Бахшҳо

Ғурбатнишини арҷманд

Дорои Дӯст

Ӯ аз диёр, аз бизангоҳ ҷомадонашро бардошту бирафт ба Олмотӣ, ба қадршиносони дониш бо мағзе саршор аз андешаҳои адабӣ ва фарҳангӣ.

Роҳаш бе ишораҳо, бе роҳнамо чун хатти шикаста буд, аммо шикастагӣ ва навмедӣ роҳнавардро бегона. Бо сахткӯшӣ ва хиради аслҷӯӣ пажӯҳишҳояшро дар заминаи Эронзамин ва пайвандҳои фарҳангии он бо даштиқипчоқиён-қазоқон бидуни чашмдоште оғоз кард, китобҳо навишту ба чоп расонд.

Худовандони мулк корҳояшро нек шинохтанд ва арҷ ниҳоданд -ба рӯи синааш нишони тилло нишонданд, синае, ки оташи ишқи хостгоҳро ҳамвора фурӯзон дорад.

Дарахти истеъдод дар киштгоҳи ғурбат борвар гардид ва донишвар чеҳраи тираи ҳаммиллатони ба вижа рӯзгори даргириҳоро дар оинаи чашму зеҳни яке аз қавмҳои туркизабон дигаргуна сохт.

Басо ситорасӯхтагони ҷаста аз заҳдони зишти тамаллуқу табаҳкорӣ солҳо дидаҳо ба минбарҳо дӯхтаанд, то даҳоне номашонро дар зумраи хушномон овоз диҳад.

Имрӯз дар ҳоле ки лӯлаҳои нафту гози Қазоқистон ба Машриқу Мағриб меравад, Сафар Абдуллоҳ ба танҳоӣ чун як маъбар ё гузорандаи тавонманди фарҳанги Эронзамин ба Дашти Қипчоқ номвар шудааст.

Замоне дар минтақае аз Қазоқистон бомби ҳастаиро меозмуданд, акнун чи хуш ки қазоқҳо фарҳанги сипеҳрандеши форсинависонро дар ҷони хеш таҷриба мекунанд.

Онон дарёфтанд, ки танҳо рӯзгори хариду фурӯши маъданҳои поёнпазири табиат нест, даврони доду ситад, асаргузорӣ ва асарпазирии сохтаҳои завқу хиради инсонҳо низ ҳаст. Миллатҳои дурандешу пештозу ҳукмрон ҳамвора дар арсаи таърих ин сиёсатро дунбол кардаанд.

Зимнан, дар доду гирифти таърихӣ Эронзамин ҳампаймонон ва ҳатто бадхоҳонашро неъмати фаровони фарҳанг додааст.

Пажӯҳидан бар бунмояи ҳақиқат расидан аст.

Пажӯҳишҳои Сафар Абдуллоҳ ба сурати кулл паёми одамият, ворастагӣ ва ишқ ба инсонҳо дорад. Онҳо аз роҳбандон, бунбастҳо, марзҳои сиёсӣ ва бадхоҳӣ гузаштанд ва чеҳраи пажӯҳандаи фарҳанггустари як инсони номусмандро бо тафаккури шоиронаву интиқодияш намоёнданд.

Ба ин андешаам, ки ин ибтикори ҷараёнсози пайвандҳои тозаи фарҳангии Эронзамину Қазоқистон дар тасмимгириҳои давлатиён ва сиёсатҳои гуногунпаҳлӯ боасар хоҳад буд.

Охир чиро дар ҷаҳоне, ки ҳар рӯз ба василаеву баҳонае пора-пораву хуншору табоҳ шудан дорад, ҳушмандони миллатҳо аз роҳи фарҳанг ҳамсӯиву ҳамдилӣ наҷӯянд ва ба дидори якдигар нашитобанд?

Бубинед, дар он ҷое, ки сиёсатмадорон радди марз мешаванд, фарҳангмадорон дар садри анҷуманҳо, дар хонаи дилҳо менишинанд. Фаротар аз ин, дидем, ки дар ҷаҳон пайкараҳои сиёсатиён фурӯ афканда ва муҷассамаҳои фарзонагон афрохта мешаванд.

Сафар Абдуллоҳ шаҳрванди қонунманди Эронзамини таърихист ва дар саросари осори пажӯҳишияш як дарди бузург нуҳуфтааст ва он дард ҳамвора бонг мезанад: он паҳно чаро замоне чунон буда ва акнун чунин гашта?

Чеҳраи шахсияти донишманд ранги ҷавҳарӣ дорад, бо рангҳои судҷӯӣ, чоплусӣ ва бандагӣ олуда нест.

Дар рӯзгор пуштаеву овозаи касеро такягоҳ насохт, балки худ касонро ҳатто дар ғурбат пуштвон гардид.

Ғурбатнишин шуд, вале дастхуши ҳаводис ва таҳнишини мурдоби зиндагӣ нагашт, бо ҳиммати воло, хирад ва ворастагӣ пешгоҳнишини арҷманд шуд.
Бо халачӯби сиёсате муҳрае дар дастгоҳи қудрате ё қудратнамое нагашт; Гарданаш аз банду чанбари ҳукмҳое кулфатборе чун “Инро бигӯй!”,”Онро бикун!” ва “Фалонро биситой!” озод аст. Хории маънавӣ ӯро бегона аст.

