Бахшҳо

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи “лото” ва маслиҳат ба Лола

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қимор ҳар навъ бозиеро мегӯянд, ки дар он маблағе ба шарт дода ва гирифта мешавад.

Шӯрои уламо ба Лола, як зан, ки шавҳараш пойбанди лотобозӣ шудаасту аз ӯ маблағ талаб мекунад, маслиҳат чунин маслиҳат додааст: “Шавҳари шумо ҳақ надорад, ки молу ашёи зарурии хонаро дар кори ҳаром сарф кунад ва барбод диҳад. Агар шумо ӯро дар ин кор кумак кунед, худатон низ дар ин гуноҳ шарик мешавед. Ягона роҳи ислоҳи чунин бемориҳо тарбияи динӣ мебошад, чунки бисёр касоне, ки ба ин гуна бемориҳо мубтало буданд, ба василаи ин дини инсонсоз ислоҳ шуда, мардони неку хайрхоҳ гардиданд. Шумо кӯшиш кунед, ки шавҳаратон бо афроди хайрхоҳ робита дошта бошад ва аз рафиқони бад канора ҷӯяд. Агар натиҷае ба даст наомад, метавонед, ки ба идораҳои дахлдор муроҷиат намоед. Албатта дар ҳар намоз барои ислоҳи шавҳаратон дуо кунед, умед аст, ки ҳидоят меёбад. Худованд ба шавҳаратон тавфиқу ҳидояти комил насиб гардонад ва ба хонадони шумо хушиҳои рӯзгор ато фармояд”.

Ин ниҳод ба суоли корбари дигари сомонааш, ки оё лото қимор аст, изҳор доштааст, қимор ҳар навъ бозиеро мегӯянд, ки дар он маблағе ба шарт дода ва гирифта мешавад: "Қиморбозӣ бо далели қуръонӣ ҳаром аст, чунонки Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст; пас, аз вай дурӣ кунед, то бувад ки растагор шавед”. (“Анъом”, 90) Анҷом додани ин амал гуноҳи кабира аст, чунки василаи хӯрдани моли мардум бо роҳи фиребу ҳаром мебошад, ҳол он ки Худованд фармудааст: “Эй мӯъминон, амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ махӯред”. (“Нисо”, 29) Гуноҳи қимор чунон сангин аст, ки ҳатто даъват ба он боиси гунаҳгор шудани гӯяндааш мегардад. Чунонки Расули Худо (с) дар ин ҳадис фармудааст: “Агар шахсе ба рафиқаш гӯяд, ки “биё қимор бозем”, пас бояд, ки садақае диҳад”. (Ривояти Бухорӣ) Яъне гӯяндаи ин сухан чизе садақа диҳад, то ки гуноҳаш бахшида шавад. Қиморбозӣ дар баробари гуноҳи кабира будан зарарҳо ва паёмадҳои ногувори зиёде дорад. Аз ҷумла: василаи ба даст овардани мол бо роҳи ҳаром, зоеъ кардани вақт ва умри гаронмоя, аз даст додани баракати зиндагӣ, зоеъ кардани намозҳои фариза ва дигар воҷиботи шаръӣ, ғофил мондан аз ёди Худо, барбод додани молу сарват ва хонаву кошона, барангехтани кинаву адоват ва душманӣ. Агар дар бозии лото ва дигар навъҳои бозӣ маблағе гузошта шавад, пас он ҳам қимор ба ҳисоб меравад ва тибқи ояти қуръонӣ ҳаром мебошад. Вале агар бидуни маблағ анҷом дода шавад, пас як навъ лаҳв ва кори беҳуда ба шумор рафта, боиси зоеъ шудани умри гаронмоя мебошад. Фарди оқил ва огоҳ набояд, ки вақти худро дар корҳои беҳуда сарф кунад ва аз масъулияти инсонӣ ва шаръӣ, ки дар зимма дорад, ғофил бошад, балки барои ободии хонаву кишвар ва дунёву охираташ саъйу талош намояд”.
Мӯҳр
Клиенти банк
Мо хам савол дорем ба уламо: ое пулро дар бонк нигох дошта аз он фоиз хурдан раво аст?

Devona
Клиенти банк,
Agar hamun foidaro ba mulloho dihed, ravo ast!

BA MUHTARAM ( DEVONA ) KHOHARI YO BARODARI?! AZ KHUDO BITARS! IN GUNA SUKHAN NAGU, ZERO HAR SUKHANE, KI MO MEGUYEM MALOIKAHO ONHORO MENAVISAND VA PURSIDA MESHAVEM, CHIGUNAKI DAR SURAI ( QOF OYTI 18 ) HAST.
VA DOMULO JAVOBI BISYOR KHUB DODAAST BO DALELHOYSH. HAQRO BOYD KASE, KI MEGUYD QABUL KUNEM. ALBATTA DOMULOHOHAM BEKHATO NESTAND, LEKIN ONCHIZERO, KI QAQIQATAST MEPAZIREM.

али
Муфти бигуед ки хаиин киморхонахоро ичозат додаанд гунахкоранд?манзурпм ин ки киморхонахо сабти ном шудаанд ва ба давлат андоз месупоранд,хукуматдороне ки ичозаи фаъолият додаанд гунахкоранд ё на?

Мусульмане
Агар хуб мешуд да давлати моям ҳамихали ҷои қиморбозиҳо баста мешуданд ба мисли (букмекеркий контораҳо, лото .......) давлати Қирғизо бо дастгирии депутатову шуроҳои уламои худ қонунеро қабул карданд ки тамоми намуди қимор дар дохили давлат фаъолияташон қатъиян манъ аст кош дар мо ҳам чунин мешуд бисёр хуб мешуд ин як ҷабр бар киссаи халқ аст илтимос озодагон чоп кунен

Цитата: Devona
ое пулро дар бонк нигох дошта аз он фоиз хурдан раво аст?

Бародари азиз дар сомонаи МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН даомада саволи худро деҳ https://shuroiulamo.tj
озодагон илтимос чоп кун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)