Бахшҳо
15 мар 2017 11:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазир: Соли 2016 ҳамагӣ 229 мошини нав ворид шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 15-уми март тағйирот ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2017”-ро қабул кард, ки бар асоси он мошинҳои нав 50 дарсад аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод шуданд.

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдо зимни муаррифӣ гуфт, ҳадаф аз ин иқдом дастгирии соҳибкорон ва навсозии парки автомобилии кишвар мебошад. Ба иттилои вазир мошинҳое 50 дарсад аз пардохтҳои гумрукӣ озоданд, ки на дертар аз як соли охир истеҳсол шудаанду на бештар аз 10 ҳазор километр масофаро тай карда бошад.

Ин дар ҳолест ки соли гузашта ба Тоҷикистон мошинҳое,ки ба ин талабот ҷавобгӯянд, ҳамагӣ 229 адад ворид карда шудаанд.

Дар посух ба суоли вакил Ҷаббор Ахмедов, ки чӣ гуна ин иқдомро метавон дастгирии соҳибкорону мардум арзёбӣ кард, вазири рушди иқтисод посух дод, ки соли гузашта барои вуруди мошинҳои нав 6 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ гардид. Ба гуфтаи ӯ 50 дарсад кам кардани пардохтҳои гумрукӣ имкон медиҳад, ки соҳибкорон маблағи сарфашударо барои рушди тиҷораташон равона кунанд.

Ҳикматуллоҳзода афзуд, мошинҳое, ки аз аввали соли равон вориди кишвар шудаанд, аз ин имтиёз бархӯрдоранд.
Мӯҳр
федя
наход дар як сол 229мошин ворид шуда боша мумкин ин якрузаш боша

Ин конун ягоон зарра бар камбагалон рабт надорад, чунки мошине, ки як соли охир истехсолшудааст ана баъд 50% хаки гумрук дорад.
Гумрукро арзон кунанд хам барои буча хуб аст ва хам барои халк, гумркуро кимат карданд хаёл кардан бучет пуртар мешавад, кихатои калоон карданд кулли халк аз бизнеси мошин даст кашид чунки тамоман фоида намемонад.
озодагон чоп кунед, дар хамин масъала як коменти гарени навишта будам чоп накарде, садкатон шавым дуруга ки ёбед дар хакикат тамоман кор надоре!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)