Бахшҳо
15 мар 2017 12:14Тоҷикистон / Акс / Тема дня

АКС: Тағйироти кадрӣ дар телевизион, маориф, фарҳанг ва сохтори низомӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15-уми март дар Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо ва Кумитаи телевизиону радио тағйироти кадриро амалӣ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо қарори ҳукумат Сахидод Раҳматуллозода - Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қудрат Давлатзода ба вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҳамидуллохон Фақеров Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷӯрабоев Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Хайриддин Идиев — Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъйин гардида, Диловар Латифзода аз вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.

Ба иттилои манбаъ Зевар Давлатзода аз вазифаи Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанг таъин гардид: “Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода — муовини Вазири фарҳанг, Носир Саидов Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Садриддин Шамсуддинзода Директори муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва Субҳиддин Шамсиддинзода Директори телевизиони «Тоҷикистон» таъин гардиданд”.

Инчунин бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайати Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд: “Ба вазифаи сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, гузаронидани ислоҳоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд”.

Дафтари матбуот мегӯяд, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссарони ҳарбии Комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин командирони қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавон, таълимгирифтагони ду-се муассисаи олии таҳсилоти низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъйин гардиданд: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъули соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъйингардидаро ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид доштанд, дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд”.

Мӯҳр
мооо
Беҳтарин кадрҳо дар соҳаи телевизион таъин шуданд!!! Махусусан дар Сафина!!!

Дастгоҳ
Аҳсан ба Пешвои миллат,ки чунин кадр ба монанди Давлатзода Музаффарро ба чунин мансаб таъин намуданд

Ҳақиқа
Давлатов Музаффар кадри беҳтарин ва ояндадор

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ пештар директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳадафи ин марказ танҳо вокуниш ба мухолифон, расонаҳо ва ҳафтаномаҳои ғайридавлатӣ аст.

Офарин муборак бошад! Ба Вазифахои ба зима гузошта шуда Содикона ба халку Ватан хизмат кунед Устодони Азизу Гироми.........

Озодагон! Хуб мешуд ному насаби рохбарони раесати маорифи вилояти Хатлон ва шахру нохияхоро низ менавиштед.

Озодагон сайти кгб аст каметарияхои барзидро нашр намекунад))))

шамсиддин
Музафар давлатзода Вокеан кадри арзанда вокебин муВафак мебошад .

Дастгоҳ
Аҳсан ба Пешвои миллат ки чунин кадр ба монанди Давлатзода Музаффарро ба чунин мансаб таъин намуданд

Осмон
Давлатзода Музаффар кадри бехтарин ва ояндадор

Хакика
Ахсан ба Пешвои миллат ки чунин кадр ба монанди Давлатзода Музаффарро ба чунин мансаб таъин намуданд.

Шахрванд
Дар хакикат Давлатзода Музаффар ба хама вазифахои рохбарикунанда сазовор мебошад.Хама гуна комёбиву бурдборихоро ба он кас таманно дорам!

Rustam Rahmonov мы верим в тебя

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)