Бахшҳо

Маҳмадалӣ Ватанов: Сари буридаи Расулов асоси воқеӣ надорад

Тавре иттилоъ дода будем, бо супориши райиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон   аз 6 то 11 декабри соли равон раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов ҷиҳати аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо рафти корҳои тафтишотии қазияи  куштори ваҳшиёнаи сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия қарор дорад.


Шукурҷон Зуҳуров зимни сӯҳбатҳои худ дар ин замина иброз дошта буд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон куштори ин муҳоҷири тоҷик дар Федератсияи Русияро шадидан маҳкум намуда, аз масъулони шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия қотеона тақозо карда буд, ки сабабҳои ин ҳодисаро дар наздиктарин айём муайян ва омилони ин ҳодисаро ҳарчӣ зудтар пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашанд.

Муҳамадато Султонов, сухангӯйи МН зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов рўзҳои 6-7-8-декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт –Петербург пеш аз ҳама бо масъулоне, ки аз ин ҳодиса огоҳанд, мулоқот намуд. Ватанов бо ҳамроҳии муфаттише, ки кори ин қазияро бурда истодааст, ба ҷои воқеаи рухдода ба деҳаи «Новая»-и шаҳри Гатчино  рафта, аз наздик ошно шуданд. Деҳа дар наздикии  ҷангалзор воқеъ аст.  Автомашинаи ба тамом сӯхта маҳз аз ҳамин ҷангалзор ёфт шудааст. Гуфтанист, тағойи марҳум Бахтиёр Расулов дар ҳодисаи куштори ҷиянаш Маҳмадалӣ Ватановро ҳамроҳи дорад.

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки экспертизаи аввалин аз рўи ин  ҳодиса рўзи 10 декабр маълум мегардад.  То ба имрўз муайян шудааст, ки ҳодисаи сари буридаи шаҳрванди Тоҷикистони ягон асоси воқеӣ надорад. Танҳо пас аз ташхис дигар паҳлуҳои ин ҳодиса барои тафтишот равшан мегардад. Маҳмадалӣ Ватанов, ҳамчунин барои пурра равшанӣ андохтан ба ин қазия  бо муовинони  прокурори вилояти Ленинград Николай Егоров ва  Сергей Есипов мулоқот анҷом дод. Зимни баррасии ин масъала ҷониби Санкт-Петер бург иброз намуд, ки қазияи мазкур албатта боиси нигаронии онҳо низ гардидааст ва ягон нафари солимақлро бетараф гузошта наметавонад. Онҳо ваъда доданд, ки дар кутоҳтарин мӯҳлат омилони ин ҳодиса пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Фиристодаи Маҷлиси намояндагон ҳамзамон оиди ҳамин қазия бо муовини раиси ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург А . Марков, сардори шўъбаи робитаҳои байналмиллалӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Науменко ва сардори шўъбаи тартиботи ҳуқуқӣ шаҳри мазкур Сергей Тимофеев дидору гуфтугӯ доштааст.

Бино ба иттилои Маҳмадалӣ Ватанов, то кунун дар Санкт-Петербург  зиёда аз 74 ҳазор муҳоҷирини меҳнатии тоҷик кору фаъолият доранд. Дар ҷараёни  ин мулоқотҳо ҷониби Санкт-Петербург изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик нисбат ба дигар намояндагони миллатҳо хеле меҳнатдӯст ва ҳалиму хоксор буда, меҳнати софдилона доранд. Дар ин замина Руссия низ ба қувваи кории муҳоҷирони точик бештар ниёзманд аст ва хостори ин аст, ки тоҷиконе, ки хоҳиши кор дар кишвари онҳоро доранд, ҳадди ақал забони русиро донанд ва соҳиби касби махсусе бошанд.

Дар назар аст, ки фиристодаи парламенти Тоҷикистон, пагоҳ- рўзи 10 декабр бо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар шаҳри Маскав дидору гуфтугӯ кунад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)