Бахшҳо
23 мар 2017 12:48Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ясинов: Кори хосе накардем, мусофирон мардонагӣ карданд (АКС)

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳайати ҳавопаймои “Boeing737 – 300”-ро, ки 9 март дар Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дод, қадрдонӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Тоҷик Эйр” Худоёр Худоёрзода ба аъзои экипаж-Ризомов Далер, Қурбоналии Назаралӣ, Фарҳод Дустматов ва Ирина Саприкина ифтихорномаҳо ва ба сардори экипаж-Абдурашид Ясинов унвони , “корманди фахрии нақлиёт” додааст.

Ба иттилои манбаъ Худоёр Худоёрзода дар хитоб ба Абдурашид Ясинов ва ҳайати экипаж изҳор доштааст, ки шинондани ҳавопаймо бо чархи кафида кори осон нест: “Ин нафарон сазовори тавсифанд. Фармондеҳи ҳавопаймо кори худро олӣ анҷом дод. Аз роҳбарияти “Тоҷик-Эйр” хоҳиш мекунам, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро барои пешбарии Абдурашид Ясинов ба гирифтани мукофоти давлатӣ пешбарӣ кунанд. Боварӣ дорам, ҳукумати кишвар ин ташаббуси моро дастгирӣ хоҳад кард”.

Ясинов дар навбати худ изҳор доштааст, ки кори хосе накардаанд танҳо вазифаи худро анҷом додаанд: “Имрӯз ҳама моро тавсиф мекунанд, мо дар навбати худ аз мусофирон барои эътимод ба мо, якдигарфаҳмӣ ва мардонагӣ миннатдорем”.

Нишасти изтирории Boeing737 – 300 дар фурудгоҳи Хуҷанд 9-уми март сурат гирифт. Ҳавопаймои мазкур аз шаҳри Хуҷанд ба Маскав парвоз дошта, дар Тароз барои гирифтани сӯзишворӣ фуруд омадааст. Ҳангоми парвоз аз Тароз чархаш осеб дидааст ва ҳавопаймо ба Хуҷанд баргашт.


Ясинов: Кори хосе накардем, мусофирон мардонагӣ карданд (АКС)

Ясинов: Кори хосе накардем, мусофирон мардонагӣ карданд (АКС)

Ясинов: Кори хосе накардем, мусофирон мардонагӣ карданд (АКС)

Ясинов: Кори хосе накардем, мусофирон мардонагӣ карданд (АКС)

Ясинов: Кори хосе накардем, мусофирон мардонагӣ карданд (АКС)

Ясинов: Кори хосе накардем, мусофирон мардонагӣ карданд (АКС)

Ясинов: Кори хосе накардем, мусофирон мардонагӣ карданд (АКС)
Мӯҳр
Вали
Рахмат бародар шумо сазовори тахсин хастед мо бо шумо барин часурон ифтихор дорем.

Саидбилол
Ташаккури фаровон барои чунин часури ва комёби.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)