Бахшҳо

Машқҳои вокуниш ба буҳрони неруҳои амниятии Тоҷикистону Амрико

Неруҳои амниятии Тоҷикистону Амрико тамринҳои тахассусӣ анҷом хоҳанд дод. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин машқҳо, ки бо ибтикори Фармондеҳии марказии ИМА дар ҳамоҳангӣ бо оҷонсиҳои давлатии ИМА ва Ҳукумати Тоҷикистон аз 27 март то 7 апрели соли 2017 баргузор мешавад, ҳудуди 150 намояндаи Амрико ва 100 намояндаи Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард: “Машқҳо ба тадбирҳои зиддибуҳронӣ бахшида шуда, иборат аз сенарияҳои шабеҳсозишуда барои мусоидат ба фаъолияти мутобиқшудаи шарикон дар мубориза бар зидди терроризми трансмиллӣ мебошанд”.

Ҳамкории қисмҳои ҳарбӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ, таҳкими иқтидори мутақобила ва мусоидат дар суботи минтақавии дарозмуддат ва амалиёти муштарак миёни Амрико ва Тоҷикистон аз ҳадафҳои аслии ин машқҳо унвон шудааст.

Манбаъ афзуд, бештари ин тамринҳо дар машқгоҳҳои ҳарбӣ дар саросари Тоҷикистон гузаронида мешаванд. “Тавре Президент Трамп дар паёми худ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, маъмурияти Президент Трамп умедвор аст, ки “дар якҷоягӣ ҳадафҳои умумии амният ва суботи минтақавиро пеш мебаранд”. Машқҳои мазкур барои пурзӯр намудани амният ва субот дар минтақа, тавассути васеъ намудани имкониятҳо ва ҳамоҳангсозии байни нерӯҳои амнияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд”,-таъкид менамояд манбаъ.

Моҳи феврали соли равон Тоҷикистону Амрико аз 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ ҷашн гирифтанд. Аз 1,8 миллиард доллар, ки ИМА ба сифати ёрӣ ба Тоҷикистон ихтисос додааст, 262 миллион доллараш барои дастгирии бахши амният ҷудо гардидааст.

Мӯҳр
Точ
Мухтарам Ватандорон,то ба кай мо аз ИМА ва Россия яроку аслиха металбем?

Shagolahmad
"Машқҳои вокуниш ба буҳрони неруҳои амниятии Тоҷикистону Амрико" -in chi guftani gap zhurnaliston?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)