Бахшҳо

Раиси “Нақлиёт”: Ронандаи дағалро рондем, назорат пурзӯр мешавад

Бародмат Муродов, раиси ҷамъияти “Нақлиёт”, маъули ҳаракати мусофирбарҳо дар хатсайри 28 гуфт, ронандае, ки аз мусофирон роҳкирои барзиёд гирифта, бар замми ин мусофиронро дағалона дар нимароҳ фуровардааст, аз ҷамъият ронда шуд.

Тибқи посухи расмии ҷамъияти “Нақлиёт”, ки зери имзои Муродов ба унвонии “Озодагон” ворид шуд, ронандаи мусофирбари рақамаш 4655тт01, ки бо мусофирон дағалӣ кардааст, Мансур Нозимов мебошад: “Рафтори Нозимов дар ҷаласаи ҷамъият муҳокима шуда, қарор қабул гардид, ки шартнома бо ӯ қатъ карда шавад. Рақамҳои қайди давлатии мошинаш ба РБДА супорида шуданд”.

Қаблан мусофирон тариқи сомонаи “Озодагон” изҳор доштанд, ки мусофиркаши 28 (рақами қайди давлатиаш 4655 ТТ 01) онҳоро аз бозори Корвон бо гирифтани 2 сомонӣ (ҳол он ки бояд 1,60 сомонӣ бигирад) савор карда, бидуни огоҳии пешакӣ онҳоро дар гардиши маҳаллаи 101, ҷойе, ки сохтмони эстакадаи 82 оғоз мешавад, фуровардааст (5 мусофирро). Ба гуфтаи мусофирони дар нимароҳ монда, қарор буд, онҳо то маҳаллаи Испечак бираванд.

Дар пайи шикояти мусофирон ба "Озодагон", Муродов посух дод, ки ба ронандаҳои ҷамъияти таҳти назораташ ҳар рӯз таъкид мекунад, ки тибқи дастурамал фаъолият кунанд, муомилаи хуб дошта бошанд ва роҳкироро барзиёд нагиранд. Ӯ афзуда, ки минбаъд назорати фаъолияти ронандаҳо дар хатсайри 28 шадидтар мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мусофирон мусофирбарҳои хатсайри 28 рӯзҳои шанбеву якшанбе, ки ғолибан мизоҷон бисёранд, аз бозори Корвон то нисфи хатсайр низ 2 сомонӣ талаб мекунанд. Аммо расман қиммати роҳкиро то ними хатсайр - назди бинои БДА (ҷумҳурявӣ) 80 дирам ва аз он болотар 1 сомонию 60 дирам мебошад.
Мӯҳр
Алишер
Назорати гуфтагии шумо танхо дар сухан аст на дар амал..... То хол ронандагони маршрути 28 аз мусофирон 2 сомони мегирад дуруг нагуед, ки назорат мекунед....

Хамаи ин гапхои пучу сафсата аст. Бо чунин чашмбандихо вазъияти наклиёт ислох намешавад...

Салом
То каи мардум шикоят кунад шумо ислох мекунаед худатон назорат кунед намешавад .

як кас нест ки худатонро назорат кунад. барои чи бакияи мардума наметиян

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)