Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 21:30

Маҳдудияти вуруди қишлоқиҳо ба пойтахт ва боздоштҳои бидуни шарҳ

17 март 2017, 15:02

Кормандони пулис дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон шахсонеро боздошт мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо зоҳири номураттабу бесомон доранд ва аз деҳот ба пойтахт омадаанд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳуҷҷати боздоштшудаҳо барои таъйини шахсият тафтиш шуда, агар маълум шавад, ки дар қайди шаҳр нестанд, ба зодгоҳашон ихроҷ карда мешаванд.

Маҳдудиятҳои расмӣ нисбати сокинони минтақаҳои Туркманистон, ки барои кор ба пойтахти ин кишвар меоянд, ҳанӯз охирҳои соли 2015 оғоз шудааст. Вуруди мошинҳои дорои рақамҳои вилоятӣ ба Ишқобод манъ ва барои нақзи ин қоида ҷавобгарии маъмурӣ таъйин гашт.

Ҳамчунин бо қарори президенти Туркманистон талаботи наве ҷорӣ шуд, ки пешниҳоди парвонаи расмии корро дар пойтахт барои сокинони вилоятҳо ҳангоми ба кор қабул шудан ҳатмӣ намуд.

Боздошт ва тафтиши меҳмонҳои Ишқобод аз шаҳру навоҳии дигари Туркманистон ба омодагии мақомот барои баргузории мусобиқаи байналмилалии "Озода-2017" рост меояд, ки қарор аст он моҳи сентябр дар пойтахти ин кишвар барпо шавад.

Талошҳои бахши хабарнигорон барои гирифтани шарҳи расмии боздошт ва ихроҷи сокинон ба иллати намуди зоҳирияшон аз пойтахти Туркманистон бенатиҷа буд.

Ин дар ҳолест, ки ҳузури қишлоқиҳо ва масъалаи сарулибоси сокинону меҳмонон дар пойтахти Тоҷикистон низ ахиран баҳсбарангез гардид ва қаблан иттилое расонаӣ шуд, ки гӯиё барои пӯшидани калӯш дар маркази Душанбе бархеро ҷарима кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана дидед, ки маслихатхои муфиди устоди мухтарам Раззоков аллакай дар давлати хамсоя амали шуда истодааст. Мо низ, агар хохем, ки пойтахти кишварамон ободу муназзаму ботартиб бошад, ба хамин чорахои вокеи хоху нохох ру меорем. Ин такозои хаёт аст....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!