Қодирӣ: ВАО барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ нақши барҷаста дорад
ВАО барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, саривақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир дорад. Ин нуктаро Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд зимни паёми табрикиаш бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик зикр кард.
Ба гуфтаи ӯ, маъмурияти Суғд бо тамоми намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ҳамкории самаранок дошта, барои пешбурди соҳоти гуногун ҳамеша аз минбари ВАО истифода менамояд: “Ҳамасола баргузор шудани озмуни “Хомаи созанда” ва тақдири рӯзноманигорон барои нигориши матолиби муҳим ва баррасии масоили доғи рӯз аз воқеияти ин ҳамкориҳои босамар дарак медиҳад”.
Оқои Қодирӣ дар идома изҳори умед карда, ки кормандони ВАО-и вилоят минбаъд низ барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон, инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешравиҳои рӯзгори мардуми вилоят саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |