Бахшҳо
18 мар 2017 11:52Тоҷикистон / Акс

АКС: Оғози сохтмони 2 мактаби замонавӣ дар Душанбе

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе 17-уми март бо имзои паём ба наслҳои оянда сохтмони ду мактаби замонавӣ бо арзиши 91 миллион сомониро оғоз бахшид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ аз ҷумла ба сохтмони мактаби нав барои 1500 нафар хонанда дар ҳудуди литсейи рақами 55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе замина гузошт: “Ин таълимгоҳ аз 4 бинои 4 ошёна иборат буда, се қисмати он дар якҷоягӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ лоиҳакашӣ шуда, як бинои дигар дар алоҳидагӣ барои толибилмони синфҳои ибтидоӣ тарҳрезӣ гардидааст».

Шаҳрдорӣ мегӯяд, бинои ҳозираи литсей ҳанӯз соли 1937 бунёд гардида, барои 780 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда буд, вале он имрӯз дар ду баст 1674 нафар толибилмро фаро гирифтааст.

Манбаъ арзиши бунди таълимгоҳи навро 34 миллиону 165 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки соли 2017 барои сохтмони иншооти мазкур 10 миллиону 165 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар баробари ин Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба бунёди боз як таълимгоҳи нав барои 2000 хонанда санги асос гузошт: «Дар мактаб 98 синфхона тарҳрезӣ шудааст, ки аз он 84 синфхона бо 24 ҷойи нишаст, 6 синфхона барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба шумули забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, хитоӣ бо 12 ҷойи нишастӣ ҳар кадом, 2 устохонаи таълимӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, синфхона - студияи тасвирҳои зинда, расмкашӣ ва ҳайкалтарошӣ барои 12 хонанда, толори машқу тамрини гимнастика барои писарону духтарон, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 435 нафар, китобхона, духтурхона ва дигар утоқхои таълимӣ, омӯзишӣ, истироҳатӣ, маъмурӣ ва хоҷагӣ пешбинӣ шудааст».

Шаҳрдорӣ арзиши корҳои сохтмонию ороишии мактаби навро тақрибан 57 миллиону 617 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.


АКС: Оғози сохтмони 2 мактаби замонавӣ дар Душанбе

АКС: Оғози сохтмони 2 мактаби замонавӣ дар Душанбе

АКС: Оғози сохтмони 2 мактаби замонавӣ дар Душанбе
Мӯҳр
сокини Душанбе
Мухтарам Озодагонэ, чаро шахрдориро ичрокунандаи вазифа намегуед?

илҳом
дар маҳалаи гулпарвар ҳам якто мактаб шавад бисер нағз мешавад

Ашурова Махфират
Салом Радиои,Озодагон хар соат хабархои наву тозаи шуморо хонда хеле хушхол мешавам,ва метавонам тарики расонахои хабари шумо илтимосе аз шахрдорон бикунам,агар ха бошад хеле хушхолам,зеро хабари охирини шумора дар бораи 2мактаби замонави огози шуданро хондам.ман истикоматкунандаи дехаи Озодии занон,и н.Рудаки мебошам махалаи мо хеле калон аст,валле мактаб надоран чои мактаб койхо боз чудо карда шудааст,аммо шахсе пайдо нашудааст,ки ин масьулиятро ба ухда гирад,агар шумо тавонед ин масьалаи барои хаёти хазорхо шахрвандони шумо мухимро ба гуши шахрдорони мо расонед ба фикри ман ин савоб на танхо замини балки осмони мебошад,бо эхтиром шахрванде,ки хело умед дорад аз навиштани мактуби худ,ташакури пешаки,ва интизори чавобам....


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)