Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 1 май 2017, 09:25

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи ҷашни Наврӯз

20 март 2017, 11:19

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фатво додааст, ки таҷлили Наврӯз ҳеч мухолифате бо дини Ислом надорад.

Исфандиёр, як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки “Наврӯзро ҷашн гирифтан ҷоиз аст? Агар рафту яке аз рӯзҳои наврӯзӣ таоми хосси баҳорӣ пухта, бо омадани Наврӯз мардумро ҷамъ карда, таом диҳӣ, пас дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд?”

Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки ҷашни Наврӯз ба ягон адёни осмонӣ рабт надорад: “Дар шароити феълӣ Наврӯз ба ҳайси иди баҳор ва оғози мавсими киштукор дар тамоми кураи хокӣ истиқбол гирифта мешавад. Агар шумо ҳиммати хайрхоҳӣ дошта бошед, дар чунин рӯзҳо таомҳои гуногун омода карда, ба ятимону маъюбон расонед, бисёр кори хайр мешавад. Чунки Шариати Ислом тарафдори корҳои хайр аст ва кори хайр исроф надорад. Масале ҳаст, ки “дар хайр исроф нест ва дар исроф хайр нест”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Адёни осмониро ба корхои замини чи кор?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
[left]Фалсафа, мантиќ ва таърихи Наврўз аз он, далолат мекунад, ки Ў:
-оѓози Рўзи нав;
-оѓози Соли нав;
-оѓози Гармї ба сардї;
-оѓози Коштани донаи умед;
-оѓози гармшавии Замин барои њосили Нав;
-оѓози мувозинати Кайњон, Табиат ва Инсон аст;
-оѓози Эњёи табиат –њулул, оѓози омезиши Инсон бо табиат ва кайњон мебошад…….
Дар ин хусус нобиѓањои миллат Умари Хайём, Абурайњони Берунї, Абуќосим Фирдавсї ва Закариои Розї маълумотњо додаанд. Илми нуљум ва махсусан мунаљљимон тањќиќотњо анљом додаанд ва исбот кардаанд………..
Бахшиш Шурои уламо кори чонии худро намоянд.
Пешвои миллат инро кайхо асоснок карданд....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1⃣ Аллома Ибни Обидини Шомии Ҳанафӣ дар шарҳи "Дуррул-мухтор" овардааст:
*"Агар шахсе ибодат кунад Аллоҳро 50-сол баъд аз он ҳадя кунад мушрикеро дар рӯзи Наврӯз як тухме ба нияти иди Наврӯз ба таҳқиқ кофир мешавад ва 50-сола ибодаташ ҳабата мешавад"*
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
FARUKH TU CHI BA DINHOI OSMONI IMON NADORI MAGAR, KI CHUNIN MEGUI ? TURO BA SHARTE BARODAR MEGUYM, KI AGAR MUSALMON BOSHI ( ZERO GHAIRI MUSALMONRO BARODAR GUFTAN JOIZ NEST) BA TU GUFTANIYM HAMCHUN NASIHAT AZ BARODARI MUSALMONAT, KI IN SUKHANAT KHATOST. ZERO HAR AMALI MO BOYD MUTOBIQI DINAMON BOSHAD TO DAR DU OLAM KHUSHBAKHT BOSHEM.
Посух додан
  • Асад

  • 20 март 2017 13:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ФАСОИ БАХОР МОВУ ШУМОРО АЗ ОН ДАРАК МЕДИХАД КИ ЧИ ХЕЛЕ КИ АЛЛОХ ДАРАХТУ ГУЛУ САБЗАРО ДАР БАХОР ЗИНДА КАРД РУЗИ КИЁМАТ МОВУ ШУМОРО ХАМ ИНЧУНИН ЗИНДА МЕКУНАД...
АДЁНИ ОСМОНИРО ХУКМАШ ДАР ЗАМИН БОЯД ХАТМАН ИЧРО ШАВАД!!!
НАВРУЗИ ДАР ШАРИАТИ ИСЛОМ ХАРОМ АСТ!!!
Посух додан
  • Беном

