Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:13

Чӣ ҷавонони тоҷикро шомили “Давлати исломӣ” кард: Пул, дониши заифи диннӣ ё дунявӣ?

16 март 2017, 09:37

Тибқи омори прокуратураи вилояти Хатлон дар соли гузаштаи 2016 дар вилояти Хатлон 332 парвандаи ҷиноӣ, ки хусусияти террористию экстримистӣ доштаанд, боз шудааст. Гуфта мешавад аксари ин парвандаҳо барои барасӣ ба судҳо фиристода шудаанд. Шумораи дақиқи онҳое, ки дар Сурия ҳастанд бино ба омори Ҳукумати вилояти Хатлон 210 нафар мебошад, ки хабари марги дастикам 20 нафари онҳо дар ду соли охир ба наздиконашон расидааст.

Пулиси вилояти Хатлон тобистони соли гузашта дар як ҳамоиши хабарӣ гуфта буд, дар миёни сокинони вилоят, ки ҳоло дар Сурия қарор доранд занон ва ҳатто кӯдакони ноболиғ, ки шумораи онҳо 30 нафар будааст, мебошанд. Ин кӯдакон дар кӯчаҳои кишваре, ки ҳоло макони ҷаҳони терроризм номгузорӣ шудааст, роҳгум задаанд.

Маҳмадшариф Сайдалиеви 30-сола, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, соли 2015 дар рафти амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия кушта шудааст, хабари марги ӯро ба хонаводаи ин ҷавон ҳамсари ҷавони ӯ тариқи телефон расонидааст. Ашӯрмо Сайдалиева, апаи Маҳмадшариф дар як суҳбате чанде пеш гуфт, бародараш шурӯъ аз соли 2014 ба Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомад, зиндагияшон бо пули муҳоҷират хуб буд, вале худи ҳамон сол аз хонаводааш хостааст, ки ҳамсари ӯ Сарвинози 28-соларо ба наздаш Маскав равон кунанд: “Мо намедонистем, ки чӣ мақсад дорад, гуфт ки зану фарзандонамро ба наздам равон кунед, мо равонашон кардем, бехабар будем, ки чӣ кор мекунад”.

Ашӯрмо Сайдалиева мегӯяд, бародараш вақте тамос гирифта буд, дар куҷо буданашро хабар надодааст, вале ба ӯ гуфтааст, барои пайдо кардани ҷойи кори хуб бояд ба Туркия равад, аммо пешниҳоди бародарашро рад карда, вале чанде баъд аз шумораи рақами телефонаш огоҳ шуд, ки аз Сурия ба ӯ занг задаанд, на аз Туркия.



Хонаводаи Маҳмадшариф гуфтанд, ки ӯ дар як ширкати туркӣ дар шаҳри Маскав кор мекард, вале аввалан ба Туркия ва сипас ба Сурия рафтаанд, аммо онҳо дақиқ намедонад, ки кай бародарашон Русияро ба қасди расидан ба Сурия тарк кардааст. Ин оилаи ҷавони Маҳмадшариф бо ҳамсараш Сарвиноз ва 3 кӯдак аввалҳои соли 2015 аз Сурия ба хонаашон тамос гирифтаанд.

Зумрат Сайдалиева, ки чанд ҳафтаи аввал хабари марги писарашро дар Сурия намедонист, вале билохира ӯ низ кушташудани фарзандашро дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад огоҳ шуд. Ҳарчанд фишори ин пиразани 69-сола баъди ин хабари бад боло рафт, вале зуд зуд дар бозпурсии мақомоти қудратӣ қарор гирифтааст.

Ашурмо Сайдалиева аз нақли ҳамсари бародараш, гуфт, ҳар нафаре вориди кишвари ҷангзадаи Сурия мешавад ва бо мухолифони гуруҳӣ тундрави бо ном "Давлати Исломӣ" шомил мешаванд, роҳи бозгашт надоранд. Зумрат Сайдалиева, модари мотамзада, бо вуҷуди онки писари бо хуни ҷигар калонкардаашро аз даст додааст, вале умеди онро дорад, ки рӯзе набераҳояш бармегарданд, вале ҳанӯз аз заноне ки бо худ кӯдакони ноболиғ доранд аз Сурия ба Тоҷикистон бар нагаштаанд. Феълан холаи Зумрат ду чашми пур аз об дораду омадани наберагонашро интизор аст: "Ман намедонистам, ки ба куҷо рафтааст ва чӣ кор мекард. Сарам дард мекунад шабҳо хобам намебарад, келинам бо набераҳоям онҷо ҳастанд".

Холаи Зумрат мегӯяд, ки писари хурдияш, ки бояд гӯшаи тобуташро мебардошт ва бо ӯ зиндагӣ мекард, вале мушкили иқтисодӣ, бекорӣ ва зиндагии сангин Маҳмадшарифро мисли садҳо ҷавони тоҷик ба Русия бурд ва аз онҷо ба Сурия рафт.



Дар як соли охир на ҳамеша масъулини ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора суҳбат мекунанд ва танҳо назарашонро дар ҷаласаҳои хабарӣ кӯтоҳ баён мекунанд. Таҳлилгарони масоили динӣ дар Хатлон бар ин назар ҳастанд, ки азоёни ДИИШ бо қувваҳои “бузургӣ”, яъне ҳолати омодабоши худ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ “Однокласник”, “Фейсбук”, “Твиттер” ва ғайра, ҷавонони дигар кишварҳоро аз ҷумла ҷавонони тоҷикро, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ба сӯи худ мекашанд. Ин таҳлилгарон мегӯянд, ки аз ноогоҳии динии ҷавонон истифода карда, аз Ислом, бо роҳи фанду фиреб ба доми худ мекашанд, зиндагии садҳо хонаводаро хароб месозанд.