Ба як сухан, Сафар Абдуллоҳи чошнигири мазаи рӯзгори хеш ва бениёз аз устура сарфасли корномаи муҳоҷирони фарзона ва падидае дар гузари тунди замона бо нақше носутурданӣ аст.

Чароғи истеъдоди ин дӯсти озода ҳамвора рӯшан, мизи таҳрирашон побарҷо ва қаламашон пуррангу равону давон бод!

Дар ин базмгоҳ ба поси ин рӯз ҷоми саршори хешро аз нӯшобаи Панҷрӯд, ки аз пистонҳои сангини Чимтарға ҷӯшидаву ба дуриҳо медавад, якбора сар мекашам.

Бо умед ба тафаккури зоё ва саранҷоми хуш ба талошҳо.
Мӯҳр
Бовар кунед хамин маколаро чан бор хондам чизе нафахмидам ё ман...............,,?

Бовар мени хеч чизи нафахмидам аз ин бойкелди

барои чи ин тавр

Воқеан бисёр матлаби зебост ва ба забони бисёр ширини тоҷикӣ навишта шуда аст ! Офарин ба нависандаи ин мақола Дорои Дӯст,ки солҳо пеш мақолаҳояшонро аз Маориф ва Маданияту Газетаи Муаллимон мехондам . Дар ин мақола устод Доро ҳарфҳои дили маро ҳам гшуфтаанд.Зеро ман аз корҳои устод Сафар Абдуллоҳ то ҳадде огоҳӣ дорам.Ва ӯро аз беҳтарин олимони тоҷик медонам,ки яктана дар хидмати фарҳангу тамаддуни миллат аст! Ёдам меояд ки ҳангоми оворагиҳоям соли 1994 муддате дар Алматои Қазоқистон будам ва дар яке аз рӯзномаҳои машҳури он ҷо мақолаи чоп шуд,ки " Аз дасти гурезаҳо ба куҷо гурезем ном дошт"? ва дар он сухан аз он мерафт,ки тоҷиконе дарҳои моро мекӯбанд ва гадоӣ мекунанд ва хиёбонҳо пур аз гурезаҳои тоҷик ҳастанд,ки гадоӣ мекунанд. Ростӣ аз хондани ин мақола бисёр худро таҳқиршуда эҳсос мекардам.Ва намедонистам ки куҷо бигрезам.Вале ҳафтаи дигар дар ду саҳифаи ҳамон газет посухе чоп шуда буд,ки назари мардумро тамоман дигар кард ва ҳафтанома аз тоҷикон узр пурсида буд,ки хабарнигор иштибоҳан лӯлиҳоро тоҷик гуфта аст.Ин мақолаи Сафар Абдуллоҳ буд ,ки дар он ҳам он мақолаи қаблиро нақд карда буд ва ҳам бо далоили мустаҳкам ва илмӣ собит карда буд,ки тоҷик ҳаргиз гадоӣ накарда аст ва ҳамаи онҳое ки мебинед лӯлиҳое ҳастанд,ки дар саросари Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд ва гадоӣ аз шеваи зиндагии онҳост.Ҳам ӯ гуфта буд,ки онҳо ба Осиёи СМиёна аз ҳинд омадаанд. Ва дар охир гуфта буд,ки муалифи мақолаи қаблӣ бе он ки таҳқиқ бикунад,онҳоро тоҷик гуфта ва номи як миллати муаззаро доғдор карда аст .Дар зери имзо навишта шуда буд,ки Сафар Абдуллоҳ ведуший напучн.сотрудник АН Казахстана. Ман бо яке аз дӯстонам рафтем ӯро пайдо кардем ва сипосгузорӣ кардем.Гуфтем ,мо тоҷикем,бисёр бо меҳрубонӣ моро қабул кард ва обедамон даъват кард. Баъд аз он мо аз Қазоқистон ба Россия ва аз он ҷо ба Урупо рафтем . Вале аз ҳамон замон ба баъд ман кӯшиш мекунам навиштаҳои устод Сафар Абдуллоҳро бихонам ва ба ин шахс эҳтиром дорам. Чанд китобашро аз сойти интернетиаш гирифта хондам. Тамоми навиштаҳояш саршор аз ишқи ватан буда бисёр пурмуҳтавост.Афсғс ки дигар устодро надидам.Умедворам,ки сиҳату саломат ва шоду пирӯз бошанд. Аз фурсат истифода карда саломҳои гарму самимии худро ба эшон мерасонам.Ва бори дигар аз устод Дорои Дӯст ва "Озодагон" сипосгузорам,ки чунин матлаби зеборо ба чоп расонда аст.Бо эҳтиром Афшин РаҳимоваКухистон,

Раҳмат ба нависанда ва раҳмат ба Озодагон ! Бисёр лаззат бурдам.Нағз навиштааст ва комилан одилона ва дуруст дар ҳаққи як олими ҳақиқӣ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)