Бахшҳо

Ёров: Дар як ҳафта қариб 1000 муҳоҷири тоҷикро депорт карданд

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик -- “Этмос” мегӯяд, тайи як ҳафтаи ахир наздик ба 1000 муҳоҷири тоҷик аз шаҳру вилоятҳои Русия бо ҳар баҳона ихроҷ ва ҷарима шудаанд.

Каримҷон Ёров 14 март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, кормандони “ОМОН” ва Хадамоти муҳоҷирати Русия дар кӯча, метро ва сохтумонҳои шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург муҳоҷирони меҳнатиро дошта, ҷарима мекунанд: “Дар шаҳри Санкт-Петербург барои надоштани муҳлати иқомат муҳоҷиронро ҷарима доранд, дар ҳоле ки чунин муқаррарот вуҷуд надорад. Ҳар рӯз садҳо муҳоҷирро ихроҷ мекунанд”.

Ӯ аз Исмоил Темиров, як муҳоҷири 27-солаи тоҷик мисол овард, ки 4 март ба шаҳри Маскав омадаву 10 март ихроҷ шудааст: “Ин ҷавон тамоми санадҳои лозимро ба пулис нишон додааст, вале онҳо гуфтаанд ҳуҷҷатҳояш қалбакӣ мебошад. Пулис бо баҳонаи ин ки Темиров давоми як сол аз ҳудуди Русия берун набаромадааст, ӯро ихроҷ кардааст”.

Ба қавли ҷаноби Ёров, давоми 2 рӯзи ахир дар кӯчаҳои Русия дар пайи як амалиёти вижа муҳоҷиронро “аз ғалбер”-и пулис мегузаронанд: “Қаблан дар тамоми Русия, бо истиснои Санкт-Петербург қонуни дароз кардани ҳаққи иқомат мавҷуд буд. Дар Питер муҳоҷирон танҳо бо патент кор мекарданд. Ҳоло пулис бо баҳонаи надоштани “регистрация” муҳоҷиронро ҷарима карда истодааст”.

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик -- “Этмос” меафзояд, тамдиди муҳлати ҳаққи иқомат дар сурати доштани патент ғайриқонунӣ мебошад, зеро дар Қонуни федеролии Русия дар ин бора чизе гуфта нашудааст: “Дар он навишта шудааст, ки дар сурати доштани патент дароз кардани муҳлати ҳаққи иқомат даркор нест, лекин кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Русия худсарона чунин қонунро ҷорӣ кардаанд”.

Каримҷон Ёров мегӯяд, баъди тағйири қонун “Дар бораи муҳоҷират” пулиси рус муҳоҷиронро боздошт карда, бидуни ягон далел ҷарима ва ҳуҷҷатҳояшонро ба додгоҳ мефиристад: “Ҳоло ҳамаи ин ба салоҳияти додгоҳ гузошта шуда, додгоҳ ҳамаро ихроҷ карда истодааст. Аз аввали сол баъди тағйир ба қонун танҳо як нафарро дидам, ки ҷарима шудаасту халос, боқимонда ҳам ҷарима ва ҳам ихроҷ шудаанд. Қаблан дар ҳолати қонуншиканӣ кардани муҳоҷир маротибаи аввал ҷарима шуда, бори дуюм ихроҷ мешуд”.

Ба таъкиди Ёров, дар бештари маврид муҳоҷирон аз 5 то 10 ҳазор рубли русӣ ҷарима мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Сарвар Бахтӣ, сухангӯӣ Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, дар низоми ихроҷкунии муҳоҷирон дигаргуниеро мушоҳида накардаанд.

Дар гузашта оморҳои ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия беш аз як миллион нафар мегуфтанд. Дар чанд соли ахир дар пайи тағйири қонунҳои марбут ба муҳоҷират ҳазорҳо нафар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди онҳоеро, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, 270 ҳазор мегӯянд.

Охирҳои моҳи феврали имсол расонаҳои русӣ хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба масъала афви беш аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки вурудашон ба Русия манъ шудааст, дахл кардаанд. Ба иттилои “Независимая газета”, масъалаи афви муҳоҷирони тоҷикро дар мулоқоти ду раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар миён гузошта ва Владимир Путин гуфтааст, “мо ин масъаларо баррасӣ кардем. Дар умум роҳи ҳалро ёфтем ва бар асоси тавофуқоти бадастомада бо раисиҷумҳури Тоҷикистон кор хоҳем кард”.
Мӯҳр
Бехруз
Сар шид акнун. Ин 1000 тарам дар увош куш кнен точикистонда, ку бинем хукумат чи хел мекна халки бекоркати . Хамита бисёр шидай ки чавонои бекор дар точикистон. Ай бекори рузхои охир факат байни хдшон чанг ,одамкши, банкдузди .

Беном
Як чахон ташаккур

РТ03
ИН ваъдаи оқои Путин дигар шуд ку.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)