Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:03

Тоҷикон дар Наврӯз ба маскавиҳо палови ройгон медиҳанд

24 март 2017, 14:12

Тоҷикони Маскав ва намояндаҳои ҷамъиятҳои миллии тоҷикон ба шарафи Наврӯз ба сокинон ва меҳмонони пойтахти Русия палави ройгон медиҳанд.

Хуршеда Ҳамроқулова, раҳбари шӯрои “Маркази фарҳангии тоҷикон” ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ҷамъиятҳои тоҷикон як дег оши палавро барои сокинон ва меҳмонони Маскав ройгон тавзеъ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом бар асоси анъанаи наврӯзӣ роҳандозӣ мегардад.

Барои аввалин бор гӯшаи “Ойини палавпазӣ" боз мешавад, ки дар оташ табиӣ бештар аз 10 дег оши палав таҳия мегардад. Қарор аст аз 100 кг биринҷ палав омода кунанд. Ба гуфтаи хонум Ҳамроқулова, имкон дорад шумораи дегҳо биафзояд, зеро то кунун дархостҳои зиёде ворид шудааст.

“Наврӯз як ҷашни эҳсонкорист ва мо ба ифоқа расидаем, ки нархи оши палав бисёр гарон набошад”,-гуфтааст раҳбари шӯрои “Маркази фарҳангии тоҷикон” дар нишасти матбуотии шаҳрдории Маскав.

“Наврӯзи Маскав” соати 13:00-и рӯзи 1-уми апрел дар Намоишгоҳи дастовардҳои мардумӣ (ВДНХ) оғоз ёфта, то соати 20:00 давом мекунад. Ҳукумати Маскав гуфтааст, имкон дорад бештар аз 3 ҳазор меҳмон ба Наврӯз ташриф биоваранд. Вуруд ба ҷашни Наврӯз ройгон аст.

Ҳамчунин дар назар аст, дар баробари Наврӯз маросими намоиши сару либос ва анъаноти мардумони ҳавзаи Наврӯз низ баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол, Хуршеда Ҳамроқулова изҳор дошта, ки имсол дар наврӯзи Маскав куштигирӣ намешавад, зеро толоре, ки барои куштигирӣ пешбинӣ шудааст, баро кадом як намоиши дигар масруф будааст.

Хонум Ҳамроқулова афзуда, соли гузашта маросими куштигирӣ норизоятии зиёдеро дар миёни намояндаҳои дигар миллатҳо ба бор овард, ки чаро навъҳои варзишии онҳо вориди Наврӯзи Маскав нашудаанд.


Акс аз бойгонӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!