Бахшҳо

Паёмҳои наврӯзии Президентҳо: Ҷашни тақсимнашаванда ба дину забонҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон як қатор роҳбарони кишварҳоро бо Иди Наврӯз шодбош гуфта, паёмҳои табрикии ҳамтоёнашро дарёфт кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишварҳои ҳавзаи фарҳангии ин иди бостонӣ, аз ҷумла ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Сарвазири ин кишвар Муҳаммад Навоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов номаҳои табрикӣ ирсол намуд.

Дар паёмҳои дарёфтнамудаи Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои ҳамсоя таъкид ба рушди ҳамкорию ҳамгироӣ шудааст.

Аз ҷумла, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!
Табрикоти самимии маро ва мардуми Қазоқистонро ба муносибати ҷашни барои халқҳоямон умумӣ-Наврӯз қабуд фармоед.
Бигзор ҷашни ба динҳову забонҳо тақсимнашавандаи Наврӯз, ки ба ваҳдату шукуфоӣ даъват намуда, ба тамоми одамон рафоҳат мебахшад, ба халқи бародари мо фараҳу иқбол орад.

Мутмаинам, ки муносибатҳои мавҷудаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар ҳамдигарфаҳмию шарикии созгор асос ёфтаанд, минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар густариш ва рушд меёбанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Эмомалӣ Шарипович дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Боиси ифтихори бузург аст, ки ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати фарорасии иди зебои баҳор, офариниш ва эҳё – Наврӯз ирсол медорам.
Наврӯз, ки бо куҳанбунёдӣ ва зебоии аҷиби худ фарқ мекунад, аз азал асолат ва қаринии тафаккур, анъана ва марому мақсадҳои неки мардумони Ӯзбекистону Тоҷикистонро таҷассум менамояд.
Фалсафаи амиқи Наврӯз моро ҳамеша ба таъмини некӯаҳволии мардумони минтақа, ҳифзи сулҳу субот ва инчунин ба эҳтироми рӯҳияи дӯстиву ҳамбастагӣ ҳидоят мекунад.
Ин ҷашн ҳамчунин рамзи ҳавасмандии мо ҷиҳати ҳаматарафа баланд бардоштани ҳамгироии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар асоси принсипҳои қавии дастгирии ҳамдигар ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн мебошад. Мутмаинам, ки муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи дарозмуддат миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ пайваста таҳким хоҳанд ёфт.
Дар ин рӯзҳои идона, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович ва ба аъзои оилаатон хушбахтиву саодатмандӣ, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон – сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъда орзу менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев дар барқияи худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми халқи тоҷикро ба муносибати иди баҳор – Наврӯз аз самими қалб табрик менамоям!
Бо ин иди таърихӣ аз қадимулайём халқҳои мо ба оянда умедҳои нек ва дурахшон баста буданд. Бигзор Наврӯз, ки рамзи эҳё ва садоқат ба анъанаҳои аҷдодони хирадманд маҳсуб мешавад, ба таҳкими минбаъдаи рӯҳияи умумӣ ва дӯстии байни халқҳои мо боис гардад.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон – сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Бо шарафмандӣ ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми бародари Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрикоти самимӣ ва таманниёти некӯаҳволӣ ва шукуфоиро ирсол медорам.
Анъанаҳои неки Наврӯз, ки онҳоро халқҳои мо дар тӯли асрҳои зиёд гироми медоштанд, имрӯз эътирофи байналмилалӣ гирифтанд. Шомил шудани Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО тасдиқи дигари беназирӣ ва аҳамияти умумибашарии ӯ гардид. Ин ҳамчунин аз ҳавасмандии пойдори мардумони кишварҳои мо ба принсипҳои олии инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ, ки ба дӯстӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва ҳамзистии осоишта даъват менамоянд, шаҳодат медиҳад.
Бигзор ин ҷашни зебои баҳор ва эҳё барои Шумо ва мардуми бародари кишваратон шодӣ, шукуфоӣ ва пешрафт орад».
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)