Сӯхтор дар утоқи қабули шаҳрвандони назди раиси парлумон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз сӯхтор дар яке аз утоқҳои бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки дар назди утоқи кории Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон ҷойгир аст, хабар доданд.
Тибқи иттилои ВКД иттилоъ дар мавриди сӯхтор 18-уми март соати 07:27-дақиқа ба Хадамоти оташнишонӣ расонда шуд: “Ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум гашт, ки дар утоқи қабули шаҳрвандон, ки дар шафати утоқи кории Раиси Маҷлиси намояндагон воқеъ мебошад, сӯхтор ба амал омадааст”.
Манбаъ афзуд, ду автомашинаи сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷои ҳодиса равона карда шуд, сӯхтор сари вақт хомӯш гардид. Масъулини оташнишонӣ мегӯянд, сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ гармшавии ноқилҳои компютерҳо мебошад: “Гурӯҳи корӣ санҷишро идома дода истодааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |