Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 104 Эълони 33 касби мамнуъ барои муҳоҷирони меҳнатӣ » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 15 август 2020, 20:49

Эълони 33 касби мамнуъ барои муҳоҷирони меҳнатӣ

27 март 2017, 15:32

Мақомоти вилояти Новосибирск ба 16 касби мамнуъ барои муҳоҷирони меҳнатӣ 17 адади дигарро зам намуда, дар маҷмуъ фаъолияти муҳоҷиронро дар 33 соҳа мамнуъ карданд.

Тибқи қарори нави Владимир Городетский, губернатори вилояти Новосибирск, ки ҳафтаи гузашта қабул шуд, ба 17 соҳаи нави мамнуъ барои муҳоҷирон омодасозӣ ва фурӯши яклухти машруботи спиртӣ, доруворӣ, маҳсулоти тамоку, фурӯши яклухти чӯбу тахта ва нигоҳубини маъюбону кӯдакон шомил мебошанд.

Моҳи августи соли 2016 губернатори Новосибирск кори муҳоҷиронро дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон, боғча, мактабҳо, соҳаи хӯроки кӯдакон, истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва мусофирбарӣ манъ карда буд.

Ба иттилои манбаъ ин маҳдудиятҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон Озарбойҷон, Украина ва Молдова мебошанд.

Надежда Светкова, муовини вазир, сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Новосибирск шарҳ додааст, ки маҳдудиятҳо ба муҳоҷирон аз кишварҳои Иттиҳоди Авруосиё ва хориҷиёне, ки ба воситаи квота ё тибқи қарордод даъват шудаанд, дахл надорад.

Светкова ҳадафи асосии маҳдудиятро таъмини бехатарӣ аз амалҳои террористӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон, махсусан кӯдакон хондааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!