Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти намояндагони раёсати корҳои дохила ва раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят бо донишҷӯён баргузор шуд.
Ҷилавгирӣ аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни донишҷӯён, аз қабили ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ аз аҳдофи аслии ин нишаст арзёбӣ гардид.Подполковники милиса Сӯҳроб Ахмедов зимни суханронии худ аз вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят тӯли ёздаҳ моҳи соли равон маълумот дод ва таъкид кард, ки вақтҳои охир аз ҷониби донишҷӯён низ ҳуқуқвайронкунии ҷиноӣ зиёд ба назар мерасад.
Ҳамчунин, намояндаи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Аҳрорхон Хоҷаев ҷавононро барои пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ байни донишҷӯён ва иштироки фаъолона ба корҳои ҷамъиятӣ даъват кард.Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Мӯҳр