  • 20 март 2017 15:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додани таом бо нияти наврузи раво нест вале бо нияти хайрот ё садака ишколе надорад
Посух додан
  • Tajik

  • 20 март 2017 16:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар раво мебуд кайд кардани Иди Навруз, дар Куръон дар бораи баробаршавии шабу руз ё ин, ки фасли киштукор ягон чи навишта мешуд. Аммо дар ин бора ягон чи нест. Мусулмонон танхо 2 ид доранд: Иди Рамазон ва Курбон. Иди Навруз аз оташпарасти омадааст.
Посух додан
  • Ориёи

  • 20 март 2017 20:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1300 сол точикон. эрониён ва халкхои хамсоя. ки мусулмон буданд. наврузро-яъне соли навро чашн мегирифтанд ва касе мухолиф набуд. хато халифахо дар ин чашн иштирок мекарданд. Имруз як гурух исломиёни ифротии бегонапараст аз дини ислом ва эътикоди холисонаи мардум суиисифада карда мехоханд миллати моро аз мухимтарин дороияш. яъне аз фарханг ва таърихаш махрум созанд.
Посух додан
  • Далер

  • 21 март 2017 20:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Абдулло
Агар арабе гуяд. ки бо забони точики гап задан гунох аст, Шумо аз забону миллататон ру мегардонед. Навруз соли нави миллии мо аст. он иди кишоварзон, фарорасии бахор мебошад ва ба хеч дине алокаманди надорад. Идхои рамазон ва курбон сирф араби ва пеш аз исломи мебошанд. Бегонапарасти нишони тангназари, камсаводи ва беномуси аст.
Посух додан
  • Хусравшо

  • 24 март 2017 23:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Tajik
Ифротигари ва бесаводи вокеан хад надоштааст. Агар дар Куръон дар бораи баробаршавии шабу руз чизе гуфта нашуда бошад ин маънои онро надорад,ки ин холат дар табиат рух намедихад. Дар Куръон дар бораи бисёр чизхо масалан интернет. телефонхои мобили ва гайра чизе гуфта нашудааст, магар онхо вучуд надоранд, шумо аз онхо бисёр барохат истифода мебаред. Худованд ба инсон акл додааст. акалан гох гох аз он истифода баред ва бо андешахои бесаводона ва саддалавхонаатон Куръонро паст назанед. Идхои рамазон ва курбон идхои араби мебошанд ва то ислом низ вучуд доштанд.
Посух додан
  • Сухроб

  • 25 март 2017 22:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Фаррух,
вокеият он аст, ки хамаи динхо заминианд ва онхоро одамон баровардаанд. Дар осмон танхо сайорахои бешумор ва фазои беканор аст. Дин як навъ таълимот аст дар бораи офариниши олам ва одам, ахлок ва низоми ичтимои. Тасаввуротхои дини дар бораи пайдоиши инсон ва чахон бар хилофи акоид ва дастовардхои илми хеле содда ва сирф тахаюли мебошанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҷиб таззоде! Магар бародарони афғон мусулмон нестанд, ки ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд? Онро соли нав меҳисобанд.
Дар замонҳои собиқ Шӯравӣ ҷашнҳои миллатҳоро нодида мегирифтанд, фақат ҷашнҳои давлати коммунистӣ эътибор доштанд. Акнун он давлат, ки падрӯд гуфт, шиваи таблиғу ташвиқашро муллоҳо пешаи худ кардаанд. Аз ин бармеояд, ки ҳизби коммунист ва диндорони Тоҷикистон як ҳадафро думболанд: нодида гирифтани ҷашну анъанаҳои миллӣ ба фоидаи дин. Ҳамин аст, ки террористони ДОИШ ҳар ёдгории тоисломие ки бо он дар Сурия ва Ироқ рӯбару шуданд, ҳамаашро ба хок баробар карданд. Барои ин тоифа тамаддуни инсоният ҳеч аст. Фақат тамаддуни исломӣ бошад бас.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!