, ки ин ронандаҳоро чӣ интизор аст?!

Мушоҳидагари “Озодагон”
Мӯҳр
умед
ронадахои №8 хамчунин мебошанд!

Вокеан як камбудии шахри мо дар хамин наклиёти мусофиркашони эхсос мешавад. Беадабии ронандагон як одати маъмулиашон хаст. Парво накунед, ин хамхамаи ронандагони беадабу бемаданият то чанд рузи дигар давом мекунаду баъд паст мешавад. Хукумати нави шахр лачоми хамаашро мекашад. Холо тайёри ба Навруз. Баъди ин хамааш дар чояш мешинад. Зеро фарханги шахрнишиниву шахрдори мачбурашон мекунад, ки ё ба коидахои Хукумати нави шахрдори итоат кунанд ё чойро холи кунанд. Аллакай сару либоси ронандагон тагйир ёфт, муомилаашон низ дигар мешавад.

Саид
Чи гуям нагуфтанам бехтар аст .

Як руз дар назди ронанда нишастам. Одамоне ки аз берун маршруткаро манъ мекарданд, ронанда интихоб мекард, Яъне нафароне ки фарбех буданд е бо кудак хастанд савор намекард. Ин чунин муйсафедонро низ савор намекард, мегуфт танхо чавононро савор мекунам ки онхо харобанду зуд мебарояд....

Камбудии вазьи наклиети шахр то замоне ки як сомони буд ягон камбуди набуд аз пузе 80 дирам вам як 1.60 кардан Мар зад ана хамин камбудие пеш ай як карора Кабул кардан фикр кардан даркор

Саид
Аз руи шуниди ман ба наздики хамашона бархам медиханд ба як чум зор мешаванд Ин ронандахо

Донишчу
Салом ба хама,
Охи саткаи базе мичозон шавем як сомон ё ин ки якуним сомон метан дар фархи сари ронанда чормагз мешиканан. Боз шарм надошта мегуяд "зохиран холати рухонии ронанда чандон хуб набуд" агар ду мусофири дигар мисли шумо бошад албатта холати рохониашон хуб намешавад.
Шумо худро дар чои ронанда гузоред ва андеша кунед. Суол кардед, ки то сирк меред? Чавоб не буд, фуро дигашда шин охи,,,
умед,

Бигзор, нархи ин микроавтобусхоро (старексхоро) расман 2 сомони кунанд ва дар баробари ин тамоми мушкилихоро ба танзим дароранд: Аз чумла:

1) Кормандони БДА назорат намоянд, ки дар ин старексхо ба чои 3 нафар 4 нафар нашинанд, дар сурати ичро накардани ин коида, ронандаро чарима намоянд;
2)Тамоми ронандахоро аз аттестатсияи тибби, аз чумла равони гузаронанд ва баъдан ичозат диханд ба рондани наклиёти чамъияти, чунки аксари онхо дагалиро раво мебинанд;
3) Хамчунин, гурухеро таъсис диханд, ки мусофирони чабрдида ба онхо арзу шикояти худро расонанд, ва дархол барои ислохи ин камбуди шаванд;
4) Ба кори пулчинакхо ноболигон рох дода нашаванд.

Ман тарафдори хама гуфтахои хамин бародарам то ба дарачае хизматрасони дар наклиётхои мусофиркаш бе тартиб шудаааст ки ба заьон гуфта намешавад хамин холат бо ман хам гирифтор шудам вале хамун ракамхои Чдмм ки дар дохили наклиёт навсита шудаги буд чанд боре ки занг задам хомуш кардаги буданд то каи ин бе адолативу хаки мардум хурии ронандагон давом мекарда бошад ...........

Ориф, Соддат мебинам, чура. Агар БДА ин корро анчом дихад, аз "доля" мемонад, охир... Тавре мегуянд: "хамаш маслихат шидагияй"...

гарени
ами шумора гуфтан цирк намерад, качаки, лочаки,плефтаи соф нафахмидемтон ё пикка?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)