Бахшҳо
14 мар 2017 08:09Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баъди 13 сол аҳолии ҳамсояи шарқии Тоҷикистон ба 1,45 миллиард мерасад

Соли 2030 теъдоди аҳолии Чин ба 1,45 миллиард нафар мерасад. Дар ин бора Global Time бо такя ба Ван Пэйан, муовини раиси Кумитаи давлатӣ дар умури беҳдошти Чин иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Пэйан, дар сад соли оянда кишвараш бо мушкили норасоии одамон мувоҷеҳ нахоҳад шуд. Аммо авохири асри 21 теъдоди аҳолӣ то 1,1 миллиард кам мешавад.

Афзоиши теъдоди одамон дар Чин ба заъфи сиёсати демографӣ рабт дода мешавад. Мақомоти ин кишвар қоидаи “як хонавода – як кӯдак”-ро охирҳои моҳи декабри соли 2015 лағв кард. Ҳоло ба оилаҳо иҷозат дода мешавад, ки то ду фарзандро ба воя бирасонанд, агар яке аз ҳамсарон бародар ё хоҳар надошта бошанд.

Ба иттилои Global Time соли 2016 дар Чин беш аз 18 миллион навзод ба қайд расидааст.

Чин бо Тоҷикистон марзи муштарак дошта, яке аз сармоягузорҳои асосии кишвари мо дониста мешавад. Теъдоди шаҳрвандони ин кишвар ҳам дар Тоҷикистон ҳамасола меафзояд. Дар гузашта бархе соҳибназарони тоҷик бо таваҷҷуҳ ба суръати вуруди шаҳрвандони Чин ба ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.
Мӯҳр
Мухтарам кормандони Озодагон. Ба фикрам, математикаро фаромуш кардед чи?! Ба чойи 13 — 23 менависед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)