Баъзе аз коршиносони масоили иҷтимоӣ мегӯянд, ки афроде ба хотири муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Русия мераванд, бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар рафти фаъолияти корияшон дар кишвари Русия, аксарияти онҳоро аъзоёни ба ном "Давлати Исломӣ" тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшуӣ карда, ба доми фиреби худ мекашанду ба кишвари Туркия ва сипас ба Сурия бурдаанд.

Тибқи иттилои расмӣ аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки ба дасти хабарнигорон расидааст ин ҷавонон дорои дониши хуби диннӣ ва дунявӣ нестандва ҳангоми ворид шудан ба кишвари ҷангзадаи Сурия, андешаи худро тағйир дода, фикр мекунанд, ки дар роҳи ҳақ ҳастанду “ҷиҳод” мекунанд, вале рӯҳониён ин амали афроди ифротиро на“ҷиҳод”, балки хиёнат ба дини Ислом ва роҳгумзадагӣ медонад.

Домулло Усмоналӣ Нуров, муовини имомхатиби масҷиди панҷвақтаи шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ки як омили гаравиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз рӯйи ноогоҳӣ ва надонистани донишҳои диниву дунявӣ мебошад: "Мусалмон он шахсеро мегӯянд, ки саломат мемонад, аз забони ӯ ва аз дасти ӯ мусалмонҳо яъне мардум озоре намебинад. Агар Ислом тарафдори ҳамингуна амал бошад, пас мо чихел исломро олуда ба хун мекунем? Агар касе касеро бикушад ҷазои ӯ ҷаҳҳанамаст ва ғазаби Худованд болои ӯ фуруд меорад. Ислом ҳеч гоҳ инро намехоҳад, зеро дини Ислом саропо панду насиҳат аст".



Дини Ислом асло хунрезиро равон намебинад, гуфт Домулло Усмоналӣ Нуров. Сайдаҳмад Қаландаров, исломшиноси тоҷик мегӯяд, афроде ки имрӯз тундгаро мешаванд аз дини Ислом хуб огаҳ нестанд ва ин афрод, ки гӯё шаҳид мешаванд ба гурӯҳҳои тундрав мепайванданд ва ба ҷони худ хатар оварда, ояндаи худро норушан месозанд: "Дин аз ибтидо хусусияти тундгароӣ надорад, ҳамаи динҳои дунё, динҳое, ки якахудоӣ ҳастанд, мактаб ё таълимоти инсони комиланд. Дин мактаби тарбияи инсонаст, вале имрӯз ифротиён бо амалҳои нопоки худ номи поки исломро нопок месозанд".



Коршиносону мутахассисони хатлонӣ, омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мухталиф арзёбӣ мекунанд. Собирҷон Давлатов, коршиноси маҳаллӣ гуфт, “он ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ва “Салафия” мепайванданд, дур аз мактаб ва надоштани дониши хуби диннӣ ва дунявӣ мебошанд, инчунин набуди шуғл ва камбуди пайдо кардани кор дар кишвар метавонад, ки ба ҷиноят таҳрик диҳад ва шояд як омили гаравиши онҳо ба ҳизбҳои мамнӯъ шавад”. Ҳамзамон ин коршинос мегӯяд, дар тарбияи фарзанд бояд хонаводаҳо низ масъулият дошта бошанд: “Пештар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ зуд-зуд бо хонандагон дар мавриди содир кардани ҷинояту ҷинояткорӣ сӯҳбату вохӯриҳо мегузаронданд, ки чашми хонандаро тарс фаро мегирифт. Хушбахтона ин гуна вохӯриҳо бо хонандагон аз тарафи мақомот гузаронида мешавад, вале саҳми оила дар назорат бурдан ва баргадонидани фарзандони хеш, рафтан ба Сурия ва Ироқ бештар бояд бошад".

Тоҷикистон дар соли 2016 "Стратегияи мубориза бо терроризм ва экстремизм"- ро барои 5 соли оянда қабул кард, ки аз ҷониби Додситонии кул ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар кишвар Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм таъсис ёфтааст, ҳамакнун дар тамоми манотиқи кишвар, аз барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилвагирӣ аз гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ истифода хоҳанд шуд.

Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон, дар рафти нишасти хабарияш аввали соли ҷорӣ гуфт: “Давоми соли гузашта дар вилояти Хатон, тибқи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии кишвар, яъне задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ вобаста ба даст доштани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, 18 парванда дар суди вилоят, 25 парванда дар судҳои шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмӯъ 43 парванда баррасӣ гардидааст”.

Инчунин 42 парванда вобаста ба характерҳои экстремистӣ дошта, нисбати 103 афрод дар суди вилоят баррасӣ гардида, 85 парвандаи дигар ба он шахсоне рабт дорад, ки ба характерҳои террористию экстремистӣ даст доштаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, афзуд Темур Бойзода.

Дар ҳоле ки мавзӯи ширкати ҷавонони тоҷик дар “Давлати исломӣ” мояи нигаронӣ мебошад, вале тибқи иттилои Прокуратураи вилояти Хатлон дар як соли 2016 дар ин вилоят зиёда аз 300 парвандаи хусусияти террористию экстримистӣ дошта боз шудааст. Ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ҷавононе, ки аз ҳаракати мамнӯъшудаи Салафия пуштибонӣ мекарданд, боздошт шудаанд. Тибқи маълумотҳои судҳои шаҳру навоҳӣ дар ин вилоят азоёни “Гурӯҳи 24” низ боздошт ва равонаи зиндон гардидаанд.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!