Бахшҳо
10 мар 2017 09:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷаҳиши қурби доллар ва шарҳи Бонки Миллӣ

Қурби як доллари амрикоӣ имрӯз, 10-уми март дар бозори байнибонкӣ 8,08 сомонӣ ва дар бозори нақд ба 8,16 сомонӣ расидааст, ки баландтарин нишондод дар соли ҷорӣ мебошад.

Бонкҳои Тоҷикистон имрӯз қурби як доллари амрикоиро 8,14-8,16 сомонӣ ва рубли русиро 0,136-0,137 сомонӣ муайян кардаанд.

Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи ҷадид изҳор доштааст, ки “тағйирёбии аз эътидол беруни қурби пули миллӣ асосан дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд ҷой дошта, тағйирёбии қурбҳои он дар қисмати бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мӯътадил мебошад”.

Ин ниҳод бо такя ба таҳлилҳояш изҳор доштааст, ки ҳаҷми асосии хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо таври ғайринақдӣ дар қисмати бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ (дар ду моҳи соли 2017 мувофиқан 20,1% ва 68,1%) анҷом дода шуда, қарордодҳои нақдӣ бошад, ҳиссаи ночизи онро (11,8%) ташкил менамоянд: “Ин рақамҳо ба он далолат медиҳанд, ки ҳиссаи асосии талабот ба асъори хориҷӣ барои пардохти арзиши воридоти мол (кор ва хизматрасониҳо) дар ин ду қисмати бозор бо қурбҳои мубодилавӣ нисбатан устувор қонеъ гашта, ин ҳолат ба яке аз омилҳои ҳалкунандаи мӯътадил боқӣ мондани нархҳо (сатҳи таваррум) дар ин давра табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, бо мақсади барқарор кардани сатҳи зарурии самаранокии иқтисодиёт ва рақобатпазирии тиҷорат, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии давлат ва таъмини маблағгузории асъории барномаҳои муҳимтарини давлатӣ зарурияти вобаста ба қурби миёнавазни доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ якдаъфина тасҳеҳ (коррексия) кардани қимати қурби расмии доллари ИМА ба миён омад”.

Дар маҷмуъ Бонки Миллӣ изҳор доштааст, ки вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан босубот ва устувор мебошад: “Дар ҳамин давраи соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 10,6 фоиз ва қурби нақдии он 5,7 фоиз коҳиш ёфта буд, дар соли ҷорӣ бошад, коҳишёбии қурби расмӣ 1,7 фоиз ва қурби нақдии он 4,8 фоизро ташкил додааст. Аён аст, ки сурати коҳишёбии қурби расмӣ нисбати қурби нақдӣ дар соли гузашта баландтар буда, дар соли ҷорӣ бошад, ин таносуб вазъи бараксро дорад. Ин ҳолат ба он оварда расонидааст, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии сомонӣ нисбати доллари ИМА дар ҳамин давраи соли ҷорӣ аз 2 фоиз зиёд шавад. Айни замон ин ҳолат ба баландшавии қурби воқеии самараноки сомонӣ нисбати рубли русӣ ва дигар асъорҳои хориҷӣ ва пастшавии он нисбати доллари ИМА мусоидат кардааст. Нишондиҳандаи мазкур сатҳи самаранокии фаъолияти иқтисоди хориҷии кишварро дар муносибат бо давлатҳо – шарикони асосии тиҷоратӣ инъикос менамояд ва вазъи ҷойдоштаи он далели номутаносибии тавозуни савдои ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин рӯ, бояд ин номутаносибӣ, яъне баланд будани қурби воқеии самараноки сомонӣ нисбати рубли русӣ ва паст будани он нисбати доллари ИМА тавассути баланд кардани суръати коҳишёбии қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА ҳар чӣ зудтар бартараф карда шавад”.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ҳамарӯза вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ нигоҳ дошта, имрӯзҳо ва минбаъд барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ тамоми воситаю имкониятҳои заруриро дорад.
Мӯҳр
бе ном
устувории пули милли дигар намондааст.

Дахолати харчитезтари "Пешвои миллат" даркор ин рохбарони Бонки миилли хамаро расво кардан Доллар ба пеш аз кафо нарххо ин чи гап худаш?

Аҳмад
Ҳиччи нафаҳмидм .

Ай иққа гапи бисёда курси доллара поён кунед ки каппаи мардум дуд мекуна.
Ай и тараф гумруку андоз нархҳоро бардошта истодай аз тарафи дигар доллар қиммат шуда истодай ақаллан фикри мардума кунед охи.

Чадолудин
Сарофихоро бархам додан курс баландтар шуд

Саид
Эхтироми пули милли эхтироми миллат аст

Чалолудин
Зиндан аз 2500 сароф бекору дар ба дар шуд боз курс баланд шуд илтимос чоп кунед

Beaql
... Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ҳамарӯза вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ нигоҳ дошта, имрӯзҳо ва минбаъд барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ тамоми воситаю имкониятҳои заруриро дорад.
Agar obmenkahora ay sar ijozat bten hamash soz meshavad!!!!!
Qurbi as'orro bozor muayan mekunad na Бонки миллии Тоҷикистон!!!!!!!

Муаллим аз Корвон
Дар ягон бонк ҳатто 100 долларр бо нархи 850 сомонӣ ҳам пайдо намекунӣ!

Доллара ягон давлат паст кардан наметавонад кулли омин бадтар дар россия аввал 1 доллар 5 баьд10 15 30 хозир 60 мумкин то 100 шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)