Бахшҳо

СҶ “Журналист” масъалаи мутобиқгардонии стандартҳои низоми кредитии таҳсилро ба баррасӣ мегирад

Имруз, 12 декабри соли 2011 ТҶ «Журналист» дар толори «Вэфа-сентр» дар мавзӯи «Мутобиқгардонии стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои журналистӣ ба низоми кредитии таҳсилот”  мизи мудаввар баргузор менамояд.


Тибқи иттилои расида масъалаи аслии ин нишаст мусоидат ба таҳияи стандартҳои нави  таҳсилоти журналистӣ ва бо ҳамин роҳ  таъмини рақобатпазирии мутахассисони соҳа аст, ки дар доираи лоиҳаи “Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои самти журналистӣ  ба стандартҳои байналмилалӣ”, аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии  Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегардад. Гузариши макотиби олӣ ба низоми дузинагӣ ва таҳсилоти кредитӣ яке аз талаботи муҳим дар Созишномаи Болония (Италия с. 1999) аст. Ба хотири ҳамгунсозии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаи таҳсилоти кишварҳои дигар, бо мақсади воридшавии баробарҳуқуқ ба фазои таълимии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи маориф,  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Қарори №698  аз  22  сентябри с соли 2004 тасмим гирифтааст, ки донишгоҳҳои ҷумҳуриро  тадриҷан ба низоми кредитии таҳсилот гузаронад.

Манбаъ афзуд, дар соли таҳсили 2008-2009 баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ки факултет ва шӯъбаҳои журналистика доранд, қисман ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд. Мутаассифона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки ихтисосҳои журналистӣ доранд, бинобар фароҳам набудани шароиту имкониятҳои зарурӣ, дар гузариш ба ин низом ба  мушкилоти зиёд рӯ ба рӯянд. Як мушкили умда то ҳанӯз мавҷуд набудани “Стандартҳои давлатии таълими ихтисосҳои журналистӣ” мувофиқи низоми кредитии таҳсилот мебошад.

Дар ҳамин ҳол, СҶ “Журналист” дар ҳамкорӣ бо роҳбарият ва устодони факултаву шӯъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳо, Вазорати маорифи Тоҷикистон, журналистон ва коршиносони соҳа тасмим гирифтаанд, ки  стандартҳои таҳсилотро дар ин соҳа омода карда, масъалаи мазкурро ҳал намоянд. Дар нишаст пас аз шунидани маърӯзаҳои мутасаддиён, коршиносон ва дастандаркорони татбиқи низоми кредитии таҳсилот, баҳсу мунозира, табодули афкор перомуни зарурати таҳияи “Стандарти давлатии таълимии ихтисосҳои журналистӣ” вобаста ба тақозои талаботи низоми кредитии таҳсилот сурат мегирад.Дар назар аст, ки барои  омодасозӣ ва таҳияи Стандартҳои таълимии ихтисосҳои журналистӣ (ихтисоси “Журналистика” ва “Журналистикаи байналхалқӣ” ва тавсияҳо барои таҳияи стандартҳои дигар ихтисосҳои журналистӣ), гурӯҳҳои корӣ созмон дода шаванд. Ба мизи мудаввар ҳудуди 40 нафар коршиносон ва мутахассисони соҳа аз донишгоҳҳо, Вазорати маорифи Тоҷикистон, созмонҳои журналистӣ ва ВАО  даъват гардидаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)