Бахшҳо
16 мар 2017 14:23Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ш.Зуҳуров: Ҷавонон ба “хирургия”, духтарон ба “гинекология” таваҷҷуҳ доранд

Сардори Раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, теъдоди табибони оилавӣ дар кишвар ба 4290 нафар мерасад. Шералӣ Раҳматуллоев ин нуктаро 15 март зимни муаррифии Кодекси тандурустӣ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба ҳар тибиби оилавӣ 1,5 ҳазор аҳолӣ вобаст мешавад: “Дар 1,5 ҳазор агар шумораи миёнаи хонавода 5 нафар бошад, 300 хоҷагӣ ба як тибби оилавӣ вобаст мешавад”.

Шукурҷон Зуҳуров
, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар хитоб ба Раҳматуллоев гуфт, “медонам, ки шумо ба табиби оилавӣ роҳхат медиҳед, аммо рафтан намехоҳанд, аксарият ба зурӣ рафта кор мекунанд. Намехоҳанд, зеро шароити мусоид надорем, ташкил накардем”. Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, имрӯзҳо бештари ҷавонон ба ихтисосҳои хирургия ва духтарон бошанд, ба гинекология таваҷҷуҳ доранд. Агар барои тибби оилавӣ низ шароит муҳайё бошад, хоҳишмандонаш меафзояд: “Факултае, ки тибби оилавӣ омода мекунад, бояд маъруф бошад”.

Шералӣ Раҳматуллоев дар шарҳи ба минтақаҳо нарафтани табибони оилавӣ гуфт, “аз ҳама кори мушкил ва вазнин табиби оилавӣ аст, чунки агар табиби тахассусӣ як соҳаро донад, табиби оилавӣ бояд тамоми соҳаи тандурустиро хуб донад. Дуюм маошаш кам аст”.

Аммо Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод кард, агар ба табибони оилавие, ки куҳистон меравад, аз ҳисоби ҷамоат хонаву замин дода шавад ва музди меҳнаташон зиёд карда шавад, таваҷҷуҳашон бештар мегардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)