Бахшҳо
16 мар 2017 14:03Тоҷикистон / Сиёсат

Лавров сармоягузории ИА дар Осиёи Марказиро сиёсӣ хонд

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ангезаи сиёсӣ дорад.

Ин нуктаро ӯ дар суҳбат бо маҷаллаи "Международная жизн" баён дошта, матни он дар сомонаи расмии ВКХ Русия бознашр шудааст. Ба гуфтаи Лавров, дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ таҷрибаи талхи иҷрои ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо ба монанди "Ҳамкории шарқӣ" мавҷуд аст.

"Ин баёнгари он аст, ки сиёсати Брюссел дар баробари кишварҳои пасошӯравӣ асосан дар рӯҳияи “бозӣ бо ҳосили ҷамъи сифр” тарҳрезӣ мешавад. Он натанҳо робитаҳои гуногунҷабҳаи чандин асраи мардуми моро ба назар намегирад, балки дар бештари маврид танҳо зидди онҳо равона шудааст", - изҳор доштааст ӯ.

Сергей Лавров афзудааст, ки баъзан ангезаи сиёсӣ доштани сармояҳои аврупоӣ ба назар расида, ҳадафи асосии ин кӯмакҳои молӣ боз кардани якҷонибаи бозорҳои минтақа ба рӯи молҳои Иттиҳоди Аврупост.

Вазири умури хориҷии Русия қайд мекунад, ки Москва тайи 10 соли ахир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 6,7 миллиард доллар кумак кардааст.
Мӯҳр
али ватандуст
шумо мардуми росияи халки моро азмак карда хамчун мардикор кор мефармоед боз болои он патенту дигар пардохтхои худро дарои мухочирати мехнати ба сари онхо бор мекунед. мардуми аврупо мардуми мард, инсондуст ,ва инсондуст хастанд. бигзор биеенд сармоягузори кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)